https://sputnik.tj/20220818/rubl-tojikiston-dollar-evro-1050786455.html
Рубл дар Тоҷикистон боло рафт: бо доллару евро чӣ шуд?
Рубл дар Тоҷикистон боло рафт: бо доллару евро чӣ шуд?
Sputnik Тоҷикистон
Қурби рубли русӣ, ки сар аз оғози ҳафта дар Тоҷикистон коҳиш меёфт, ҳамакнун боз майли гаронӣ дорад, аммо доллар баръакси он
2022-08-18T10:04+0500
2022-08-18T10:04+0500
2022-08-18T12:44+0500
қурби асъор
дар тоҷикистон
доллар
рубл
евро
сомонӣ
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/06/1043958448_0:150:2872:1766_1920x0_80_0_0_a610f6e4fa8438d9f4b70665e894c8a1.jpg
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.Тибқи нишондоди ин ниҳод арзиши пули русӣ дар бозори арзи кишвар каме боло рафта, ҳоло 1000 рубл 164,2 сомонӣ арзиш дорад.Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл дар кишвар 1000 рубл 163,5 сомонӣ арзиш дошт.Дар ҳамин ҳол вазъи пули амрикоӣ бошад, рӯ ба коҳиш дорад. Агар рӯзи қаблӣ як доллар дар сатҳи 10.2588 сомонӣ муаян шуда буд, ҳоло бошад 10.2585 муқаррар шудааст.Асъори аврупоӣ бошад, каме ҳам бошад рӯ ба афзоиш дорад. Тибқи иттилои Бонки миллӣ дар бозори арз барои як евро 10.4493 сомонӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз як рӯз пеш қурби евро 10.4158 сомонӣ муқаррар шуда буд.Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд. Аз ҷумла дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 160 сомонӣ ва зимни фурӯш 168 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харид 164,2 ва дар фурӯш 166,5 сомонӣ муайян намудааст. "Алифбонк" ҳазор рублро феълан бо нархи 142,5 сомонӣ мехараду ба ивази 147,5 сомонӣ мефурӯшад.Дар "Спитаменбонк" бошад, 1000 рубл зимни харид 164,2 ва ҳангоми фурӯш 167 сомонӣ қимат дорад.Дар ҳамин ҳол, Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
https://sputnik.tj/20220722/sharh-bonkdor-sarusado-dollar-tavsiya-sokinon-1050175027.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/06/1043958448_160:0:2713:1915_1920x0_80_0_0_86716fa691ffd25c47ba34009e2972dd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рубл тоҷикистон доллар евро
рубл тоҷикистон доллар евро
Рубл дар Тоҷикистон боло рафт: бо доллару евро чӣ шуд?
10:04 18.08.2022 (Навсозишуда: 12:44 18.08.2022) Қурби рубли русӣ, ки сар аз оғози ҳафта дар Тоҷикистон коҳиш меёфт, ҳамакнун боз майли болоравӣ дорад, аммо вазъи доллар баръакси он гуфта мешавад
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.
Тибқи нишондоди ин ниҳод арзиши пули русӣ дар бозори арзи кишвар каме боло рафта, ҳоло 1000 рубл 164,2 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл дар кишвар 1000 рубл 163,5 сомонӣ арзиш дошт.
Дар ҳамин ҳол вазъи пули амрикоӣ бошад, рӯ ба коҳиш дорад. Агар рӯзи қаблӣ як доллар дар сатҳи 10.2588 сомонӣ муаян шуда буд, ҳоло бошад 10.2585 муқаррар шудааст.
Асъори аврупоӣ бошад, каме ҳам бошад рӯ ба афзоиш дорад. Тибқи иттилои Бонки миллӣ дар бозори арз барои як евро 10.4493 сомонӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз як рӯз пеш қурби евро 10.4158 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд. Аз ҷумла дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 160 сомонӣ ва зимни фурӯш 168 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.
Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харид 164,2 ва дар фурӯш 166,5 сомонӣ муайян намудааст. "Алифбонк" ҳазор рублро феълан бо нархи 142,5 сомонӣ мехараду ба ивази 147,5 сомонӣ мефурӯшад.
Дар "Спитаменбонк" бошад, 1000 рубл зимни харид 164,2 ва ҳангоми фурӯш 167 сомонӣ қимат дорад.
Дар ҳамин ҳол, Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.