https://sputnik.tj/20220816/amonatbonk-kazakhexport-voridkunandagon-tojik-kumak-1050742168.html
"Амонатбонк" ва "KazakhExport" ба тоҷирони тоҷик кумак хоҳанд кард
"Амонатбонк" ва "KazakhExport" ба тоҷирони тоҷик кумак хоҳанд кард
Sputnik Тоҷикистон
Ширкатҳо ҳаҷми маблағгузории иловагиро афзоиш дода, изҳор доштанд, ки омодаанд ба ҳама гуна иқдоми соҳибкорони тоҷик кумак кунанд
2022-08-16T11:13+0500
2022-08-16T11:13+0500
2022-08-16T12:33+0500
амонатбонк
дар тоҷикистон
иқтисод
қазоқистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/10/1050741785_97:80:675:405_1920x0_80_0_0_21b112edf0047fcda5e2a7d84fb7d03f.jpg
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. "Амонатбонк" дар якҷоягӣ бо "KazakhExport" аз ҳар пешниҳоду дархости соҳибкорони тоҷик, ки аз Қазоқистон коло ворид мекунанд, дастгирӣ хоҳад кард. Дар ин бора раиси раёсати ширкати суғуртаи содиротии Қазоқистон Аслан Калигазин зимни мулоқот бо раҳбари бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон "Амонатбон" Сироҷиддин Икромӣ изҳор дошт. Дар натиҷаи гуфтушунид ҷонибҳо Ёддошти тафоҳумро дар бораи то 15 миллион доллари ИМА зиёд намудани маблағгузории иловагӣ ба имзо расониданд. Ҳадафи аслии имзои ин санад ҷалби сармояи мустақим ба иқтисоди Тоҷикистон ва афзоиши ҳаҷми табодули коло миёни ҳамсояҳо мебошад. Ба гуфтаи Сироҷиддин Икромӣ, Амонатбонк ҳамеша омода аст, ки соҳибкорони ватаниро дар рушди соҳибкории хурду миёна дастгирӣ кунад ва шарикони боэътимоди рушд пайдо кунад ва ҳамчунин ба воридоти молу маҳсулот аз Қазоқистон мусоидат намояд. Калигазин дар навбати худ гуфт, ки бонки Тоҷикистон метавонад ба "KazakhExport" ба маблағи то 23 миллион доллар дархости иловагӣ пешниҳод кунад. Агар квота тамом шавад, ин рақам ба беш аз 30 миллион доллар мерасад. Дар ҳоли ҳозир соҳибкорони Тоҷикистон аз ҳисоби маблағгузории тиҷоратӣ аз ин ширкати қазоқӣ шаш хатти қарзӣ ба маблағи 8 миллиону 750 ҳазор доллар боз кардаанд.Ёдовар мешавем, ки Нурсултон аз шарикони муҳими тиҷорӣ дар минтақа барои Душанбе буда, тибқи омор, ҳиссаи содироти колоҳои Тоҷикистон ба Қазоқистон зарфи шаш моҳи соли ҷорӣ 20,2 дарсади ҳаҷми умумии содиротро ташкил додааст.Танҳо дар 6 моҳи соли 2022 ба Қазоқистон ба маблағи умумии беш аз 245,1 миллион доллар маҳсулот содир шудааст.Аммо ҳаҷми воридот аз ин кишвар беш аз 397,1 миллион долларро ташкил додааст.
https://sputnik.tj/20220804/top-10-mahsulot-sodirot-tojikiston-1050480890.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/10/1050741785_75:0:675:450_1920x0_80_0_0_c5a21272e3a89147f258d55d7702afd9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
"амонатбонк" ва "kazakhexport" воридкунандагони тоҷик кумак
"амонатбонк" ва "kazakhexport" воридкунандагони тоҷик кумак
"Амонатбонк" ва "KazakhExport" ба тоҷирони тоҷик кумак хоҳанд кард
11:13 16.08.2022 (Навсозишуда: 12:33 16.08.2022) Ширкатҳо ҳаҷми маблағгузории иловагиро афзоиш дода, изҳор доштанд, ки омодаанд ба ҳама гуна иқдоми соҳибкорони тоҷик кумак кунанд
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. "Амонатбонк" дар якҷоягӣ бо "KazakhExport" аз ҳар пешниҳоду дархости соҳибкорони тоҷик, ки аз Қазоқистон коло ворид мекунанд, дастгирӣ хоҳад кард.
Дар ин бора раиси раёсати ширкати суғуртаи содиротии Қазоқистон Аслан Калигазин зимни мулоқот бо раҳбари бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон "Амонатбон" Сироҷиддин Икромӣ изҳор дошт.
Дар натиҷаи гуфтушунид ҷонибҳо Ёддошти тафоҳумро дар бораи то 15 миллион доллари ИМА зиёд намудани маблағгузории иловагӣ ба имзо расониданд.
Ҳадафи аслии имзои ин санад ҷалби сармояи мустақим ба иқтисоди Тоҷикистон ва афзоиши ҳаҷми табодули коло миёни ҳамсояҳо мебошад.
Ба гуфтаи Сироҷиддин Икромӣ, Амонатбонк ҳамеша омода аст, ки соҳибкорони ватаниро дар рушди соҳибкории хурду миёна дастгирӣ кунад ва шарикони боэътимоди рушд пайдо кунад ва ҳамчунин ба воридоти молу маҳсулот аз Қазоқистон мусоидат намояд.
Калигазин дар навбати худ гуфт, ки бонки Тоҷикистон метавонад ба "KazakhExport" ба маблағи то 23 миллион доллар дархости иловагӣ пешниҳод кунад.
Агар квота тамом шавад, ин рақам ба беш аз 30 миллион доллар мерасад.
Дар ҳоли ҳозир соҳибкорони Тоҷикистон аз ҳисоби маблағгузории тиҷоратӣ аз ин ширкати қазоқӣ шаш хатти қарзӣ ба маблағи 8 миллиону 750 ҳазор доллар боз кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки Нурсултон аз шарикони муҳими тиҷорӣ дар минтақа барои Душанбе буда, тибқи омор, ҳиссаи содироти колоҳои Тоҷикистон ба Қазоқистон зарфи шаш моҳи соли ҷорӣ 20,2 дарсади ҳаҷми умумии содиротро ташкил додааст.
Танҳо дар 6 моҳи соли 2022 ба Қазоқистон ба маблағи умумии беш аз 245,1 миллион доллар маҳсулот содир шудааст.
Аммо ҳаҷми воридот аз ин кишвар беш аз 397,1 миллион долларро ташкил додааст.