https://sputnik.tj/20220823/oghoz-omodagi-javonon-khidmat-harbi-1050888602.html
Оғози омодагиҳо ба даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон
Оғози омодагиҳо ба даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон баргузории ҷаласаҳо барои баррасии омодагӣ ба даъвати навбатии тирамоҳии наваскарон ба хидмати ҳарбӣ оғоз шуд
2022-08-23T16:35+0500
2022-08-23T16:35+0500
2022-08-23T18:54+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
даъват
ҷавонон
даъвати наваскарон
хизмат
суғд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102675/39/1026753949_0:105:2049:1257_1920x0_80_0_0_17ee97b0e588c696922b5ee1f3e56b1d.jpg
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Масъулини вилояти Суғд дастур гирифтанд, ки маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хидмати ҳарбиро сари вақт иҷро намоянд.Ин нуктаро муовини раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода, зимни мулоқот бо масъулини мақомот дар ноҳияи Мастчоҳ баён дошт. Зоҳидзода ҳамчунин аз мақомдорон иҷрои қарори раиси вилоят "Дар бораи гузаронидани омӯзиши пеш аз даъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1995-2004 ба хизмати ҳарбӣ дар даъвати тирамоҳии соли 2022" пурсон шуд. "Дастур дода шуд, ки раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҷиҳати муташаккилона гузаронидани чорабиниҳои маъракаи даъват дар ҳудуди ҷамоатҳо ва пеш аз муҳлат ба иҷро расонидани нақшаи даъват миёни аҳолӣ кор баранд", - омадааст дар иттилоия. Ин дар ҳолест, ки ахиран генерал Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон гуфт, дар ҷумҳурӣ ҷавонони синни даъвати ҳарбӣ аз талаботи қувваҳои мусаллаҳ ба маротиб зиёд аст.Вазири мудофиа дастур дод, ки аз байни ҷавонони ҳамаи табақаҳои аҳолии кишвар, беҳтаринҳо интихоб ва ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ даъват шаванд.Вазир бо зикри таҷрибаи даъватҳои гузашта изҳор дошт, ки бо вуҷуди иҷрои пурраи нақшаи даъвати шаҳрвандон дар бархе шаҳру навоҳӣ дар натиҷаи беэътиноӣ зоҳир намудани масъулин мушкилиҳои ҷиддӣ низ ба назар мерасанд.Ӯ муҳим хонд, ки дар маъракаи даъвати наваскарон ҳамкории густурда бо аҳолӣ роҳандозӣ шавад. Генерал ҳамчунин муҳим хондааст, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти шаҳриву ноҳиявӣ ба омӯзиши шахсияти даъватшавандаҳо таваҷҷуҳ шавад.Даъвати тирамоҳии наваскарон дар Тоҷикистон моҳҳои октябр ва ноябр амалӣ мешавад.
https://sputnik.tj/20220712/jazo-durughparokani-artish-tojikiston-jarima-1049935565.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102675/39/1026753949_116:0:1931:1361_1920x0_80_0_0_42956c8ceff434fa70acfceee5ee2878.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, амният ва мудофиа, даъват, ҷавонон, даъвати наваскарон, хизмат, суғд
дар тоҷикистон, амният ва мудофиа, даъват, ҷавонон, даъвати наваскарон, хизмат, суғд
Оғози омодагиҳо ба даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон
16:35 23.08.2022 (Навсозишуда: 18:54 23.08.2022) Дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон баргузории ҷаласаҳо барои баррасии омодагӣ ба даъвати навбатии тирамоҳии наваскарон ба хидмати ҳарбӣ оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Масъулини вилояти Суғд дастур гирифтанд, ки маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хидмати ҳарбиро сари вақт иҷро намоянд.
Ин нуктаро муовини раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода, зимни мулоқот бо масъулини мақомот дар ноҳияи Мастчоҳ баён дошт.
Зоҳидзода ҳамчунин аз мақомдорон иҷрои қарори раиси вилоят "Дар бораи гузаронидани омӯзиши пеш аз даъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1995-2004 ба хизмати ҳарбӣ дар даъвати тирамоҳии соли 2022" пурсон шуд.
"Дастур дода шуд, ки раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҷиҳати муташаккилона гузаронидани чорабиниҳои маъракаи даъват дар ҳудуди ҷамоатҳо ва пеш аз муҳлат ба иҷро расонидани нақшаи даъват миёни аҳолӣ кор баранд", - омадааст дар иттилоия.
Ин дар ҳолест, ки ахиран генерал Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон гуфт, дар ҷумҳурӣ ҷавонони синни даъвати ҳарбӣ аз талаботи қувваҳои мусаллаҳ ба маротиб зиёд аст.
Вазири мудофиа дастур дод, ки аз байни ҷавонони ҳамаи табақаҳои аҳолии кишвар, беҳтаринҳо интихоб ва ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ даъват шаванд.
Вазир бо зикри таҷрибаи даъватҳои гузашта изҳор дошт, ки бо вуҷуди иҷрои пурраи нақшаи даъвати шаҳрвандон дар бархе шаҳру навоҳӣ дар натиҷаи беэътиноӣ зоҳир намудани масъулин мушкилиҳои ҷиддӣ низ ба назар мерасанд.
Ӯ муҳим хонд, ки дар маъракаи даъвати наваскарон ҳамкории густурда бо аҳолӣ роҳандозӣ шавад. Генерал ҳамчунин муҳим хондааст, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти шаҳриву ноҳиявӣ ба омӯзиши шахсияти даъватшавандаҳо таваҷҷуҳ шавад.
Даъвати тирамоҳии наваскарон дар Тоҷикистон моҳҳои октябр ва ноябр амалӣ мешавад.