https://sputnik.tj/20220825/amonatbonk-gustarishi-hamkoriho-bonkhoi-uzbakiston-1050926320.html
Тасмими “Амонатбонк” дар бораи густариши ҳамкориҳо бо бонкҳои Ӯзбекистон
Тасмими “Амонатбонк” дар бораи густариши ҳамкориҳо бо бонкҳои Ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон тасмим дорад ҳамкориҳо бо бонкҳои Ӯзбекистон дар самти маблағгузории савдоро густариш диҳад
2022-08-25T09:00+0500
2022-08-25T09:00+0500
2022-08-25T12:25+0500
дар тоҷикистон
амонатбонк
бонк
ҳамкорӣ
ӯзбекистон
савдо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/15/1041056818_0:37:1280:757_1920x0_80_0_0_ed343219a0d2fb3ec0b11158e9acd568.jpg
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Раёсати Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ӯзбекистон “Амонатбонк”-и Тоҷикистонро аз шуракои муътамади худ медонад. Дар ҳамин ҳол Бонки давлатии амонатгузории кишвар эълон кардааст, омодааст, ҳамикориҳои дуҷонибаро дар самтҳои мухталиф бо бонкҳои Ӯзбекистон густариш диҳад.Тибқи иттилои манбаъ, ин мавзуъ дар дидори Икромӣ Сироҷиддин Салом, раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” дар дидор бо Мирсоатов Алишер, раиси Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ӯзбекистон матраҳ шудааст.Манбаъ қайд кардааст, ки дар рафти мулоқоти дуҷониба Раиси “Амонатбонк” иброз доштааст, ки бузургтарин бонки давлатии Тоҷикистон омодааст, ҳамикориҳои дуҷонибаро дар самтҳои мухталиф аз ҷумла, маблағгузории савдо густариш диҳад.Дар навбати худ раиси Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ӯзбекистон афзудааст, ки “Амонатбонк” яке аз шарикони боэътимод ба ҳисоб меравад.Дафтари матбуоти “Амонатбонк” хабар додааст, ки дидори мазкур дар шаҳри Тошканти Ӯзбекистон пас аз баргузор гардидани ҷаласаи Шўрои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай (ИББ СҲШ) баргузор гардид.
https://sputnik.tj/20220816/amonatbonk-kazakhexport-voridkunandagon-tojik-kumak-1050742168.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/15/1041056818_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_1c3406daa1e6bb6f21237b1eb662ff28.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, амонтабонк, густариш, ҳамкориҳо, бонк, ӯзбекистон, маблағгузорӣ, савдо
тоҷикистон, амонтабонк, густариш, ҳамкориҳо, бонк, ӯзбекистон, маблағгузорӣ, савдо
Тасмими “Амонатбонк” дар бораи густариши ҳамкориҳо бо бонкҳои Ӯзбекистон
09:00 25.08.2022 (Навсозишуда: 12:25 25.08.2022) Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ҳамкориҳо бо бонкҳои Ӯзбекистон дар самти маблағгузории савдоро густариш диҳад
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Раёсати Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ӯзбекистон “Амонатбонк”-и Тоҷикистонро аз шуракои муътамади худ медонад.
Дар ҳамин ҳол Бонки давлатии амонатгузории кишвар эълон кардааст, омодааст, ҳамикориҳои дуҷонибаро дар самтҳои мухталиф бо бонкҳои Ӯзбекистон густариш диҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, ин мавзуъ дар дидори Икромӣ Сироҷиддин Салом, раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” дар дидор бо Мирсоатов Алишер, раиси Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ӯзбекистон матраҳ шудааст.
Манбаъ қайд кардааст, ки дар рафти мулоқоти дуҷониба Раиси “Амонатбонк” иброз доштааст, ки бузургтарин бонки давлатии Тоҷикистон омодааст, ҳамикориҳои дуҷонибаро дар самтҳои мухталиф аз ҷумла, маблағгузории савдо густариш диҳад.
Дар навбати худ раиси Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ӯзбекистон афзудааст, ки “Амонатбонк” яке аз шарикони боэътимод ба ҳисоб меравад.
“Мо омодаем, ки дар доираи имкониятҳои мавҷуда муҳлати созишномаҳои қарзии амалкунандаро тамдид ё созишномаи нав ба имзо расонида, ҳамкориҳоро дар ин самт бозҳам густариш диҳем”, - зикр кардааст Мирсоатов Алишер.
Дафтари матбуоти “Амонатбонк” хабар додааст, ки дидори мазкур дар шаҳри Тошканти Ӯзбекистон пас аз баргузор гардидани ҷаласаи Шўрои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай (ИББ СҲШ) баргузор гардид.