Кумаки низомии ИМА ба Украина беш аз 10 миллиард долларро ташкил додааст

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкВстреча главы МИД С. Лаврова с госсекретарем США Э. Блинкеном в Женеве
Встреча главы МИД  С. Лаврова с госсекретарем США Э. Блинкеном в Женеве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2022
Обуна шудан
Кохи сафед ҳаҷми умумии кумакҳои низомиашро ба Украина ҳангоми раҳбарии Ҷо Байден, раисҷумҳури феълии Амрико расонаӣ кард
ДУШАНБЕ, 20 авг – Sputnik. Энтони Блинкен, вазири умури хориҷаи Амрико, ахиран гуфт, ҳаҷми умумии кумакҳои низомии ИМА ба Украина дар даврони президентии Ҷо Байден аз 10 миллиард доллар бештар будааст.
Вазири хориҷаи Амрико ин изҳоротро дар чаҳорчуби эълони кумакҳои амниятии ҷадиди Вашингтон ба Украина дар ҳаҷми тақрибан 775 миллион доллар баён кардааст.
"Бо ин бастаи кӯмакҳо, ҳаҷми умумии кумакҳои низомӣ ба Украина аз оғози маъмурияти Байден тақрибан 10,6 миллиард долларро ташкил дод", - гуфт Блинкен.
Вазири хориҷаи Амрико таъкид кард, ки дар баробари Иёлоти Муттаҳида тақрибан 50 кишвар аз ҷумлаи "муттаҳидон ва шарикон"-и Вашингтон низ ба Киев дар таъмини амният кумак мерасонанд.
Секретарь Совета безопасности РФ Николай Патрушев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2022
Патрушев ҳадафи размоиши ИМА дар Тоҷикистонро гуфт
"Иёлоти Муттаҳида дар идомаи кумакҳояш ба Украина аслиҳаи изофӣ ироа хоҳад кард. Ин аслиҳаҳо барои таъсир ба вазъи майдони ҷанг ва таҳкими мавқеъи Украина дар сари мизи музокира равона шудаанд", - афзуд раиси Энтони Блинкен.
Тавре як мақоми баландпояи Пентагон дар нишасти матбуотӣ ахиран гуфт, Иёлоти Муттаҳида ният дорад, ба дар ихтиёри Киев паҳподҳои навъи "Sky Eagle", мушакҳои зиддитанкии "Javelin", лавозимоти ҷангӣ барои системаҳои мушакии HIMARS ва силоҳҳои дигарро гузорад.
Илова бар ин, Пентагон эълон кард, ки имкони таъмини Украина бо силоҳҳои муоссирро меомӯзад. Ин иқдом имкон медиҳад "вазъ дар майдони ҷанг" дар манотиқи ҷануб ва шарқӣ кишвар тағйир диҳад.
Лентаи хабарҳо
0