Халилзод: Ҳузури Аззавоҳирӣ дар Кобул ба эътимоди миёни Амрико ва толибон осеб расонд

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкСпециальный представитель Госдепартамента США по афганскому урегулированию Залмай Халилзад
Специальный представитель Госдепартамента США по афганскому урегулированию Залмай Халилзад  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.08.2022
Обуна шудан
Намояндаи собиқи Амрико дар умури Афғонистон бар ин назар аст, ки ҳузури Аззавоҳирӣ дар Кобул боиси бурузи нобоварӣ дар миёни толибон ва ИМА шудааст
ДУШАНБЕ, 15 авг – Sputnik. Залмай Халилзод, намояндаи собиқи Амрико барои сулҳи Афғонистон, дар охирин мусоҳибаи худ ба муносибати солгарди дубора тасарруфи Афғонистон, гуфтааст, ҳузури Аззавоҳирӣ дар Кобул боиси нобоварии миёни толибон ва ИМА гардид.
Ӯ гуфтааст, ки дар сурати надодани тавзеҳи қонеъкунанда аз ҷониби ин гуруҳ метавонад ба иҷрои талабҳои толибон, аз ҷумла ба барқарор намудани муносибатҳо бо Вашингтон монеъ шавад.
Намояндаи собиқи Амрико дар умури Афғонистон гуфт, гузинаи низомии фишор ба толибон як гузинаи густурдае ба мисли ишғоли Афғонистон нест, аммо имкони амалиёти низомӣ барои мубориза бо терроризм ва дифоъ аз манофеи ИМА вуҷуд дорад.
Посол Афганистана в Таджикистане Мухаммад Захир Агбар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.08.2022
Ағбар: Афғонистон зери ҳукумати толибон ба паноҳгоҳи террористон табдил ёфтааст
Халилзод бо ишора ба ҷанги 18-солаи миёни Амрико ва толибон афзуд: сабабҳое, чун тағйири вазъи байналмилалӣ ва қимати баланди ҷанг, тадриҷан Амрикоро ба ин натиҷа овард, ки бояд бо ин гуруҳ вориди музокира шавад ва пас аз он толибон ва ҳукумати Афғонистон вориди музокира шуданд.
Вай афзуд, Трамп ва Байден ба ин натиҷа расидаанд, ки агар хуруҷи нерӯҳои Амрико аз Афғонистонро то замони ҳосил шудани тавофуқи сулҳ миёни гурӯҳҳои афғон ба таъхир гузоранд, шояд ин созиш ҳосил нашавад ва боиси боқӣ мондани нерӯҳои Амрико дар Афғонистон хоҳад шуд.
Ин ба бархӯрди ҳарду президент дар мавриди зарурати тарки Афғонистон мухолиф буд.
Салмон Алӣ Дӯстзода, коршиноси масоили сиёсӣ ва таҳлилгари масоили Афғонистон мегӯяд, яке аз тааҳҳудоти онҳо ба Амрико ин буд, ки ҳеҷ гоҳ ба иҷоза намедиҳанд Афғонистон ба лонаи терроризм табдил ёбад, аммо куштори Аззавоҳири ва лаб фурӯ бастани ин гуруҳ чизи дигарро рушан кард.
Ин кор ба андешаи коршинос бори дигар машруиятбахшӣ ба ин гуруҳро зери суол бурд
Лентаи хабарҳо
0