https://sputnik.tj/20220603/duokhoni-rahmon-mirziyoev-khiva-aks-1048925713.html
Дуохонии Раҳмон ва Мирзиёев дар масҷиди Хева ва боздидашон аз қалъа - акс
Дуохонии Раҳмон ва Мирзиёев дар масҷиди Хева ва боздидашон аз қалъа - акс
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Хива боздид карда, дар масҷиди ҷумъахонӣ ва оромгоҳи Паҳлавон Маҳмуд дуо хонданд
2022-06-03T21:00+0500
2022-06-03T21:00+0500
2022-06-03T21:00+0500
ӯзбекистон
фарҳанг
эмомалӣ раҳмон
шавкат мирзиёев
боздид
ёдгорӣ
масҷид
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/03/1048923615_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_a51494f344c995fd37fe560092003a3a.jpg
ДУШАНБЕ, 3 июн – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон аз мавзеи таърихии шаҳри Хева Ичан-Қалъа боздид карданд. Бар асоси иттилои расмӣ, роҳбарони давлатҳо аз дар қалъа аз Калтаминор, қасрҳои Куня-арк ва Тошовли дидан карда, дар ҳузурашон дар масҷид ва оромгоҳи Паҳлавон Маҳмуд оятҳои Қуръон ва дуо хонда шуд.Ба иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Хева яке аз қадимтарин шаҳрҳои Ӯзбекистон буда, дар тӯли таърих барои инкишофи маданияти маънавӣ ва моддии мардум саҳми арзанда дорад."Хева яке аз марказҳои сайёҳии байналхалқӣ эътироф гардида, дар шаҳр зиёда аз 120 ёдгории меъморӣ нигоҳ дошта мешавад. Қисми қадимаи он, Ичан - қалъа то замони мо бегазанд боқӣ мондааст", - омадааст дар иттилоия.Ёдгориҳои нодири Хева маҳсули эҷодии кори ҳунармандони маҳаллӣ мебошад, ки анъанаҳои чандинасраи меъмории Хоразми Қадимро ба мерос мондаанд.Зикр шудааст, ки моҳи декабри соли 1990 Ичан-Қалъа дар Осиёи Марказӣ ҳамчун мероси фарҳангии ҷаҳонӣ эътироф шуда, ба Рӯйхати мероси моддии ЮНЕСКО дохил карда шудааст.Деворҳои Ичан-Қалъа, ки борҳо вайрон ва бозсозӣ шудааст, 2200 метр дарозӣ, 7-8 метр баландӣ ва 5-6 метр паҳноӣ дар таҳкурсӣ доранд. Дар пайи сайру тамошо Эмомалӣ Раҳмон ба Шавкат Мирзиёев ва бостоншиносон барои муаррифии шоистаи шаҳри қадимаи Хева изҳори сипос карда, ба мардуми дӯсти ӯзбек дар роҳи гиромидошти арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ комёбиҳо орзу намуд.
https://sputnik.tj/20220603/safar-rahmon-uzbekiston-mirziyoev-1048908201.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/03/1048923615_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_c3131d16846c19a5999ae9928ec9d9e8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
боздид, раҳмон, мирзиёев, масҷид, оромгоҳ, хива
боздид, раҳмон, мирзиёев, масҷид, оромгоҳ, хива
Дуохонии Раҳмон ва Мирзиёев дар масҷиди Хева ва боздидашон аз қалъа - акс
Роҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Хева боздид карда, дар масҷиди ҷумъахонӣ ва оромгоҳи Паҳлавон Маҳмуд дуо хонданд
ДУШАНБЕ, 3 июн – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон аз мавзеи таърихии шаҳри Хева Ичан-Қалъа боздид карданд.
Бар асоси иттилои расмӣ, роҳбарони давлатҳо аз дар қалъа аз Калтаминор, қасрҳои Куня-арк ва Тошовли дидан карда, дар ҳузурашон дар масҷид ва оромгоҳи Паҳлавон Маҳмуд оятҳои Қуръон ва дуо хонда шуд.
Ба иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Хева яке аз қадимтарин шаҳрҳои Ӯзбекистон буда, дар тӯли таърих барои инкишофи маданияти маънавӣ ва моддии мардум саҳми арзанда дорад.
"Хева яке аз марказҳои сайёҳии байналхалқӣ эътироф гардида, дар шаҳр зиёда аз 120 ёдгории меъморӣ нигоҳ дошта мешавад. Қисми қадимаи он, Ичан - қалъа то замони мо бегазанд боқӣ мондааст", - омадааст дар иттилоия.





Ёдгориҳои нодири Хева маҳсули эҷодии кори ҳунармандони маҳаллӣ мебошад, ки анъанаҳои чандинасраи меъмории Хоразми Қадимро ба мерос мондаанд.
Зикр шудааст, ки моҳи декабри соли 1990 Ичан-Қалъа дар Осиёи Марказӣ ҳамчун мероси фарҳангии ҷаҳонӣ эътироф шуда, ба Рӯйхати мероси моддии ЮНЕСКО дохил карда шудааст.
Деворҳои Ичан-Қалъа, ки борҳо вайрон ва бозсозӣ шудааст, 2200 метр дарозӣ, 7-8 метр баландӣ ва 5-6 метр паҳноӣ дар таҳкурсӣ доранд.
Дар пайи сайру тамошо Эмомалӣ Раҳмон ба Шавкат Мирзиёев ва бостоншиносон барои муаррифии шоистаи шаҳри қадимаи Хева изҳори сипос карда, ба мардуми дӯсти ӯзбек дар роҳи гиромидошти арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ комёбиҳо орзу намуд.