https://sputnik.tj/20220821/dah-qaror-raison-khatlon-bahsbarangez-1050846002.html
Даҳҳо қарори раисон дар Хатлон ғайриқонунӣ хонда шуданд
Даҳҳо қарори раисон дар Хатлон ғайриқонунӣ хонда шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти додситонӣ дар қарорҳои раисони шаҳру навоҳӣ дар вилояти Хатлон вайрон кардани қонунгузориро ошкор карда, бархеяшонро бекор намудаанд
2022-08-21T12:30+0500
2022-08-21T12:30+0500
2022-08-21T12:30+0500
дар тоҷикистон
замин
назорат
қонун
хатлон
санҷиш
қарор
раис
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102418/32/1024183235_1:0:2613:1469_1920x0_80_0_0_a7c11d2273b9d942e5e6df089596fab6.jpg
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Додситонҳо дар 6 моҳи аввлаи соли равон нисбат ба 166 қарори раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бинобар ғайриқонунӣ будан эътироз овардаанд, хабар дод нашрияи парлумонии "Садои мардум". Ба иттилои манбаъ, аз ин теъдод 84 адад бекор ва 75 адади дигар ба қонун мутобиқ гардонида шуданд. Дар мавриди он, ки дар кадом шаҳру навоҳии ҷануби ҷумҳурӣ қарори раисон бекор шудаанд, аз қавли раиси Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон, Диловар Пирзода омор оварда шудааст. "Бекоршавии қарорҳо дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб - 6 адад, Левакант - 3, Бохтар - 1, Қубодиён - 15, Хуросон - 11, Панҷ - 10, Восеъ ва Фархор - 9, Шаҳритус - 5, Муъминобод - 4, Абдураҳмони Ҷомӣ - 2 ва Ёвону Шамсиддини Шоҳин 2-ададӣ ба қайд гирифта шудааст", - гуфт Пирзода.Таъкид шудааст, ки аксари қарорҳои бекоргардида ба замин вобаста буда, далели ҷой доштани чунин раванд бемасъулиятии баъзе роҳбарон арзёбӣ шудаст. Бар асоси омори расмӣ, дар маҷмуъ додситонии вилояти Хатлон дар самти назорати иҷрои қонунгузории замин 92 санҷиш гузаронда, бо баррасии санадҳои эътиноии прокурорӣ 1839 нафар ба ҷавобгарии моддӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида шуданд. Дар баробари ин барои ғайриқонунӣ додани замин, худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва дигар ҷиноятҳо 290 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст, беш аз 3,2 ҳазор гектар замини худсарона ишғолшуда ба ҳолати пешина баргардонда шуд.
https://sputnik.tj/20220804/parvanda-mansabdor-nohiya-devashtich-1050481982.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102418/32/1024183235_327:0:2286:1469_1920x0_80_0_0_cb9034d724a384099e0aaab2be20669d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бекорсозӣ, қарор, раисон,
бекорсозӣ, қарор, раисон,
Даҳҳо қарори раисон дар Хатлон ғайриқонунӣ хонда шуданд
Мақомоти додситонӣ дар қарорҳои раисони шаҳру навоҳӣ дар вилояти Хатлон вайрон кардани қонунгузориро ошкор карда, бархеяшонро бекор намудаанд
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Додситонҳо дар 6 моҳи аввлаи соли равон нисбат ба 166 қарори раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бинобар ғайриқонунӣ будан эътироз овардаанд, хабар дод нашрияи парлумонии "Садои мардум".
Ба иттилои манбаъ, аз ин теъдод 84 адад бекор ва 75 адади дигар ба қонун мутобиқ гардонида шуданд.
Дар мавриди он, ки дар кадом шаҳру навоҳии ҷануби ҷумҳурӣ қарори раисон бекор шудаанд, аз қавли раиси Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон, Диловар Пирзода омор оварда шудааст.
"Бекоршавии қарорҳо дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб - 6 адад, Левакант - 3, Бохтар - 1, Қубодиён - 15, Хуросон - 11, Панҷ - 10, Восеъ ва Фархор - 9, Шаҳритус - 5, Муъминобод - 4, Абдураҳмони Ҷомӣ - 2 ва Ёвону Шамсиддини Шоҳин 2-ададӣ ба қайд гирифта шудааст", - гуфт Пирзода.
Таъкид шудааст, ки аксари қарорҳои бекоргардида ба замин вобаста буда, далели ҷой доштани чунин раванд бемасъулиятии баъзе роҳбарон арзёбӣ шудаст.
Бар асоси омори расмӣ, дар маҷмуъ додситонии вилояти Хатлон дар самти назорати иҷрои қонунгузории замин 92 санҷиш гузаронда, бо баррасии санадҳои эътиноии прокурорӣ 1839 нафар ба ҷавобгарии моддӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида шуданд.
Дар баробари ин барои ғайриқонунӣ додани замин, худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва дигар ҷиноятҳо 290 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст, беш аз 3,2 ҳазор гектар замини худсарона ишғолшуда ба ҳолати пешина баргардонда шуд.