https://sputnik.tj/20220731/targhib-istiqlol-ozodi-hukumat-2026-1050379910.html
Тарғиби истиқлолу озодӣ: ҳукумат нақшаи то соли 2026-ро тасдиқ кард
Тарғиби истиқлолу озодӣ: ҳукумат нақшаи то соли 2026-ро тасдиқ кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон вазирону роҳбарони кумитаҳо ва ҳукуматҳои маҳаллиро муваззаф кардааст, ки аз иҷрои нақшаи тасдиқшуда ҳар ним сол гузориш диҳанд
2022-07-31T11:00+0500
2022-07-31T11:00+0500
2022-08-01T15:27+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
вмкб
душанбе
нақша
ҳукумат
қарор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/14/1044997194_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_10946726380dff47f116203a0bd40cfc.jpg
ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо барои сазовор ҷашн гирифтани 35-умин солгарди истиқлоли ҷумҳуриро тасдиқ кардааст. Бар асоси қарори ҳукумат, ки Эмомалӣ Раҳмон ахиран имзо кардааст, ҳадафи нақшаи чорабиниҳо таҷлили сазовори 35-умин солгард ва тарғиби моҳияти озодӣ, истиқлол, давлатдорӣ ва арзишҳои миллӣ мебошад. Нақша аз бунёди иншооти гуногун то баргузории чорабиниҳои мухталифи фарҳангӣ - сиёсиро дар бар гирифта, Кумитаи ташкилӣ муваззаф шудааст, якҷоя бо роҳбарони вазорату идораҳо иҷрои онро таҳти назорат гирад. Дар мавриди он, ки аз кадом ҳисоб ин чорабиниҳо амалӣ шаванд, дар қарор омадаст, ки аз маблағи пешбининамудаи буҷет барои таъминоти вазорату идораҳо ва мақомот дар маҳалҳо барои солҳои 2022 - 2026. "Инчунин аз ҳисоби иҷрои барзиёди қисмати даромади буҷетҳои маҳаллӣ ва дигар манобеи молиявӣ, ки қонунгузории Тоҷикистон мамнуъ накардааст", - омадааст дар иттилоия. Роҳбарони вазорату идораҳо, раисони ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру навоҳӣ муваззаф гардидаанд, ки тамоми чораҳои заруриро барои ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ андешанд. Мақомдорон вазифадор шудаанд, ки минбаъд ҳар шашмоҳа дар бораи корҳои анҷомдодаашон дар самти татбиқи чорабиниҳо ба ҳукумати Тоҷикистон гузориши муфассал диҳанд.
https://sputnik.tj/20220729/rahmon-tasiri-buhronho-iqtisodi-siyosi-rushdi-iqtisodi-1050339174.html
вмкб
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/14/1044997194_124:0:1937:1360_1920x0_80_0_0_b156398a37e6bfaed6d95d137c29d936.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳукумат, нақша, сол, 2026, тасдиқ
ҳукумат, нақша, сол, 2026, тасдиқ
Тарғиби истиқлолу озодӣ: ҳукумат нақшаи то соли 2026-ро тасдиқ кард
11:00 31.07.2022 (Навсозишуда: 15:27 01.08.2022) Раисҷумҳури Тоҷикистон вазирону роҳбарони кумитаҳо ва ҳукуматҳои маҳаллиро муваззаф кардааст, ки аз иҷрои нақшаи тасдиқшуда ҳар ним сол гузориш диҳанд
ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо барои сазовор ҷашн гирифтани 35-умин солгарди истиқлоли ҷумҳуриро тасдиқ кардааст.
Бар асоси қарори ҳукумат, ки Эмомалӣ Раҳмон ахиран имзо кардааст, ҳадафи нақшаи чорабиниҳо таҷлили сазовори 35-умин солгард ва тарғиби моҳияти озодӣ, истиқлол, давлатдорӣ ва арзишҳои миллӣ мебошад.
Нақша аз бунёди иншооти гуногун то баргузории чорабиниҳои мухталифи фарҳангӣ - сиёсиро дар бар гирифта, Кумитаи ташкилӣ муваззаф шудааст, якҷоя бо роҳбарони вазорату идораҳо иҷрои онро таҳти назорат гирад.
Дар мавриди он, ки аз кадом ҳисоб ин чорабиниҳо амалӣ шаванд, дар қарор омадаст, ки аз маблағи пешбининамудаи буҷет барои таъминоти вазорату идораҳо ва мақомот дар маҳалҳо барои солҳои 2022 - 2026.
"Инчунин аз ҳисоби иҷрои барзиёди қисмати даромади буҷетҳои маҳаллӣ ва дигар манобеи молиявӣ, ки қонунгузории Тоҷикистон мамнуъ накардааст", - омадааст дар иттилоия.
Роҳбарони вазорату идораҳо, раисони ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру навоҳӣ муваззаф гардидаанд, ки тамоми чораҳои заруриро барои ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ андешанд.
Мақомдорон вазифадор шудаанд, ки минбаъд ҳар шашмоҳа дар бораи корҳои анҷомдодаашон дар самти татбиқи чорабиниҳо ба ҳукумати Тоҷикистон гузориши муфассал диҳанд.