Аз субвенсионӣ баромаду саҳмгузор шуд: нақши ноҳияи Айнӣ

© Sputnik / Стас ЭтвешЭкономический рост, архивное фото
Экономический рост, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2022
Обуна шудан
Ноҳияи Айнӣ дар вилояти Суғд на танҳо аз шумори навоҳии субвенсионӣ берун шудааст, балки ҳоло дар радифи ноҳияҳои саҳмгузор (донор)-и иқтисодӣ қарор гирифтааст
ДУШАНБЕ, 19 авг – Sputnik. Айнӣ дар муқоиса ба 17 шаҳру навоҳии шимоли Тоҷикистон нақшаи даромади қисми буҷети давлатиро давоми шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҳама бештар ва ба андозаи 123,6% ба иҷро расонидааст. Ҳаҷми ҷамъоварии маблағҳои андозӣ дар ин ноҳия беш аз 196 млн. сомонӣ баробар шудааст, ки ин рақам аз нақшаи пешбинишуда бештар 37 млн. сомонӣ зиёд гуфта мешавад.
Абдуқаюм Воҳидов, сардори Идораи андоз дар вилояти Суғд нақши фаъолияти чандин корхонаи металургӣ дар Айниро барои хубу барзиёд иҷрошавии нақшаи андозӣ муассир хонд.
“Ин нишондод асосан аз ҳисоби корхонаҳои металургӣ, ки фоидаи зиёд гирифтанд ва фоизҳои андозбандиашон ҳам зиёд карда шуд ба даст омадааст. Аз ҳисоби рушди саноати кӯҳӣ натиҷаҳои иқтисодӣ хуб шуданд ва натиҷаҳои аз ин ҳам назаррастарро умедворем” – афзуд, сардори Идораи андоз.
Бино ба иттилоъи манбаъ дар нимсолаи аввали соли 2022 нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ дар Суғд ба андозаи 105,9% таъмин гардида, ба ҷойи 1 миллиарду 968 млн. сомонии нақшавӣ, ба буҷети давлатӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 2 млрд. 84,4 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 116,1 млн. сомонӣ ё худ 14,7% зиёд мебошад.
Врач в палате  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2022
Мақомоти Суғд гуфтанд, кадом ноҳияҳои вилоят ба камбуди пизишк мувоҷеҳанд
Нақшаи даромади қисми буҷети давлатӣ дар ҳамаи ноҳияҳо таъмин карда шудааст.
Ноҳияи Айнӣ то чанд соли қабл яке аз 12 шаҳру ноҳияҳои субвенсионии Суғд маҳсуб мешуд. Ҳоло ин ноҳия на танҳо аз ин феҳрист берун шудаву хароҷоти ҷории худашро таъмин карда метавонад, балки аз ноҳияҳои саҳмгузор (донор) и иқтисодӣ маҳсуб мешавад.
Масъулини ҳукумати вилояти Суғд ахиран шаҳру ноҳияҳои субвенсионӣ, хароҷотбарор ва саҳмгузорро номбар карданд.
Бар пояи иттилоъи Раёсати молияи ҳукумати Суғд, ҳоло аз 18 шаҳру навоҳии Суғд ҳоло 11-тои он субвенсионӣ маҳсуб мешавад.
“Инҳо шаҳру ноҳияҳои Ашт, Деваштич, Зафаробод, Конибодом, Кӯҳистони Мастчоҳ, Исфара, Истиқлол, Спитамен, Ҷ. Расулов, Шаҳристон, Мастчоҳ мебошанд, ки ҳамасола ба далели пӯшонида натавонистани хароҷоти худ аз ҳисоби буҷети вилоят маблағҳои субвенсионӣ мегиранд” – иттилоъ доданд, аз Раёсати молия.
Таджикские сомони - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.08.2022
Миллионҳо сомонӣ: идораҳои Суғд кай аз қарзҳои калони андозӣ халос мешаванд?
Инҳо навоҳие ба шумор мераванд, ки барои таъмин намудани хароҷоти ҷории худ танқисӣ мекашанд ва барои таъминоти соҳаҳои иҷтимоӣ дар ин шаҳру навоҳӣ маблағҳои субвенсионӣ интиқол дода мешавад.
Дар ин миён Истаравшан ягон шаҳр аст, ки даромади буҷеташ хароҷоти шаҳрро таъмин мекунад.
Ҳоло айнӣ, Бӯстону Гулистону Хуҷанд, Панҷакент ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз шашгонаи шаҳру навоҳии Суғд ба ҳисоб мераванд, ки қисми даромади буҷети маҳаллӣ нисбат ба хароҷоташон бештар буда ва барои пӯшондани хароҷоти дигар навоҳии вилоят саҳмгузор мебошанд.
Масъулони ҳукумати Суғд гуфтанд, ки як соли қабл дар умум ба 11 шаҳру ноҳия аз ҳисоби буҷаи вилоят 270 миллион сомонӣ маблағҳои субвенсионӣ интиқол дода шудааст.
Лентаи хабарҳо
0