Нақши СҲШ дар муомилоти молии Тоҷикистон

© Министерство экономики и торговли РТВыступления Ашурбоя Солехзода на экономическом форуме ШОС
Выступления Ашурбоя Солехзода на экономическом форуме ШОС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2022
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки беш аз 60 дарсади ҳиссаи муомилоти молии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои минтақаи СҲШ рост меояд
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Ашӯрбой Солеҳзода, муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, ахиран дар Форуми иқтисодии Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ), ки дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон баргузор гардид, гуфт муносибатҳо бо кишварҳои узви СҲШ пайваста рушд ёфта, ба сатҳи олӣ баромадаанд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазоарти рушди иқтисод ва савдои кишвар.
Вай гуфт, дар натиҷаи иҷрои дастуру супоришҳои сарони давлатҳо ва таваҷҷуҳи хосаи онҳо ба тақвияти муносибатҳои бисёрҷониба гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистону кишварҳои СҲШ дар нимсолаи аввали соли равон 68 фоизро ташкил додааст.

“Беш аз 60 дарсади ҳиссаи муомилоти молии Тоҷикистон ба кишварҳои минтақаи СҲШ рост меояд ва бузургтарин шарикони тиҷоратии Тоҷикистон маҳз кишварҳои узви СҲШ, аз ҷумла Русия, Чин, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Покистон ва Ҳиндустон мебошанд”, - гуфт Ашурбой Солеҳзода.

Ҳамзамон муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон зикр кард, ки дар тӯли беш аз 20 сол Тоҷикистон тавонист дар маҷмӯъ дар чаҳорчӯби СҲШ ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монад, ки ба таҳкими иқтидори иқтисодии Созмон нигаронида шудааст.
Флаги и эмблема ШОС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2022
Руасои Додгоҳҳои олии кишварҳои узви СҲШ вориди Душанбе шуданд
Лозим ба ёдоварист, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои асосгузори ин СҲШ мебошад.
СҲШ созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Иштирокчиёни доимии он Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Покистон ва Ӯзбекистон мебошанд.
Кишварҳои нозир – Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва Беларус (расман барои шомил шудан ба СҲШ ба ҳайси узви комилҳуқуқ муроҷиат кардаанд) мебошанд.
Кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка ҳастанд.
Илова бар ин, тартиби пазируфтани Эрон ба ин созмон ва додани мақоми шарики муколама ба Миср, Қатар ва Арабистони Саудӣ оғоз шудааст.
Лентаи хабарҳо
0