https://sputnik.tj/20220705/voridot-moshin-tojikiston-afzoish-1049748053.html
Воридоти мошин ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст
Воридоти мошин ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон ҳаҷми воридоти воситаҳои нақлиёт аз аввали соли 2022 нисбат ба соли 2021 қариб 30% афзоиш ёфтааст, аммо содирот кам гаштааст
2022-07-05T10:34+0500
2022-07-05T10:34+0500
2022-07-05T15:24+0500
дар тоҷикистон
воридот
нақлиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101574/01/1015740183_0:85:1600:985_1920x0_80_0_0_feedd785e2e0f8965a8e27f3c081e470.jpg
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Тоҷикистон воридоти мошинҳоро афзоиш додааст. Дар ин бора Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ хабар медиҳад. Ҳамин тариқ, дар панҷ моҳи соли 2022 ҳаҷми воридоти воситаҳои нақлиёт беш аз 15,5 миллион долларро ташкил дод. Ба иттилои манбаъ, афзоиши воридот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27,3 фоизро ташкил додааст. Тибқи омор, дар бозори дохилӣ ба маблағи беш аз 3,2 миллиард сомонӣ мошин фурӯхта шудааст. Дар ҳамин ҳол, аз содироти мошинҳо беш аз 3,2 миллион доллар ба даст оварда шудааст, ки нисбат ба соли 2021 1,6% камтар аст. Маврид ба зикр аст, ки дар кишвар автобусҳои мусофиркашонӣ ва тракторҳо барои хоҷагии қишлоқ васл мешавад.Тоҷикистон ҳамзамон барои рафъи ҳавои олуда барномаи воридоти мошинҳои барқиро рӯйи даст дорад, ки барои воридкунандагон сабукиҳо, аз ҷумла озод кардан аз боҷи гумрукиро пешкаш мекунад. Бар асоси ин тағйирот воридоти мошинҳои барқӣ, автобусҳои барқӣ, троллейбусҳо ва мошинҳои шабеҳ ба муддати 10 сол аз пардохти боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.
https://sputnik.tj/20220314/tojikiston-voridot-naqliyot-barqi-boj-ozod-1046774646.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101574/01/1015740183_88:0:1512:1068_1920x0_80_0_0_336abf686fd2d673f90e6d94848457ed.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
воридот мошин тоҷикистон
Воридоти мошин ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст
10:34 05.07.2022 (Навсозишуда: 15:24 05.07.2022) Дар Тоҷикистон воридоти воситаҳои нақлиёт аз аввали соли 2022 нисбат ба соли 2021 қариб 30% афзоиш ёфтааст, аммо содирот кам гаштааст
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Тоҷикистон воридоти мошинҳоро афзоиш додааст. Дар ин бора Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Ҳамин тариқ, дар панҷ моҳи соли 2022 ҳаҷми воридоти воситаҳои нақлиёт беш аз 15,5 миллион долларро ташкил дод.
Ба иттилои манбаъ, афзоиши воридот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27,3 фоизро ташкил додааст.
Тибқи омор, дар бозори дохилӣ ба маблағи беш аз 3,2 миллиард сомонӣ мошин фурӯхта шудааст.
Дар ҳамин ҳол, аз содироти мошинҳо беш аз 3,2 миллион доллар ба даст оварда шудааст, ки нисбат ба соли 2021 1,6% камтар аст.
Маврид ба зикр аст, ки дар кишвар автобусҳои мусофиркашонӣ ва тракторҳо барои хоҷагии қишлоқ васл мешавад.
Тоҷикистон ҳамзамон барои рафъи ҳавои олуда барномаи воридоти мошинҳои барқиро рӯйи даст дорад, ки барои воридкунандагон сабукиҳо, аз ҷумла озод кардан аз боҷи гумрукиро пешкаш мекунад.
Бар асоси ин тағйирот воридоти мошинҳои барқӣ, автобусҳои барқӣ, троллейбусҳо ва мошинҳои шабеҳ ба муддати 10 сол аз пардохти боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.