https://sputnik.tj/20220824/oghozi-moyakubii-takrorii-vaksina-tojikiston-1050908836.html
Оғози моякӯбии такрории шахсони аз 60-сола боло дар Тоҷикистон
Оғози моякӯбии такрории шахсони аз 60-сола боло дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, ки дар кишвар даври такрории ваксинагирӣ бар зидди коронавирус миёни шахсони пиронсолон оғоз ёфт
2022-08-24T16:05+0500
2022-08-24T16:05+0500
2022-08-24T17:41+0500
дар тоҷикистон
ваксина
тандурустӣ
коронавирус
пиронсол
сироят
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/19/1032885390_0:0:2880:1620_1920x0_80_0_0_c1cbcfe83ede45ab011cd75fb1069690.jpg
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон марҳалаи ҷадиди моякӯбии шаҳрвандони аз 60-сола боло шуруъ шудааст.Тавре масъулини Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар додаанд, нафароне, ки аз 60-сола боло буда, ваксинаи сеюмро се ё шаш моҳ пеш гирифтаанд, метавонанд ваксинаи чорумро қабул намоянд.Ёдовар мешавем, ки бо дарназардошти вазъи мураккаби бемории COVID-19 дар якчанд кишвари ҳамсоя дар Тоҷикистон шурӯъ аз 16 август даври чоруми маъракаи ваксинатсия бар зидди сирояти коронавирус миёни кормандони соҳаи тандурустӣ оғоз гардид.Дар ин марҳила аллакай 36 ҳазору 635 нафар кормандон ба ваксинатсия бар зидди бемории ҳамагири COVID-19 фаро гирифта шуданд.Ҳамзамон бояд қайд кард, ки аз оғози маъракаи ваксинатсия бар зидди бемории COVID-19 то 19 август 5 миллиону 312 ҳазору 807 нафар (94,9 фоиз) бо вояи якум, 5 миллиону 221 ҳазору 534 нафар (93,3 фоиз) бо вояи дуюм ва 4 миллиону 927 ҳазору 758 нафар (88,0 фоиз) бо вояи сеюм бар зидди сирояти мазкур фаро гирифта шуданд.То имрӯз бо мақсади ба ваксинатсия бар зидди ин сироят фаро гирифтани шаҳрвандони мамлакат ба Тоҷикистон 18 миллиону 290 ҳазор воя ваксинаи зидди COVID-19 ворид гардидааст.
https://sputnik.tj/20220824/psr-test-furudgohhoi-tojikiston-barmegardad-1050905694.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/19/1032885390_379:0:2880:1876_1920x0_80_0_0_ca403ba16ef51adf0e89a644e1d33c64.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ваксинатсия, ваксинагирӣ, вазорати тандурустӣ, коронавирус, пиронсол, моякӯбӣ
тоҷикистон, ваксинатсия, ваксинагирӣ, вазорати тандурустӣ, коронавирус, пиронсол, моякӯбӣ
Оғози моякӯбии такрории шахсони аз 60-сола боло дар Тоҷикистон
16:05 24.08.2022 (Навсозишуда: 17:41 24.08.2022) Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, ки дар кишвар даври такрории ваксинагирӣ бар зидди коронавирус миёни шахсони пиронсолон оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон марҳалаи ҷадиди моякӯбии шаҳрвандони аз 60-сола боло шуруъ шудааст.
Тавре масъулини Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар додаанд, нафароне, ки аз 60-сола боло буда, ваксинаи сеюмро се ё шаш моҳ пеш гирифтаанд, метавонанд ваксинаи чорумро қабул намоянд.
“Тибқи нақша, баъд аз табибон шаҳрвандони синни аз 60 боло, нафарони дорои бемориҳои музмини ғайрисироятӣ бо вояи чоруми ваксина фаро гирифта мешаванд. Ин амал дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ идома меёбад”, — иттилоъ додааст масъулини вазорат.
Ёдовар мешавем, ки бо дарназардошти вазъи мураккаби бемории COVID-19 дар якчанд кишвари ҳамсоя дар Тоҷикистон шурӯъ аз 16 август даври чоруми маъракаи ваксинатсия бар зидди сирояти коронавирус миёни кормандони соҳаи тандурустӣ оғоз гардид.
Дар ин марҳила аллакай 36 ҳазору 635 нафар кормандон ба ваксинатсия бар зидди бемории ҳамагири COVID-19 фаро гирифта шуданд.
Ҳамзамон бояд қайд кард, ки аз оғози маъракаи ваксинатсия бар зидди бемории COVID-19 то 19 август 5 миллиону 312 ҳазору 807 нафар (94,9 фоиз) бо вояи якум, 5 миллиону 221 ҳазору 534 нафар (93,3 фоиз) бо вояи дуюм ва 4 миллиону 927 ҳазору 758 нафар (88,0 фоиз) бо вояи сеюм бар зидди сирояти мазкур фаро гирифта шуданд.
То имрӯз бо мақсади ба ваксинатсия бар зидди ин сироят фаро гирифтани шаҳрвандони мамлакат ба Тоҷикистон 18 миллиону 290 ҳазор воя ваксинаи зидди COVID-19 ворид гардидааст.