https://sputnik.tj/20220804/parvanda-mansabdor-nohiya-devashtich-1050481982.html
Барои ҷудо кардани замин 20 ҳазор сомонӣ гирифт: парвандаи мансабдори ноҳияи Деваштич
Барои ҷудо кардани замин 20 ҳазор сомонӣ гирифт: парвандаи мансабдори ноҳияи Деваштич
Sputnik Тоҷикистон
Дар Ожонси мубориза бо фасод дар вилояти Суғд номи мансабдори баландпоя, тарзи содиршавии қаллобӣ ва ифтитоҳи парвандаро шарҳ доданд
2022-08-04T12:18+0500
2022-08-04T12:18+0500
2022-08-04T12:58+0500
парванда
деваштич
суғд
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102447/67/1024476762_0:0:1200:675_1920x0_80_0_0_d91ed2c1d8e02ab2d566f346aafbe363.jpg
ДУШАНБЕ, 4 авг – Sputnik. Як мансабдори баландпояи ноҳияи Деваштич барои ҷудо намудани қитъаи замин даст ба қаллобӣ задааст, ки ин ҳолат аз ҷониби маъмурони Идораи мубориза бо коррупсия ошкор шудааст.Сафарзода Қутбиддин, муовини аввали сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод зимни нишасти матбуотӣ гуфт, Мустафоқулов Т. М., муовини раиси кумитаи идораи замини ноҳияи Деваштич барои ҷудо намудани қитъаи замин дар ду ҳолат аз сокинони ин ноҳия беш аз 20 ҳазор сомонӣ талаб намуда гирифтааст. Бино ба иттилоъи манбаъ як ҳолати дигари даст ба қаллобӣ задани муовини раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Деваштич замоне ошкор шудааст, ки номбурда оиди вобаста намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз як сокини ин ноҳи 3 000 сомонӣ талаб карда гирифтааст.Боз шудани парванда алайҳи 4 мансабдоре, ки муроҷиати шаҳрвандонро баррасӣ накардандБар асоси ҷойдошти ҳолати мазкур алайҳи Мустафоқулов Т. М. бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда, бо суд ирсол карда шудааст. Мансабро сӯистифода карданд: боздошти заминфурӯшон дар ДӯстӣИдораи мубориза бо коррупсия дар Суғд мегуяд, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 349 адад ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ошкор ва ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин теъдод 22 ҷиноят нисбати 18 корманди Кумитаи идораи замин ва зерсохторҳои он будааст.
деваштич
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102447/67/1024476762_68:0:968:675_1920x0_80_0_0_d9705c7bb26d069f05b2f3cc3677b0b0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мансабдор, баландпоя, парванда
мансабдор, баландпоя, парванда
Барои ҷудо кардани замин 20 ҳазор сомонӣ гирифт: парвандаи мансабдори ноҳияи Деваштич
12:18 04.08.2022 (Навсозишуда: 12:58 04.08.2022) Дар Ожонси мубориза бо фасод дар вилояти Суғд номи мансабдори баландпояро ифшо ва тарзи содиршавии қаллобию ифтитоҳи парвандаро шарҳ доданд
ДУШАНБЕ, 4 авг – Sputnik. Як мансабдори баландпояи ноҳияи Деваштич барои ҷудо намудани қитъаи замин даст ба қаллобӣ задааст, ки ин ҳолат аз ҷониби маъмурони Идораи мубориза бо коррупсия ошкор шудааст.
Сафарзода Қутбиддин, муовини аввали сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод зимни нишасти матбуотӣ гуфт, Мустафоқулов Т. М., муовини раиси кумитаи идораи замини ноҳияи Деваштич барои ҷудо намудани қитъаи замин дар ду ҳолат аз сокинони ин ноҳия беш аз 20 ҳазор сомонӣ талаб намуда гирифтааст.
“Мустафоқулов Т. М., моҳи ноябри соли 2021 барои баровардани қарори раиси ноҳияи Деваштич дар бораи ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони молхона аз ҳудуди деҳаи Яхтани ноҳияи Деваштич 20 000 сомониро дар ду маврид гирифтааст” – иттилоъ дод, масъули Идораи мубориза бо коррупсия.
Бино ба иттилоъи манбаъ як ҳолати дигари даст ба қаллобӣ задани муовини раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Деваштич замоне ошкор шудааст, ки номбурда оиди вобаста намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз як сокини ин ноҳи 3 000 сомонӣ талаб карда гирифтааст.
Бар асоси ҷойдошти ҳолати мазкур алайҳи Мустафоқулов Т. М. бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда, бо суд ирсол карда шудааст.
Идораи мубориза бо коррупсия дар Суғд мегуяд, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 349 адад ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ошкор ва ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин теъдод 22 ҷиноят нисбати 18 корманди Кумитаи идораи замин ва зерсохторҳои он будааст.