ПСР-тест ба фурудгоҳҳои Тоҷикистон бармегардад

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузариш ба медиабонкXIV Евразийский экономический форум в Вероне
XIV Евразийский экономический форум в Вероне - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2022
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон бинобар афзоиш ёфтани сироятёбӣ ба бемории сироятии COVID-19 дар аксари кишварҳои ҷаҳон чораҳои пешгирӣ аз коронавирусро пурзӯр кардаанд
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон пешниҳоди маълумотномаи тиббӣ дар бораи бемории сироятии COVID-19 (ПСР-тест) ва ё шаҳодатномаи ваксинатсия ҳангоми сафар тавассути нақлиёти ҳавоӣ ба Тоҷикистонро боз ҳатмӣ карданд, иттилоъ додааст Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, тасмими судури қарори мазкур аз сӯйи Ситоди ҷумҳуриявӣ барои пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ дар ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар Тоҷикистон гирифта шудааст.
Мақомоти Тоҷикистон ба маълумоти шаҳрвандони кишвар ва меҳмонони хориҷӣ расондаанд, ки қарори мазкур ба хотири афзоиш ёфтани гирифторӣ ба бемории сироятии COVID-19 дар аксари кишварҳои ҷаҳон ба тасвиб расидааст.
Вакцинация мигрантов от COVID-19 на территории ТЦ Садовод - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2022
Моякӯбии такрории кормандони тиб бар зидди коронавирус дар Тоҷикистон
Ҳамзамон манбаъ ба шаҳрвандоне, ки аз Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ парвоз менамоянд, хабар додааст, ки ҳар як давлат аз рӯи талаботи худ ҷиҳати пешниҳоди маълумотномаи тиббӣ дар бораи бемории сироятии COVID-19 (ПСР-тест) ва ё шаҳодатномаи ваксинатсия талаботи худро ҷорӣ намудааст.
“Вобаста ба масъалаи мазкур шаҳрвандон метавонанд, ки ҳангоми хариди чиптаи ҳавопаймоӣ аз нуқтаҳои чиптафурӯшӣ маълумот дастрас намоянд”, - қайд кардааст Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон.
Зикр шудааст, ки ситоди ҷумҳуриявӣ чораҳои беҳдоштии болозикрро бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 муваққатан роҳандозӣ кардааст ва бо беҳ гардидани вазъият вобаста ба бемории сироятии мазкур қарори мазкур аз байн бурда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0