https://sputnik.tj/20220712/jazo-durughparokani-artish-tojikiston-jarima-1049935565.html
Пешниҳоди ҷазо барои дурӯғпароканӣ дар бораи артиш: ҳабс ё то 16 ҳазор сомонӣ ҷарима
Пешниҳоди ҷазо барои дурӯғпароканӣ дар бораи артиш: ҳабс ё то 16 ҳазор сомонӣ ҷарима
Sputnik Тоҷикистон
Барои дурӯғпароканӣ дар мавриди артиши Тоҷикистон, аз ҷумла ба воситаи интернет, ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ва ё ҷарима пешниҳод карда шудааст
2022-07-12T13:55+0500
2022-07-12T13:55+0500
2022-07-12T15:49+0500
дар тоҷикистон
дурӯғ
амният ва мудофиа
артиш
"облава"
паҳншавӣ
қонун
вазорати мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102679/11/1026791162_0:0:2200:1239_1920x0_80_0_0_2e43e26d38caeb45c19edc32b1859b95.jpg
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҷумҳурӣ тағйирот пешниҳод кардааст, ки алайҳи паҳни дурӯғ дар мавриди артиши ҷумҳурӣ нигаронда шудааст. Бар асоси тағйироти пешниҳодшуда, барои паҳн намудани маълумоти бардурӯғ дар бораи шарту шароити хизмати ҳарбӣ ва шеваи даъвати шаҳрвандон ба аскарӣ, ҷазо муқаррар карда мешавад. Муҷозот барои шахсони воқеӣ ҷарима ба андозаи аз 20 то 40 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муодили 1280 то 1560 сомонӣ ва ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз 10 то 15 шабонарӯз пешниҳод гардидааст. Барои шахсони ҳуқуқӣ ҷарима аз 200 то 250 нишондиҳанда барои ҳисобҳо - аз 12,6 ҳазор то 16 ҳазор сомонӣ пешниҳод шудааст. Вазорат тавзеҳ додаст, ки ҳадафи ин иқдом пешгирии паҳнсозии маълумоти бардурӯғ мебошад, ки "боиси коста гардидани шаъну шарафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хизматчиёни ҳарбии он мегардад". Таъкид шудааст, ки дар бархе давлатҳо дурӯғпароканиҳои дорои аҳамияти иҷтимоӣ ва оммавӣ, ки ба бехатарии одамон таҳдид мекунанд, боиси оқибатҳои вазнин мегарданд, ҷиноят ҳисобида мешаванд.Ин ниҳод бо ишора ба сиёсати инсондӯстонаи ҳукумати Тоҷикистон изҳор доштааст, ки лоиҳа "дар марҳилаи кунунӣ танҳо ҷорӣ кардани ҷарима ё ҳабси маъмуриро барои вайронкунандагони он пешбинӣ менамояд".Вазорати мудофиа изҳори боварӣ намудааст, ки қабули тарҳи мазкур боиси коҳиши шиддати бадномшавии қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон мегардад.
https://sputnik.tj/20220504/safarbarsoz-guruh-donishjuyon-artish-oblava-1048183474.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102679/11/1026791162_160:0:2105:1459_1920x0_80_0_0_197cf040a2142cb674b79069b76535fe.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пешниҳод, ҷазо, ҳабс, ҷарима, дурӯғ, артиш
пешниҳод, ҷазо, ҳабс, ҷарима, дурӯғ, артиш
Пешниҳоди ҷазо барои дурӯғпароканӣ дар бораи артиш: ҳабс ё то 16 ҳазор сомонӣ ҷарима
13:55 12.07.2022 (Навсозишуда: 15:49 12.07.2022) Барои дурӯғпароканӣ дар мавриди артиши Тоҷикистон, аз ҷумла ба воситаи интернет ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ва ё ҷарима пешниҳод карда шудааст
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҷумҳурӣ тағйирот пешниҳод кардааст, ки алайҳи паҳни дурӯғ дар мавриди артиши ҷумҳурӣ нигаронда шудааст.
Бар асоси тағйироти пешниҳодшуда, барои паҳн намудани маълумоти бардурӯғ дар бораи шарту шароити хизмати ҳарбӣ ва шеваи даъвати шаҳрвандон ба аскарӣ, ҷазо муқаррар карда мешавад.
Муҷозот барои шахсони воқеӣ ҷарима ба андозаи аз 20 то 40 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муодили 1280 то 1560 сомонӣ ва ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз 10 то 15 шабонарӯз пешниҳод гардидааст.
Барои шахсони ҳуқуқӣ ҷарима аз 200 то 250 нишондиҳанда барои ҳисобҳо - аз 12,6 ҳазор то 16 ҳазор сомонӣ пешниҳод шудааст.
Вазорат тавзеҳ додаст, ки ҳадафи ин иқдом пешгирии паҳнсозии маълумоти бардурӯғ мебошад, ки "боиси коста гардидани шаъну шарафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хизматчиёни ҳарбии он мегардад".
Таъкид шудааст, ки дар бархе давлатҳо дурӯғпароканиҳои дорои аҳамияти иҷтимоӣ ва оммавӣ, ки ба бехатарии одамон таҳдид мекунанд, боиси оқибатҳои вазнин мегарданд, ҷиноят ҳисобида мешаванд.
Ин ниҳод бо ишора ба сиёсати инсондӯстонаи ҳукумати Тоҷикистон изҳор доштааст, ки лоиҳа "дар марҳилаи кунунӣ танҳо ҷорӣ кардани ҷарима ё ҳабси маъмуриро барои вайронкунандагони он пешбинӣ менамояд".
Вазорати мудофиа изҳори боварӣ намудааст, ки қабули тарҳи мазкур боиси коҳиши шиддати бадномшавии қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон мегардад.