Қалъаи қадима дар Кӯлоб барқарор мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевВорота в Куляб
Ворота в Куляб - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2022
Обуна шудан
Шаҳри Кӯлоб чун яке аз шаҳрҳои қадимии суннатии тоҷикон дар тӯли таърихи 2700-солаи худ борҳо бозсозӣ гашта, тарҳи он тағйироти куллӣ дидааст
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Барқарорсозии қалъаи бостонии шаҳри Кӯлоб дар доираи омодагиҳо ба истиқболи 35-умин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон сурат гирифта истодааст.
Ба иттилои мақомоти Кӯлоб, то арафаи ҷашни мазкур бунёди 462 адад иншооти гуногун дар назар аст. Таъкид шудаст, ки феълан дар зиёда аз 100 иншооти шаҳр корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Дар ин феҳраст аз сохтмони қалъаи Кӯлоб зикр шуд, ки дар шафати маҷмааи 2700-солагии шаҳри мазкур ва Осорхонаи таъриху кишваршиносӣ бунёд гардида истодааст.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон в сопровождении Президента Узбекистана Шавката Мирзиёева посетили исторические памятники в комплексе Ичан-кала - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2022
Дуохонии Раҳмон ва Мирзиёев дар масҷиди Хева ва боздидашон аз қалъа - акс
Худойдод Зуҳуров, масъули Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо изҳор доштааст, ки барои анҷоми муваффақонаи корҳои сохтмонӣ беҳтарин ширкатҳои сохтмонии ватанӣ бо мутахассисони варзида ҷалб карда шудаанд.
"Дар айни замон беш аз 60 нафар коргарон ба корҳои андоваю оҳану бетонӣ ва бунёди деворҳои қалъа машғуланд. Коргарон аз маҳсулоти босифати сохтмонӣ ва техникаи соҳавӣ васеъ истифода мебаранд", - таъкид кардаст Зуҳуров.
Ӯ илова намудааст, ки мутахассисони фармоишгар, ки Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди иншооти инфрасохтори иҷтимоӣ мебошад, ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва сифати онро назорат мебаранд.
Зикр гардидаст, ки бозсозии ин қалъа дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва муаррифии таъриху фарҳанги сокинони ин минтақа нақши муҳим хоҳад дошт.
Лентаи хабарҳо
0