https://sputnik.tj/20220721/kumitai-memori-bino-parlumon-istiqlol-1050143743.html
Кумитаи меъморӣ гуфт, бинои нави парлумон ва боғи "Истиқлол" кай ба истифода дода мешавад
Кумитаи меъморӣ гуфт, бинои нави парлумон ва боғи "Истиқлол" кай ба истифода дода мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Сохтмони бинои нави парлумон ва боғи "Истиқлол" тибқи нақша ҷараён дошта, дар муҳлатҳои пешбинишуда ба истифода дода мешаванд
2022-07-21T10:15+0500
2022-07-21T10:15+0500
2022-07-21T10:18+0500
дар тоҷикистон
душанбе
кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҷт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/04/1045495181_0:0:1366:768_1920x0_80_0_0_0e43be3b9fd7b0bb786c3ef7b0b0a5e2.jpg
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Сохтмони бинои нави парлумон ва маҷмаи ҳукуматӣ дар шаҳри Душанбе моҳи октябри соли оянда ба анҷом мерасад.Тавре Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон хабар дод, сохтмони ин иншоот тибқи ҷадвал идома дорад ва ба истифода додани онҳо аз моҳҳои апрел то сентябри соли 2023 ба нақша гирифта шудааст.Вай таъкид кард, ки лоиҳаҳоро ду ширкати чинӣ амалӣ мекунанд, корҳо дар ду баст ҳоло идома дорад ва ягон мушкил дар ин самт нест.Ба иттилои раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон, бинои ояндаи парлумони Тоҷикистон дар масоҳати беш аз 42 ҳазор метри мураббаъ ва бинои ҳукумат дар майдони 44 ҳазор метри мураббаъ бунёд хоҳад шуд.Қаблан хабар дода шуда буд, Тоҷикистон маводу таҷҳизоти воридотӣ ба кишварро, ки барои сохтмони ин иншоот пешбинӣ шудаанд, аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ озод мекунад.Бино ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, бар асоси ин ёддошт, Чин барои бунёди ин иншоот ҳудуди 1,5 миллиард юан ихтисос хоҳад дод.Корҳо дар боғи "Истиқлол"-и пойтахт бошад, тибқи нақша ҷараён дошта, ҳоло қисмати тозакунӣ ва ободонӣ идома дорад.Гуфта мешавад, дар назар аст, ин боғ дар ҷашни 31-солагии истиқлолияти кишвар ба истифода дода шавад ва ҷашнҳо низ дар он баргузор мешавад.Боғ пурра озод барои гаштугузор буда, баро тафреҳи кӯдакон низ лавозимоти махсус насб карда хоҳад шуд.
https://sputnik.tj/20220721/zuvaydzoda-choykhonai-rohat-takhrib-1050143113.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/04/1045495181_168:0:1192:768_1920x0_80_0_0_58567aa2f37cf79d239fd28834a1c4ef.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кумитаи меъморӣ бино парлумон
кумитаи меъморӣ бино парлумон
Кумитаи меъморӣ гуфт, бинои нави парлумон ва боғи "Истиқлол" кай ба истифода дода мешавад
10:15 21.07.2022 (Навсозишуда: 10:18 21.07.2022) Сохтмони бинои нави парлумон ва боғи "Истиқлол" тибқи нақша ҷараён дошта, дар муҳлатҳои пешбинишуда ба истифода дода мешаванд
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Сохтмони бинои нави парлумон ва маҷмаи ҳукуматӣ дар шаҳри Душанбе моҳи октябри соли оянда ба анҷом мерасад.
Тавре Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон хабар дод, сохтмони ин иншоот тибқи ҷадвал идома дорад ва ба истифода додани онҳо аз моҳҳои апрел то сентябри соли 2023 ба нақша гирифта шудааст.
Вай таъкид кард, ки лоиҳаҳоро ду ширкати чинӣ амалӣ мекунанд, корҳо дар ду баст ҳоло идома дорад ва ягон мушкил дар ин самт нест.
Ба иттилои раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон, бинои ояндаи парлумони Тоҷикистон дар масоҳати беш аз 42 ҳазор метри мураббаъ ва бинои ҳукумат дар майдони 44 ҳазор метри мураббаъ бунёд хоҳад шуд.
Қаблан хабар дода шуда буд, Тоҷикистон маводу таҷҳизоти воридотӣ ба кишварро, ки барои сохтмони ин иншоот пешбинӣ шудаанд, аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ озод мекунад.
Бино ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, бар асоси ин ёддошт, Чин барои бунёди ин иншоот ҳудуди 1,5 миллиард юан ихтисос хоҳад дод.
Корҳо дар боғи "Истиқлол"-и пойтахт бошад, тибқи нақша ҷараён дошта, ҳоло қисмати тозакунӣ ва ободонӣ идома дорад.
Гуфта мешавад, дар назар аст, ин боғ дар ҷашни 31-солагии истиқлолияти кишвар ба истифода дода шавад ва ҷашнҳо низ дар он баргузор мешавад.
Боғ пурра озод барои гаштугузор буда, баро тафреҳи кӯдакон низ лавозимоти махсус насб карда хоҳад шуд.