Чанд фоизи русиягиҳо аз кори Путин ва Мишустин ҳимоят мекунанд?

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин и председатель правительства РФ Михаил Мишустин
Президент РФ Владимир Путин и председатель правительства РФ Михаил Мишустин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2022
Обуна шудан
Пажуҳише назари шаҳрвандони Русияро дар мавриди кори раисҷумҳур, сарвазир ва ҳукумати кишварашон муайян карда, мизони эътимодро мушаххас намудааст
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Президенти Руси, Владимир Путин аз эътимоди беш аз 81%-и шаҳрвандони кишвари таҳти ҳимояаш бархурдор аст.
Дар ин бора Маркази умумирусиягии омӯзиши афкори умум бо такя ба натиҷаҳои назарпурсии ахираш хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, беш аз 78%-и пурсидашудаҳо аз фаъолияти Владимир Путин дар мақоми президентӣ ҳимоят мекунанд.
Дар зимн аз кори сарвазир, Михаил Мишустин ва ҳукумати Русия мутаносибан 52,6% ва 50,9% ҷонибдорӣ мекунанд.
Таъкид шудаст, ки назарпурсии мазкур аз 15 то 21 август аз тариқи телефон бо 1600 русиягии аз 18-сола боло гузаронда шуда, эҳтимоли иштибоҳ дар он аз 1% зиёд нест.
Президент РФ В. Путин встретился с врио губернатора Владимирской области А. Авдеевым - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.08.2022
Ҳар ҳафта бо парчамбардорию суруди миллӣ оғоз мешавад: паёми Путин - видео
Ин дар ҳолест, ки ахиран мудири кулли Маркази умумирусиягии омӯзиши афкори умум Валерий Фёдоров гуфт, сатҳи дастгирии аҳолии Русия аз амалиёти вижаи низомӣ дар Украина то ба 75% расид.
Ба иттилои ӯ, аз аввали амалиёти низомӣ дар Украина, бархе сокинони Русия назарашонро дар мавриди амалиёт тағйир додаанд.
"Муносибат ба амалиёти вижа аз охири моҳи феврал то нимаи моҳи март ташаккул ёфт. Мо бо таносуби тақрибан 65% ҷонибдорӣ ва 25% мухолифат оғоз кардем. Ин натиҷаи пурсиши 25 феврал аст" - гуфт Фёдоров.
Ӯ афзуд, ки баъдан ҷонибдорон ба 74-75% ва мухолифон ба 15-17% расиданд ва феълан тағироти ҷиддие дар ин таносубҳо дида намешавад.
Лентаи хабарҳо
0