Ҳар ҳафта бо парчамбардорию суруди миллӣ оғоз мешавад: паёми Путин - видео

Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия шаҳрвандони ин кишварро бо Рӯзи парчами давлатӣ шодбош гуфта, бар нақши он дар тарбияи ватандӯстии насли наврас таъкид намуд
Ҳар ҳафтаи хониш дар тамоми мактабҳои Русия аз соли равон бо маросими тантанавии барафрохтани парчам ва хондани суруди миллӣ оғоз мешавад.
Ин нуктаро раисҷумҳури Русия, Владимир Путин, дар паёми шодбошияш ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ, ки ҳамасола 22 август таҷлил мешавад, баён дошт.
Ӯ гуфт, парчами Русия барои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, шаҳрвандӣ ва масъулиятшиносӣ барои ояндаи Ватан хизмат мекунад.
Вай қайд кард, ки парчами Русия, ки беш аз се аср пеш дар нахустин киштии ҷангии Русия барафрохта шуда буд, рамзи кишвар дар давраҳои душвори таърихӣ - дар замони Пётри Якум дар марҳилаи ташкили империяи Русия, дар майдонҳои чанги якуми чаҳон ва дар замони душвору дигаргунихои куллии солҳои 90-ум боқӣ мондаст.
Путин гуфт, ки Русия чӣ гуна сиёсатро пеш мегирад
Раисҷумҳур афзуд, ки парчами серанга феълан ба ҳаёти шаҳрвандон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи давлатдории Русия, рамзи ваҳдати мардум, садоқати онҳо ба Ватан, омодагии онҳо ба ҳимояи манфиатҳои миллӣ ворид шудааст.
"Парчами давлатӣ рамзи садоқат ба арзишҳои суннатии мост, ки мо ҳеҷ гоҳ аз онҳо дур нахоҳем шуд – ҳақиқат ва адолат, ҳамбастагӣ ва шафқат, эҳтиром ба таърихи чандинасраи Русия, ба дастоварду пирӯзиҳои аҷдодон мебошад, ки моро васият карданд ҳеч гоҳ ба фармонравоии хориҷӣ роҳ надиҳем", - изҳор дошт Путин.
Президент изҳори итминон кард, ки парчами Русия барои тамоми наслҳои шаҳрвандони кишвар то абад рамзи муқаддас боқӣ мемонад.
Лентаи хабарҳо
0