https://sputnik.tj/20220825/farmon-prezident-mukofot-unvon-shoir-hofiz-1050936684.html
Фармони президент барои мукофоту унвондиҳӣ ба 200 нафар: аз шоир то ҳофизи халқӣ
Фармони президент барои мукофоту унвондиҳӣ ба 200 нафар: аз шоир то ҳофизи халқӣ
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон фаромине дар ҷиҳати тақдими ҷавоизу ановин ба беш аз 200 нафар аз кормандони соҳоти мухталиф дар кишварро имзо кардааст 25.08.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-08-25T15:19+0500
2022-08-25T15:19+0500
2022-08-25T16:25+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
мукофот
орден
ҷоиза
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/0d/1050688437_0:159:3077:1890_1920x0_80_0_0_a59109ff9eaed4a130245e8c6317676f.jpg
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бахшида ба 31 -умин солгарди Истиқлоли давлатӣ фармони мукофотонидани кормандони бахшҳои гуногунро имзо кард.Ҳамин тариқ 200 корманди соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар хизматчиёни давлатӣ бо унвону мукофот қадрдонӣ шуданд.Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дод, ки барои саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги мамлакат, ҳифзи саломатии аҳолӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва дастовардҳои баланди истеҳсолӣ 25 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардиданд.Манбаъ афзуд, ки 1 нафар бо унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон қадрдонӣ шуда, 2 нафар бо унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.Унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро 2 нафар гирифта,11 нафари дигар унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистонро соҳиб гардиданд.Инчучнин бо фармони раисиҷумҳур, 1 нафар бо ордени Шараф дараҷаи I, 23 нафар бо ордени Шараф дараҷаи II, 7 нафар бо ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика, 3 нафар бо ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника,1 нафар бо унвони фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон ва 8 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз шуданд.Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ҳамасола дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ баргузор мешавад, ки имсол 30-юмин солгардаш таҷлил мегардад.
https://sputnik.tj/20220825/tojikiston-ruz-istiqloliyat-jashn-1050933814.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/0d/1050688437_173:0:2904:2048_1920x0_80_0_0_5a9241ec986d6bba6833195fedef6539.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, мукофот, орден, ҷоиза
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, мукофот, орден, ҷоиза
Фармони президент барои мукофоту унвондиҳӣ ба 200 нафар: аз шоир то ҳофизи халқӣ
15:19 25.08.2022 (Навсозишуда: 16:25 25.08.2022) Раисҷумҳури Тоҷикистон фаромине дар ҷиҳати тақдими ҷавоизу ановин ба беш аз 200 нафар аз кормандони соҳоти мухталиф дар кишварро имзо кардааст
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бахшида ба 31 -умин солгарди Истиқлоли давлатӣ фармони мукофотонидани кормандони бахшҳои гуногунро имзо кард.
Ҳамин тариқ 200 корманди соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар хизматчиёни давлатӣ бо унвону мукофот қадрдонӣ шуданд.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дод, ки барои саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги мамлакат, ҳифзи саломатии аҳолӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва дастовардҳои баланди истеҳсолӣ 25 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Манбаъ афзуд, ки 1 нафар бо унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон қадрдонӣ шуда, 2 нафар бо унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.
Унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро 2 нафар гирифта,11 нафари дигар унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистонро соҳиб гардиданд.
Инчучнин бо фармони раисиҷумҳур, 1 нафар бо ордени Шараф дараҷаи I, 23 нафар бо ордени Шараф дараҷаи II, 7 нафар бо ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика, 3 нафар бо ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника,1 нафар бо унвони фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон ва 8 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз шуданд.
Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ҳамасола дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ баргузор мешавад, ки имсол 30-юмин солгардаш таҷлил мегардад.