Толибон беш аз 23 миллион вебсайтро бастанд

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкВход в интернет, архивное фото
Вход в интернет, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2022
Обуна шудан
Ҳукумати муваққати толибон эълон кардааст, ки дар як соли гузашта беш аз 23 миллион вебсайтро дар Афғонистон филтер намудааст
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Аз замоне ки толибони қудратро дар Афғонистон ба даст гирифтанд, ин ҳукмат 23 миллиону 400 ҳазор вебсайтро ба далели намоиши муҳтавои ғайриахлоқӣ масдуд кардааст, гуфтааст Наҷибуллоҳ Ҳаққонӣ, сарпарасти Вазорати иртибототи ҳукумат толибон.
Вай гуфт, сомонаҳои интерентӣ ҳар бор сафаҳоти худро тағйир медиҳанд бинобарин, ҳангоме ки як веб сайтро масдуд мекунед, веб сайти дигаре фаъол хоҳад шуд.
Сарпарасти вазири иртибототи ҳукумати толибон изҳор дошт, ки қимати интернет коҳиш ёфта ва аз рӯзи гузаштаи ин тағйироти эъмол шудааст.
Ученики в классе школы для бывших беспризорных детей Aschiana в Кабуле  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2022
Ҳаққонӣ: Баста шудани мактабҳои духтарона ҳамешагӣ нест
Аҳмад Масъуд Латифроӣ, муовини вазири иртибототи ҳукумати муваққати толибон низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба далели тамоюли надоштан ба ҳамкорӣ бо мақомоти толибон дар заминаи таъдили муҳтаво интиқод кард.
Ёдовар мешавем, ки авоили моҳи августи 2021 толибони ҳамалоти худ алайҳи нерӯҳои давлатии Афғонистонро афзоиш доданд.
15 августи соли гузашта нерӯҳои ин гурӯҳи ворид шаҳри Кобул шуданду назорати Кохи раёсатҷумҳуриро ба даст гирифтанд. Сипас гузориш шуд Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон кишварро тарк кардааст.
Бомдоди 16 августи соли 2021 толибон эълом карданд, ки ҷанг дар Афғонистон ба поён расида аст ва шакли ҳукумати ояндаи Афғонистон ба зудӣ мушаххас хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0