Миллионҳо сомонӣ: идораҳои Суғд кай аз қарзҳои калони андозӣ халос мешаванд?

© Sputnik Таджикские сомони
Таджикские сомони - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.08.2022
Обуна шудан
Мақомоти андози Суғд дар рӯёнидани қарзи корхонаҳо муваффақ шудаанд, вале ҳамоно даҳҳо миллион сомонӣ аз қарзи пардохтнашудаи андоз боқӣ мондааст
ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Абдуқаюм Воҳидов, сардори Идораи андоз дар вилояти Суғд дар посух ба суоли рӯзноманигорон ҳаҷми маблағи қарз андоз ва теъдоди корхонаҳои қарздорро гуфт.
Бино ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд давоми шаш моҳи соли ҷорӣ шумори андозсупорандагони қарздор ба 655 корхона кам шудааст, вале ҳамоно 8096 корхонаҳо боқӣ мондаанд, ки аз андоз 84,7 миллион сомонӣ қарздоранд.
Воҳидов омори қарздоронро ироа намуд, ки қарзҳои бузург, ки марзи милионҳо сомониро убур мекунад, бештар аз ҳама ба корхонаҳои хизматрасонии хоҷагии манзилию комуналӣ ва идораҳои беҳдошти замин ва обёрӣ таалуқ дорад.
Портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.08.2022
Ифтитоҳи парванда алайҳи се корманди идораи андоз барои қаллобӣ ва суистифода аз мансаб
“Қарзи андоз дар хоҷагиҳои об, корхонаҳои зертобеъи Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ба 35 млн. сомонӣ баробар шуда, 25 млн. сомонии дигар ба қарзи корхонаҳои хизматрасонии комуналӣ, корхонаҳои тобеъи КВД "Хоҷагии манзилию комуналии об ва канализатсия" таалуқ дорад” – гуфт, Воҳидов.
Сардори Раёсати андоз дар вилояти Суғд чанд корхонаи давлатии қарздор аз андозро номбар кард.
Қарзи КВД Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд – 17, 9 миллион сомонӣ, КВД Хоҷагии манзилию комуналии шаҳри Исфара – 12,4 миллион сомонӣ, Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 6,3 миллион сомонӣ, Идораи обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Истаравшан – 4,6 миллион сомонӣ будааст.
Ҳамзамон ин ниҳоди давлатӣ иттилоъ дод, ки қарзи корхонаи фаръи обтаъминкунии минтақаи вилояти Суғд – 3,3 миллион сомонӣ, Муассисаи давлатии канали Хоҷабоқирғон – 2,9 миллион сомонӣ, ҶСК “Тоҷиктрансгаз” дар вилояти Суғд – 2,7 миллион сомонӣ, КВД Комуналии шаҳри Хуҷанд – 2,7 миллион сомонӣ, ҶДММ “Тоҷикнафт” - 2,8 миллион сомонӣ, Хоҷагии оби ноҳияи Ҷаббор Расулов - 2,3 миллион сомонӣ, Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Спитамен - 5 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Национальные флаги Узбекистана и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2022
Аз қонунгузории андоз то буҷет: мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Душанбе
Масъулони Идораи андоз мегуянд, бо мақсади дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои марбут ба коҳиш додани бақияи қарз, давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ як қатор чораҳои маҷбуран ситонидани қарзи андозро пиёда намуда аз ин ҳисоб 3,9 миллион сомонӣ ба буҷа руёнидаанд.
Идораи нозироти андоз хабар медиҳад, ки дар нимсоли аввали соли 2022 нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ ба андозаи 105,9 дарсад таъмин гардида ба ҷойи 1 миллиарду 968,2 милион сомонии нақшавӣ ба буҷети давлатӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 2 милллиарду 84,4 милион сомонӣ ворид карда шудааст.
Ин рақам нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 116,1 миллион сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 266,6 миллион сомонӣ ё худ 14,7 дарсад зиёд гуфта мешавад.
Лентаи хабарҳо
0