https://sputnik.tj/20220819/rahbari-tolibon-shariati-islomi-amriko-bijangem-1050818765.html
Раҳбари толибон: Омодаем, то бар асоси шариати исломӣ бо Амрико биҷангем
Раҳбари толибон: Омодаем, то бар асоси шариати исломӣ бо Амрико биҷангем
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари толибон ахиран дар нишасти Қандаҳор гуфт, иморати исломӣ омодааст то бар асоси шариъати исломӣ дубора бо Амрико баҷангад
2022-08-19T14:50+0500
2022-08-19T14:50+0500
2022-08-19T21:47+0500
амрико
афғонистон
осиёи марказӣ
ҷанг
мулавӣ ҳайбатуллоҳ охунзода
толибон
панҷшер
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/16/1042434833_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_41b96950beecd44c8578804e1f0c086b.jpg
ДУШАНБЕ, 19 авг – Sputnik. Ҳибатуллоҳ Охундзода, ки барои дувумин нишасти Қандаҳор ҳузур ёфт ва зимни суханрониаш таъкид кард, ки ҳадафи ҷиҳод иҷрои ин аҳкоми исломӣ буд, аз ин рӯ ба ҳеҷ ваҷҳ аз ҳудуд илоҳӣ намегузарем.Раҳбари ҳукумати муваққати толибон изҳор кард, ки ҷаҳонён ба хотири таъомул ва машруъияти байналмилалӣ ва ба номи ҳуқуқи башар мехоҳанд ҳудуди исломӣ иҷро нашавад, аммо дар ҳар сурат мо ин ҳудудро иҷро мекунем.Вай гуфт, Амрико барои ҳокимияти демократӣ дар ҷаҳон талош мекунад, аммо дар Афғонистон ҷое барои он вуҷуд надорад.Раҳбари ҳукумати муваққати толибони афзуд, агар бархилофи шаръи ислом таъомул кунем ҳамаи мардум бояд роҳи худро ҷудо кунанд, зеро ҳадафи ҷиҳод иҷрои ин аҳкоми исломӣ буд.Охунзода дар бахши дигари суханонаш бо тарҳи интиқодотӣ аз масъулони ҳукумати муваққати толибон изҳор кард.“Ман аз он қазоват ба сутуҳ омадаам, ки ҳудудро барои бузургон аъмол намекунанд ва барои афроди кучак иҷро мекунанд”, - гуфт ӯ.Вай ҷанг ба номи хилофатро дар як кишвари исломӣ ғайриқонунӣ хонд ва изофа кард, расонаҳо ва бархе сиёсатмадорони суханони мусбати дар бораи ҳукумат намегӯянд ва таблиғоти манфӣ мекунанд.“Бархе аз масъулон низ аз мулоқот бо мардум пинҳон мешаванд, чунин рафторҳо бо ҳокимони низоми исломӣ созгор нест”, - таъкид кард ӯ.Раҳбари ҳукумати муваққати толибон неруҳои ҳозир дар Панҷшерро ба хуш рафторӣ бо мардуми маҳаллӣ онҷо фарохонд ва идома дод: “иморати исломӣ барои мардуми Панҷшер бисёр бад муаррифӣ шуда ва ҳатто ба унвони Покистониҳо ва мутаҷовизони иттилоотӣ шинохта мешаванд, чун 40 соласт, ки онҷои алайҳи толибон ва иморати исломӣ таблиғ мешавад.Ҷабҳаи зиди толибон: толибон аз ғайринизомиёни панҷшер интиқом мегирад. Охунзода бо ишора ба густариши фақр дар Афғонистон аз тоҷирони афғони хост барои ҳали мушкилоти иқтисодӣ фаъол шаванд ва ба мушовирони иқтисодии худ низ дастур дод то заминиро барои саноат дар ихтиёри сармоягузорон қарор диҳанд ва бозор мева бисозанду истихроҷи маодинро дар дастури кор қарор диҳанд.
