https://sputnik.tj/20220820/moyakubii-takrorii-kormandoni-tib-koronavirus-tojikiston-1050840534.html
Моякӯбии такрории кормандони тиб бар зидди коронавирус дар Тоҷикистон
Моякӯбии такрории кормандони тиб бар зидди коронавирус дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Бино бар мавҷи нави пандемияи коронавирус дар ҷаҳон мақомоту идораҳои ҳукумати Тоҷикистон чораҳои пешгириро идома додаанд
2022-08-20T18:00+0500
2022-08-20T18:00+0500
2022-08-20T18:28+0500
дар тоҷикистон
ваксина
тандурустӣ
соҳаи тандурустӣ
эмгузаронӣ
корманди тиб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1e/1040545181_0:155:3365:2048_1920x0_80_0_0_b1280dec7acec927a20402533a33210f.jpg
ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон маъракаи моякӯбии такрорӣ идома дорад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар.Ҳамин тариқ, то 19 августи соли равон миёни гурӯҳҳои мақсаднок беш аз 5,3 миллион нафар (94,9 фоиз) бо вояи якум, 5,22 миллион нафар (93,3 фоиз) вояи дуюм ва зиёда аз 4,9 миллион нафар (88 фоиз) бо вояи сеюми зидди коронавирус моякӯбӣ шуданд.То имрӯз бо мақсади моякӯбии аҳолӣ ба Тоҷикистон 18 миллиону 290 ҳазор вояи ваксина алайҳи COVID-19 ворид шудааст.Бо дарназардошти вазъи душвори бемории COVID-19 дар як қатор кишварҳои минтақа, рӯзи 16 август, чорумин моякӯбии кормандони тиби кишвар алайҳи сирояти коронавирус оғоз ёфт.Қобили зикр аст, ки тибқи маълумоти расмӣ, охирин мавриди гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон 18 феврали соли 2022 ба қайд гирифта шуда буд.Ҳамзамон, ба вазорату идораҳо супориш дода шуд, ки “тадбирҳои пешгирӣ ва зидди эпидемиологиро идома диҳанд”, зеро пандемияи коронавирус ҳанӯз хотима наёфтааст.Дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Маркази иттилоотии зиддибӯҳронӣ дар умури пешгирӣ ва мубориза бар зидди сирояти коронавирус бо рақами кӯтоҳи 511 амал мекунад.
https://sputnik.tj/20220710/tojikiston-vaksina-covid-19-dastras-1049888427.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1e/1040545181_236:0:2967:2048_1920x0_80_0_0_89c5739ed1614143f6221f3f682bf3f1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, тандурустӣ, моякӯбӣ, ваксина, коронавирус, кормандон, соҳаи тиб
тоҷикистон, тандурустӣ, моякӯбӣ, ваксина, коронавирус, кормандон, соҳаи тиб
Моякӯбии такрории кормандони тиб бар зидди коронавирус дар Тоҷикистон
18:00 20.08.2022 (Навсозишуда: 18:28 20.08.2022) Бино бар мавҷи нави пандемияи коронавирус дар ҷаҳон мақомоту идораҳои Ҳукумати Тоҷикистон чораҳои пешгирӣ аз ибтило ба ин вирусро идома медиҳанд
ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон маъракаи моякӯбии такрорӣ идома дорад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар.
Ҳамин тариқ, то 19 августи соли равон миёни гурӯҳҳои мақсаднок беш аз 5,3 миллион нафар (94,9 фоиз) бо вояи якум, 5,22 миллион нафар (93,3 фоиз) вояи дуюм ва зиёда аз 4,9 миллион нафар (88 фоиз) бо вояи сеюми зидди коронавирус моякӯбӣ шуданд.
То имрӯз бо мақсади моякӯбии аҳолӣ ба Тоҷикистон 18 миллиону 290 ҳазор вояи ваксина алайҳи COVID-19 ворид шудааст.
Бо дарназардошти вазъи душвори бемории COVID-19 дар як қатор кишварҳои минтақа, рӯзи 16 август, чорумин моякӯбии кормандони тиби кишвар алайҳи сирояти коронавирус оғоз ёфт.
Қобили зикр аст, ки тибқи маълумоти расмӣ, охирин мавриди гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон 18 феврали соли 2022 ба қайд гирифта шуда буд.
Ҳамзамон, ба вазорату идораҳо супориш дода шуд, ки “тадбирҳои пешгирӣ ва зидди эпидемиологиро идома диҳанд”, зеро пандемияи коронавирус ҳанӯз хотима наёфтааст.
Дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Маркази иттилоотии зиддибӯҳронӣ дар умури пешгирӣ ва мубориза бар зидди сирояти коронавирус бо рақами кӯтоҳи 511 амал мекунад.