Ҳамлаи сайберии хориҷӣ ба РИА “Новости” ва Sputnik

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкЛоготип сайта Ria.ru
Логотип сайта Ria.ru - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2022
Обуна шудан
Ҳамлаҳои шадиди сайберии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Бритониё ва Украина ба пойгоҳҳои хабарии РИА “Новости” ва Sputnik хунсо шудаанд
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Ҳамлаҳои шадиди DDoS аз хориҷ алайҳи пойгоҳҳои фаъоли РИА “Новости” ва Sputnik тақрибан як рӯз давом карданд, аммо ин ҳамалот феълан хунсо шудаанд, иттилоъ додаанд ба РИА “Новости” мутахассисони техникии гурӯҳи расонаҳои “Россия сегодня”.
"Ҳамла дирӯз пас аз соати 1800 оғоз шуд, ҳоло ҳама векторҳои ҳамла рафъ карда шуданд. Ҳамла аз бисёр кишварҳо анҷом дода шуд, аммо миёни манобеъи аслӣ Иёлоти Муттаҳида, Бритониё, Украина ва Таиланд ҳастанд. Аз Русия ҳам зиёд буд. Эҳтимол, дорад яке аз хадамоти абрии Русияро шикастаанд”, - гуфт намояндаи хадамоти техникии гурӯҳи расонаҳои “Россия сегодня”.
Ба гуфтаи мутахассисон, эҳтимоли зиёд аст, ки дар ин ҳамла ҳамон ҳакерҳое даст доранд, ки қаблан ба пойгоҳҳои хабарии РИА “Новости” ва Sputnik ҳамла карда буданд.
Кибербезопасность, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2020
Шӯрои амнияти Русия: 75% - и ҳамалоти кибериро ИМА анҷом медиҳад
"Тақрибан бо ҳамон шеваи пештара кор мекарданд, аммо ин дафъа бо дарназардошти кӯшишҳои гузашта боз амиқтар, мураккабтар, омодатар, тақсимшуда ва бо векторҳои зиёд ҳамла карданд. Ҳамла на танҳо ба сомонаҳои машҳури мо буд, ҳадафи асосии ҳакерҳо ин буд, ки тамоми IT-зерсохтори пойгоҳи хабари ва сервисҳои дохиливу хориҷиро корношоям кунанд. Маълум аст, ки аз тамоми имконот ҳадафмандона ба кор гирифтаанд то ба ҳадди имкон ба натиҷае бирасанд”, - иттилоъ додаанд мутахассисон.
Дар авохири моҳи феврал ва авоили моҳи март сомонаҳои РИА “Новости” ва Sputnik мавриди ҳамлаҳои густурдаи ҳакерӣ қарор гирифтанд, аммо ҳама кӯшишҳои ҳакерон аз ҷониби мутахассисони гурӯҳи расонаҳои “Россия сегодня” бомуваффақият хунсо шуд.
Лентаи хабарҳо
0