https://sputnik.tj/20220816/tolibon-vada-intiqol-terrorist-ukraina-peshgiri-1050742495.html
Толибон ваъда додаанд, ки аз интиқоли террористҳо ба Украина пешгирӣ мекунанд
Толибон ваъда додаанд, ки аз интиқоли террористҳо ба Украина пешгирӣ мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Толибон ваъда доданд, ки аз интиқоли ҷангиёни созмонҳои террористӣ ба Украина то ҳадди тавон ва имконот пешгирӣ хоҳанд кард 16.08.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-08-16T10:39+0500
2022-08-16T10:39+0500
2023-02-08T19:44+0500
толибон
афғонистон
украина
террористон
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/14/1042991159_0:0:2331:1312_1920x0_80_0_0_867757223e805a053231f2e1115af909.jpg
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Масъулини гуруҳи толибон кафолат доданд, ки дар доираи имконоти худ ба интиқоли ҷангиёни созмонҳои террористӣ, аз ҷумла ДОИШ* ба Украина иҷоза нахоҳанд дод.Дар ин бора Замир Кабулов, намояндаи вижаи раисиҷумҳури Русия дар Афғонистон, мудири бахши дуввуми Осиёии Раёсати вазорати корҳои хориҷии Русия дар мусоҳиба бо РИА Новости изҳор доштааст. Кобулов дар посух ба ин суол, ки оё Русия бо Толибон* дар робита ба далели гузоришҳо дар бораи ҷалби ҷангҷӯён аз ҷониби кишварҳои севум дар Афғонистон барои фиристодани онҳо ба Украина иртибот дошт, посухи мусбат дод.Аммо ин гуруҳ то куҷо ба тааҳудоти худ пойбанд мемонад суоли вақт аст.Дар ҳамин ҳол масъули ин гуруҳ зимни имзои шатномаи Доҳа ва баъдар ба сари қудрат расиданашон низ ба ҷаҳониён ваъда дода буданд, ки равобиташонро бо созмонҳои террористӣ қатъ мекунанд. Аммо қатли раҳбари "Алқоида"* дар дили Кобул бозгӯи нақзи тааҳудот буд.Ин гуруҳ ҳамзамон ваъда дода буд, ки аз марзҳои Афғонистон таҳдиде бар ҳамсоягон сурат нахоҳад гирифт, вале мушакандозиҳои чандинбора ма сарҳадоти Тоҷикистону Ӯзбекистон ва ҳамзамон даргириҳо бо Эрону Покистон ин ваъдаҳоро беарзиш мегардонад.*- барои амалиёти террористm таҳти таҳримоти СММ қарор дорад. **- Ташкилоти террористӣ, ки дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст
https://sputnik.tj/20220815/aghbar-afghoniston-hukumat-tolibon-panohgoh-terroriston-1050723645.html
афғонистон
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/14/1042991159_0:0:1963:1472_1920x0_80_0_0_0feb3c85ae634cf90790aef6e635d1f0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толибон интиқол террористҳо украина пешгирӣ
толибон интиқол террористҳо украина пешгирӣ
Толибон ваъда додаанд, ки аз интиқоли террористҳо ба Украина пешгирӣ мекунанд
10:39 16.08.2022 (Навсозишуда: 19:44 08.02.2023) Толибон ваъда доданд, ки аз интиқоли ҷангиёни созмонҳои террористӣ ба Украина то ҳадди тавон ва имконот пешгирӣ хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Масъулини гуруҳи толибон кафолат доданд, ки дар доираи имконоти худ ба интиқоли ҷангиёни созмонҳои террористӣ, аз ҷумла ДОИШ* ба Украина иҷоза нахоҳанд дод.
Дар ин бора Замир Кабулов, намояндаи вижаи раисиҷумҳури Русия дар Афғонистон, мудири бахши дуввуми Осиёии Раёсати вазорати корҳои хориҷии Русия дар мусоҳиба бо РИА Новости изҳор доштааст.
Кобулов дар посух ба ин суол, ки оё Русия бо Толибон* дар робита ба далели гузоришҳо дар бораи ҷалби ҷангҷӯён аз ҷониби кишварҳои севум дар Афғонистон барои фиристодани онҳо ба Украина иртибот дошт, посухи мусбат дод.
"Толибон кафолат додаанд, ки дар доираи зарфиятҳои воқеии худ иҷоза намедиҳанд. Ва онҳо комилан риёкор нестанд", - афзуд дипломати воломақом дар посух ба суоли дахлдор.
Аммо ин гуруҳ то куҷо ба тааҳудоти худ пойбанд мемонад суоли вақт аст.
Дар ҳамин ҳол масъули ин гуруҳ зимни имзои шатномаи Доҳа ва баъдар ба сари қудрат расиданашон низ ба ҷаҳониён ваъда дода буданд, ки равобиташонро бо созмонҳои террористӣ қатъ мекунанд. Аммо қатли раҳбари "Алқоида"* дар дили Кобул бозгӯи нақзи тааҳудот буд.
Ин гуруҳ ҳамзамон ваъда дода буд, ки аз марзҳои Афғонистон таҳдиде бар ҳамсоягон сурат нахоҳад гирифт, вале мушакандозиҳои чандинбора ма сарҳадоти Тоҷикистону Ӯзбекистон ва ҳамзамон даргириҳо бо Эрону Покистон ин ваъдаҳоро беарзиш мегардонад.
*- барои амалиёти террористm таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.
**- Ташкилоти террористӣ, ки дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст