https://sputnik.tj/20220823/ima-tojikiston-teatr-jang-meomuzad-1050885131.html
ИМА аз ҳисоби Тоҷикистон театри ҷангро меомӯзад
ИМА аз ҳисоби Тоҷикистон театри ҷангро меомӯзад
Sputnik Тоҷикистон
Дабири Шӯрои амнияти Русия шарҳ дод, ки чаро Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чаро дар хоки Тоҷикистон размоиши густурда доир кард ва оҳдофаш чист
2022-08-23T14:00+0500
2022-08-23T14:00+0500
2023-02-08T19:44+0500
дар тоҷикистон
има
размоиш
николай патрушев
ом
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/09/1040109707_0:42:3028:1745_1920x0_80_0_0_fa80fc10fd319a1a223548299f330882.jpg
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Иёлоти Муттаҳида бо баргузориши размоишҳо дар Тоҷикистон аҳдофи амалиётияшро меомӯзад, мегӯяд, Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия.Ӯ қаблан зимни мулоқот бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар Тошканд низ баён дошт, ки Русия размоиши амрикоиҳо дар Тоҷикистонро чун талоши Вашингтон барои ташкили инфрасохтори гӯё муваққатии низомӣ дар Осиёи Марказӣ арзёбӣ мекунад.Ба гуфтаи ӯ, размоиши "Ҳамкории минтақаӣ-2022" бо иштироки ИМА дар қаламрави Тоҷикистон талоши навбатӣ барои ташкили пойгоҳ дар канори Афғонистон мебошад."Вашингтон чун пештара талоши созиш бо ҳамсояҳои Афғонистон барои ташкили инфрасохтори гӯё муваққатӣ бо ҳадафи муборизаи зиддитеррористиро дорад", - изҳор дошт вай.Ёдовар мешавем, ки ширкаткунандагони машқҳои низомии "Ҳамкории минтақавӣ- 2022” ба ҷуз ИМА ва Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Покистон ва Муғулистон низ буданд. Бо назардошти он ки Пентагон ҳадафи мушаххаси машқҳоро номбар накарда, танҳо бо ибораҳои умумӣ маҳдуд аст, як қатор коршиносон тахмин мезананд, ки ин танҳо як шакли пӯшидаи ҷосусӣ аст.
https://sputnik.tj/20220821/afghoniston-gurjiston-ima-rusiya-mutavajjeh-video-1050855419.html
има
ом
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/09/1040109707_249:0:2980:2048_1920x0_80_0_0_f37e5dd987da8cd151c4bdb5e802448a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
има тоҷикистон театр ҷанг
има тоҷикистон театр ҷанг
ИМА аз ҳисоби Тоҷикистон театри ҷангро меомӯзад
14:00 23.08.2022 (Навсозишуда: 19:44 08.02.2023) Дабири Шӯрои амнияти Русия шарҳ дод, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чаро дар хоки Тоҷикистон размоиши густурда баргузор кард ва ҳадафаш аз он чист
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Иёлоти Муттаҳида бо баргузориши размоишҳо дар Тоҷикистон аҳдофи амалиётияшро меомӯзад, мегӯяд, Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия.
"Мехоҳам ба шарикони худ хотиррасон кунам, ки амрикоиҳо ба чунин рӯйдодҳо, пеш аз ҳама барои омӯзиши театри эҳтимолии амалиёт, мушаххас кардани координатҳои ҳадафҳои ояндадор ва дуруст кардани харитаҳои рақамии аслиҳаи дақиқзан ниёз доранд", - гуфт ӯ.
Ӯ қаблан зимни мулоқот бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар Тошканд низ баён дошт, ки Русия размоиши амрикоиҳо дар Тоҷикистонро чун талоши Вашингтон барои ташкили инфрасохтори гӯё муваққатии низомӣ дар Осиёи Марказӣ арзёбӣ мекунад.
Ба гуфтаи ӯ, размоиши "Ҳамкории минтақаӣ-2022" бо иштироки ИМА дар қаламрави Тоҷикистон талоши навбатӣ барои ташкили пойгоҳ дар канори Афғонистон мебошад.
"Вашингтон чун пештара талоши созиш бо ҳамсояҳои Афғонистон барои ташкили инфрасохтори гӯё муваққатӣ бо ҳадафи муборизаи зиддитеррористиро дорад", - изҳор дошт вай.
Ёдовар мешавем, ки ширкаткунандагони машқҳои низомии "Ҳамкории минтақавӣ- 2022” ба ҷуз ИМА ва Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Покистон ва Муғулистон низ буданд.
Бо назардошти он ки Пентагон ҳадафи мушаххаси машқҳоро номбар накарда, танҳо бо ибораҳои умумӣ маҳдуд аст, як қатор коршиносон тахмин мезананд, ки ин танҳо як шакли пӯшидаи ҷосусӣ аст.