https://sputnik.tj/20220815/khalilzod-azzavohiri-kobul-etimodi-amriko-tolibon-oseb-1050730301.html
https://sputnik.tj/20220816/tolibon-vada-intiqol-terrorist-ukraina-peshgiri-1050742495.html
амрико
афғонистон
панҷшер
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/16/1042434833_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_89b355e6bf87f6275d6cf751b6ca55c6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, тоибон, ҷанг, шариат, исломӣ, қандаҳор, охунзода, амрико
афғонистон, тоибон, ҷанг, шариат, исломӣ, қандаҳор, охунзода, амрико
Раҳбари толибон: Омодаем, то бар асоси шариати исломӣ бо Амрико биҷангем
14:50 19.08.2022 (Навсозишуда: 21:47 19.08.2022) Раҳбари толибон ахиран дар нишасти Қандаҳор гуфт, иморати исломӣ омодааст, то бар асоси шариъати исломӣ дубора бо Амрико баҷангад
ДУШАНБЕ, 19 авг – Sputnik. Ҳибатуллоҳ Охундзода, ки барои дувумин нишасти Қандаҳор ҳузур ёфт ва зимни суханрониаш таъкид кард, ки ҳадафи ҷиҳод иҷрои ин аҳкоми исломӣ буд, аз ин рӯ ба ҳеҷ ваҷҳ аз ҳудуд илоҳӣ намегузарем.
Раҳбари ҳукумати муваққати толибон изҳор кард, ки ҷаҳонён ба хотири таъомул ва машруъияти байналмилалӣ ва ба номи ҳуқуқи башар мехоҳанд ҳудуди исломӣ иҷро нашавад, аммо дар ҳар сурат мо ин ҳудудро иҷро мекунем.
“Ман хоҳони чунин машруъият ва таомулоте нестам, ки шариати исломиро надошта бошад ва иҷро нашудани ҳудудро дар таъомул бо дунё намепазираму дубора бо онҳо меҷангам”, - гуфт ӯ.
Вай гуфт, Амрико барои ҳокимияти демократӣ дар ҷаҳон талош мекунад, аммо дар Афғонистон ҷое барои он вуҷуд надорад.
Раҳбари ҳукумати муваққати толибони афзуд, агар бархилофи шаръи ислом таъомул кунем ҳамаи мардум бояд роҳи худро ҷудо кунанд, зеро ҳадафи ҷиҳод иҷрои ин аҳкоми исломӣ буд.
Охунзода дар бахши дигари суханонаш бо тарҳи интиқодотӣ аз масъулони ҳукумати муваққати толибон изҳор кард.
“Ман аз он қазоват ба сутуҳ омадаам, ки ҳудудро барои бузургон аъмол намекунанд ва барои афроди кучак иҷро мекунанд”, - гуфт ӯ.
Вай ҷанг ба номи хилофатро дар як кишвари исломӣ ғайриқонунӣ хонд ва изофа кард, расонаҳо ва бархе сиёсатмадорони суханони мусбати дар бораи ҳукумат намегӯянд ва таблиғоти манфӣ мекунанд.
“Бархе аз масъулон низ аз мулоқот бо мардум пинҳон мешаванд, чунин рафторҳо бо ҳокимони низоми исломӣ созгор нест”, - таъкид кард ӯ.
Раҳбари ҳукумати муваққати толибон неруҳои ҳозир дар Панҷшерро ба хуш рафторӣ бо мардуми маҳаллӣ онҷо фарохонд ва идома дод: “иморати исломӣ барои мардуми Панҷшер бисёр бад муаррифӣ шуда ва ҳатто ба унвони Покистониҳо ва мутаҷовизони иттилоотӣ шинохта мешаванд, чун 40 соласт, ки онҷои алайҳи толибон ва иморати исломӣ таблиғ мешавад.
Ҷабҳаи зиди толибон: толибон аз ғайринизомиёни панҷшер интиқом мегирад. Охунзода бо ишора ба густариши фақр дар Афғонистон аз тоҷирони афғони хост барои ҳали мушкилоти иқтисодӣ фаъол шаванд ва ба мушовирони иқтисодии худ низ дастур дод то заминиро барои саноат дар ихтиёри сармоягузорон қарор диҳанд ва бозор мева бисозанду истихроҷи маодинро дар дастури кор қарор диҳанд.