https://sputnik.tj/20220821/afghoniston-gurjiston-ima-rusiya-mutavajjeh-video-1050855419.html
Аз Афғонистон то Гурҷистон: ИМА рафт, Русия мутаваҷҷеҳ бошад - видео
Аз Афғонистон то Гурҷистон: ИМА рафт, Русия мутаваҷҷеҳ бошад - видео
Sputnik Тоҷикистон
Сиёсатшиноси рус бо зикри хуруҷи нерӯҳои ИМА аз Афғонистон, ин кишварро "гӯристони империяҳо" номида, аз таҳдидҳои бархоста барои Осиёи Марказӣ ҳушдор дод
2022-08-21T20:59+0500
2022-08-21T20:59+0500
2022-08-21T21:00+0500
видео
афғонистон
гурҷистон
има
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/15/1050853781_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_4f7f8358755438729a05c99b446a3929.jpg
Русияро зарур аст, мутаваҷҷеҳи Афғонистон бошад, чун омили ҷуғрофиро касе лағв накардааст, изҳор дошт корманди калони Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии Маскав, Сергей Маркедонов.Ӯ гуфт, ИМА дур асту хориҷ шуд, аммо Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар наздикии он қарор доранд. Олим аз ҷумла интиқоли нооромиҳо аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон зикр намуд. Вай таъкид кард, ки ин хатар ҳанӯз ҳам ҷой дорад, чун гап сари қаламравҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ меравад, Русияро зарур меояд, вокуниш кунад. Маркедонов зикр намуд, ки Афғонистонро "гӯристони империяҳо" меноманд ва вуруду хуруҷи Бритониё, Иттиҳоди Шӯравӣ ва ахиран ИМА-ро ёд кард. Ба гуфтаи ӯ, дарси асосӣ аз ин ҳама он аст, ки муносиботи байналмилалӣ бояд бо такя бар арзишу тартиботи дохилӣ сохта шаванд, сарфи назар аз он арзишу тартибот писанданд ё на. Вай ҳамчунин аз таҳаввулот дар муносиботи Гурҷистон бо Ғарб аз ҷумла ИМА зикр намуд. Маркеденов таъкид намуд, ки фосила миёни Гурҷистону Ғарб дар ҳоли пайдоиш аст ва вақтҳои охир бархӯрдҳои интиқодӣ дар мавриди кишварҳои ғарбӣ аз забони сиёсатмадорони сари қудрат садо медиҳад.
афғонистон
гурҷистон
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/15/1050853781_480:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_1a51fbcd8681a306d303610295c548ae.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
коршинос, фирор, има, афғонистон
коршинос, фирор, има, афғонистон
Аз Афғонистон то Гурҷистон: ИМА рафт, Русия мутаваҷҷеҳ бошад - видео
20:59 21.08.2022 (Навсозишуда: 21:00 21.08.2022) Сиёсатшиноси рус бо зикри хуруҷи нерӯҳои ИМА аз Афғонистон, ин кишварро "гӯристони империяҳо" номида, аз таҳдидҳои бархоста барои Осиёи Марказӣ ҳушдор дод
Русияро зарур аст, мутаваҷҷеҳи Афғонистон бошад, чун омили ҷуғрофиро касе лағв накардааст, изҳор дошт корманди калони Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии Маскав, Сергей Маркедонов.
Ӯ гуфт, ИМА дур асту хориҷ шуд, аммо Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар наздикии он қарор доранд.
Олим аз ҷумла интиқоли нооромиҳо аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон зикр намуд.
Вай таъкид кард, ки ин хатар ҳанӯз ҳам ҷой дорад, чун гап сари қаламравҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ меравад, Русияро зарур меояд, вокуниш кунад.
Маркедонов зикр намуд, ки Афғонистонро "гӯристони империяҳо" меноманд ва вуруду хуруҷи Бритониё, Иттиҳоди Шӯравӣ ва ахиран ИМА-ро ёд кард.
Ба гуфтаи ӯ, дарси асосӣ аз ин ҳама он аст, ки муносиботи байналмилалӣ бояд бо такя бар арзишу тартиботи дохилӣ сохта шаванд, сарфи назар аз он арзишу тартибот писанданд ё на.
Вай ҳамчунин аз таҳаввулот дар муносиботи Гурҷистон бо Ғарб аз ҷумла ИМА зикр намуд. Маркеденов таъкид намуд, ки фосила миёни Гурҷистону Ғарб дар ҳоли пайдоиш аст ва вақтҳои охир бархӯрдҳои интиқодӣ дар мавриди кишварҳои ғарбӣ аз забони сиёсатмадорони сари қудрат садо медиҳад.