https://sputnik.tj/20220825/tojikiston-ruz-istiqloliyat-jashn-1050933814.html
Маълум шуд, ки чӣ гуна Тоҷикистон Рӯзи истиқлолиятро ҷашн мегирад
Маълум шуд, ки чӣ гуна Тоҷикистон Рӯзи истиқлолиятро ҷашн мегирад
Sputnik Тоҷикистон
Дар кишвар барои таҷлили яке аз идҳои аслии худ омодагӣ мебинанд: 9 сентябр дар Тоҷикистон чорабиниҳои гуногуни оммавӣ баргузор мешаванд
2022-08-25T14:45+0500
2022-08-25T14:45+0500
2022-08-25T14:45+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
рӯзи истиқлолият
ҷашн
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/09/1042150977_0:107:2048:1259_1920x0_80_0_0_504e826f5816dcb90ab1627fca3dda5d.jpg
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Тоҷикистон рӯзи истиқлолашро бо барномаи густурдаи фарҳангиву фароғатӣ таҷлил мекунад. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар доданд. Ҳамин тариқ, рӯзи 9 сентябр дар саросари кишвар ҳамоишҳо ва озмунҳои гуногун баргузор мешаванд. Сокинону меҳмонони маҳаллӣ метавонанд дар ҷашнҳои оммавӣ ва консертҳо дар боғҳо ва хиёбонҳо ширкат кунанд. Аз соати 9-00 то 11.00 ва аз 16.00 то 18.00 ба вақти маҳаллӣ дар гӯшаву канори Душанбе ҳунармандони маъруфи халқӣ ҳунарнамоӣ мекунанд. Ёдовар мешавем, ки соли 2022 Тоҷикистон 31-умин солгарди истиқлолашро таҷлил мекунад. Чун қоида, дар ин рӯз сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мардум бо сухани идона муроҷиат мекунад. Президенти кишвар шаҳрвандонро табрик гуфта, рушди ҷумҳуриро ҷамъбаст мекунад. Раҳмон ҳамчунин табрикоти сарони кишварҳои ИДМ-ро қабул карда, афроди арсаҳои мухталифи ҷомеаборо медалу унвонҳои фахрӣ сарфароз мегардонад. Чун қоида, 9 сентябр дар Тоҷикистон рӯзи ғайрикорӣ аст. Дар тамоми мамлакат чорабиниҳои гуногуни ҷамъиятию сиёсӣ гузаронда мешаванд. Душанбе дар ин рӯз ба маркази ҷашнҳои расмӣ табдил меёбад. Дар рафти таҷлили ид дар майдони марказии "Дӯстӣ" гузашти низомиву роҳпаймоиҳо бо ширкати шаҳрвандони касбу кори гуногун, донишҷӯён ва мактаббачагон доир мешавад.Шоми ҳамон рӯз намоиши ҳатмии оммавии театрӣ бахшида ба ташакили давлатдории тоҷикон баргузор мешавад, ки бо оташбозӣ ба охир мерасад. Дар тамоми шаҳру навоҳии дигари Тоҷикистон сокинон Рӯзи истиқлолро бо тантанаҳои оммавӣ дар боғҳои фарҳангу фароғат таҷлил мекунанд. Дар ҳама ҷо барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ доир мешавад, ки тамошои он барои сокинон ройгон сурат мегирад. Иди асосии давлатиро на танҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ, балки дар тамоми гӯшаю канори ҷаҳон, ки тоҷикон зиндагӣ мекунанд, таҷлил мегардад.
https://sputnik.tj/20220731/targhib-istiqlol-ozodi-hukumat-2026-1050379910.html
https://sputnik.tj/20220721/kumitai-memori-bino-parlumon-istiqlol-1050143743.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/09/1042150977_114:0:1935:1366_1920x0_80_0_0_d094ca9641c6cced737bb43d42f14171.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон рӯз истиқлолият ҷашн
тоҷикистон рӯз истиқлолият ҷашн
Маълум шуд, ки чӣ гуна Тоҷикистон Рӯзи истиқлолиятро ҷашн мегирад
Дар кишвар барои таҷлили яке аз идҳои аслии худ омодагӣ мебинанд: 9 сентябр дар Тоҷикистон чорабиниҳои гуногуни оммавӣ баргузор мешаванд
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Тоҷикистон рӯзи истиқлолашро бо барномаи густурдаи фарҳангиву фароғатӣ таҷлил мекунад. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар доданд.
Ҳамин тариқ, рӯзи 9 сентябр дар саросари кишвар ҳамоишҳо ва озмунҳои гуногун баргузор мешаванд.
Сокинону меҳмонони маҳаллӣ метавонанд дар ҷашнҳои оммавӣ ва консертҳо дар боғҳо ва хиёбонҳо ширкат кунанд.
Аз соати 9-00 то 11.00 ва аз 16.00 то 18.00 ба вақти маҳаллӣ дар гӯшаву канори Душанбе ҳунармандони маъруфи халқӣ ҳунарнамоӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2022 Тоҷикистон 31-умин солгарди истиқлолашро таҷлил мекунад. Чун қоида, дар ин рӯз сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мардум бо сухани идона муроҷиат мекунад.
Президенти кишвар шаҳрвандонро табрик гуфта, рушди ҷумҳуриро ҷамъбаст мекунад. Раҳмон ҳамчунин табрикоти сарони кишварҳои ИДМ-ро қабул карда, афроди арсаҳои мухталифи ҷомеаборо медалу унвонҳои фахрӣ сарфароз мегардонад.
Чун қоида, 9 сентябр дар Тоҷикистон рӯзи ғайрикорӣ аст. Дар тамоми мамлакат чорабиниҳои гуногуни ҷамъиятию сиёсӣ гузаронда мешаванд. Душанбе дар ин рӯз ба маркази ҷашнҳои расмӣ табдил меёбад.
Дар рафти таҷлили ид дар майдони марказии "Дӯстӣ" гузашти низомиву роҳпаймоиҳо бо ширкати шаҳрвандони касбу кори гуногун, донишҷӯён ва мактаббачагон доир мешавад.
Шоми ҳамон рӯз намоиши ҳатмии оммавии театрӣ бахшида ба ташакили давлатдории тоҷикон баргузор мешавад, ки бо оташбозӣ ба охир мерасад.
Дар тамоми шаҳру навоҳии дигари Тоҷикистон сокинон Рӯзи истиқлолро бо тантанаҳои оммавӣ дар боғҳои фарҳангу фароғат таҷлил мекунанд.
Дар ҳама ҷо барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ доир мешавад, ки тамошои он барои сокинон ройгон сурат мегирад.
Иди асосии давлатиро на танҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ, балки дар тамоми гӯшаю канори ҷаҳон, ки тоҷикон зиндагӣ мекунанд, таҷлил мегардад.