https://sputnik.tj/20220805/haqoni-basta-shudani-maktab-dukhtarona-1050503736.html
Ҳаққонӣ: Баста шудани мактабҳои духтарона ҳамешагӣ нест
Ҳаққонӣ: Баста шудани мактабҳои духтарона ҳамешагӣ нест
Sputnik Тоҷикистон
Як узви аршади толибон мегӯяд, ки баста мондани мактабҳои духтарона дар Афғонистон ҳамешагӣ нахоҳад буд ва дар оянда ҳатман дубора ифтитоҳ хоҳанд шуд
2022-08-05T11:00+0500
2022-08-05T11:00+0500
2022-08-05T12:36+0500
афғонистон
осиёи марказӣ
толибон
мактаб
духтарон
мушкилот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/12/1041716203_0:105:3069:1831_1920x0_80_0_0_a5688362bfeaad593a574cf54ab0198b.jpg
ДУШАНБЕ, 5 август — Sputnik. Анас Ҳаққонӣ, узви баландпояи ҳукумати толибон дар гуфтугӯи вижа бо “TOLOnews” гуфт, ки пас аз расидаигӣ ба бархе аз корҳо, аморати исломӣ ин мушкилро аз миён хоҳад бардошт, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон."Ин ҷо як низом аст ва усулу асосот дорад. Ман умед дорам, ин масаъала, ки бакайфият аст ё ба тарзуламал, ҳар чӣ, ки боқмонда, ҳал мешавад. Қисми дигари масоил ҳам боқӣ мондааст. Аммо масоил ин гуна нест, ки доимӣ бошад ё нима боқӣ монад, тамоми он ҳал хоҳад шуд", - гуфт ӯ.Қобили зикр аст, ки бастаи мондани мактабҳои духтарона дар як соли пасин яке аз нигаронӣҳои ҷаддӣ дар даруну берун аз Афғонистон будааст.Бо он ки ҳамвора ваъда барои бозгушоии мактабҳо аз сӯии аъзои баландпоя толибон дода шудаанд, аммо то кунун ин ваъдаҳо амалӣ нашудаанд.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш созмони Афви Байналмилал гузориш дода буд, ки зиндагии занони Афғонистон зери султаи толибон вайрон шудааст.Бар асоси ин гузориш, занон дар посух ба эътирозоти мусолиматомез барои барқарории ҳуқуқашон бо мавҷе аз озору азият, боздоштҳои худсарона, нопдидшудан, шиканҷаҳои ҷисмӣ ва равонӣ аз сӯии толибон рӯ ба рӯ шудаанд.Ёфтаҳои Созмони Афви Байналмилал нишон медиҳад, ки нархи издивоҷи кӯдакон ва издивоҷҳои иҷборӣ дар Афғонистони зери султаи толибон дар ҳол афзоиш аст.Агнес Комолор, дабири кули афви байналмилал бо ибрози нигаронӣ аз саркуби хафақоновари занон Афғонистон гуфтааст: "сиёсатҳои сахтгиронаи толибон миллионҳо занону духтаронро аз ҳақи доштани зиндагии амну озод маҳрум мекунад".Ба гуфта дабири кулли САБ, сиёсати саркуби толибон тақрибан ҳамаи ҷанбаҳои зиндагии занони Афғонистонро фаро гирифтааст.Афви байналмилал аз давлатҳои узви созмони милал хостааст, ки ҳарчӣ зудтар стротежии қавӣ ва ҳамоҳангро барои ҳимоят аз занони афғон эҷод кунанд.
https://sputnik.tj/20220727/zindagii-zanoni-afghoniston-tolibon-vayron-1050307919.html
https://sputnik.tj/20220728/tahdidi-hamsoyaho-shumora-terroriston-afghoniston-1050323978.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/12/1041716203_168:0:2899:2048_1920x0_80_0_0_55e16bcdc017e7a1e2442093e19f568b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, ҳаққонӣ, толибон, мактаб, духтарона, ифтитоҳ
афғонистон, ҳаққонӣ, толибон, мактаб, духтарона, ифтитоҳ
Ҳаққонӣ: Баста шудани мактабҳои духтарона ҳамешагӣ нест
11:00 05.08.2022 (Навсозишуда: 12:36 05.08.2022) Як узви аршади толибон мегӯяд, ки баста мондани мактабҳои духтарона дар Афғонистон ҳамешагӣ нахоҳад буд ва дар оянда ҳатман дубора ифтитоҳ хоҳанд шуд
ДУШАНБЕ, 5 август — Sputnik. Анас Ҳаққонӣ, узви баландпояи ҳукумати толибон дар гуфтугӯи вижа бо “TOLOnews” гуфт, ки пас аз расидаигӣ ба бархе аз корҳо, аморати исломӣ ин мушкилро аз миён хоҳад бардошт, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
"Ин ҷо як низом аст ва усулу асосот дорад. Ман умед дорам, ин масаъала, ки бакайфият аст ё ба тарзуламал, ҳар чӣ, ки боқмонда, ҳал мешавад. Қисми дигари масоил ҳам боқӣ мондааст. Аммо масоил ин гуна нест, ки доимӣ бошад ё нима боқӣ монад, тамоми он ҳал хоҳад шуд", - гуфт ӯ.
Қобили зикр аст, ки бастаи мондани мактабҳои духтарона дар як соли пасин яке аз нигаронӣҳои ҷаддӣ дар даруну берун аз Афғонистон будааст.
Бо он ки ҳамвора ваъда барои бозгушоии мактабҳо аз сӯии аъзои баландпоя толибон дода шудаанд, аммо то кунун ин ваъдаҳо амалӣ нашудаанд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш созмони Афви Байналмилал гузориш дода буд, ки зиндагии занони Афғонистон зери султаи толибон вайрон шудааст.
Бар асоси ин гузориш, занон дар посух ба эътирозоти мусолиматомез барои барқарории ҳуқуқашон бо мавҷе аз озору азият, боздоштҳои худсарона, нопдидшудан, шиканҷаҳои ҷисмӣ ва равонӣ аз сӯии толибон рӯ ба рӯ шудаанд.
Ёфтаҳои Созмони Афви Байналмилал нишон медиҳад, ки нархи издивоҷи кӯдакон ва издивоҷҳои иҷборӣ дар Афғонистони зери султаи толибон дар ҳол афзоиш аст.
Агнес Комолор, дабири кули афви байналмилал бо ибрози нигаронӣ аз саркуби хафақоновари занон Афғонистон гуфтааст: "сиёсатҳои сахтгиронаи толибон миллионҳо занону духтаронро аз ҳақи доштани зиндагии амну озод маҳрум мекунад".
Ба гуфта дабири кулли САБ, сиёсати саркуби толибон тақрибан ҳамаи ҷанбаҳои зиндагии занони Афғонистонро фаро гирифтааст.
Афви байналмилал аз давлатҳои узви созмони милал хостааст, ки ҳарчӣ зудтар стротежии қавӣ ва ҳамоҳангро барои ҳимоят аз занони афғон эҷод кунанд.