Шарҳи бонкдор дар бораи сарусадоҳо атрофи доллар ва тавсия ба сокинон

© Пресс-служба Президента Республики Таджикистан Сироджиддин Икроми глава "Аманатбонка" Таджикистана
 Сироджиддин Икроми глава Аманатбонка Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2022
Обуна шудан
Раиси "Амонатбонк" мегӯяд, сокинони кишвар дар ивази асъор бояд саросема нашаванд ва ба ҳар гуна овазаҳо бовар накунанд, ки зарар мебинанд
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Икромӣ Сироҷиддин, раиси Раёсати БДА ҶТ "Амонатбонк" сарусадоҳо дар Тоҷикистон дар бораи аз байн рафтани долларро шарҳ дод.
Ӯ зимни нишасти хабарияш гуфт, ки доллар чигунае, ки набошад дар ҷаҳон гардиш мекунад, ҳисоббаробаркуниҳо бо он сурат мегирад, аммо аз байн намеравад.
Ба гуфтаи Икромӣ таваҷҷуҳи сокинони кишвар ба доллар коҳиш ёфта, бештар ба пули миллӣ рӯ овардаанд.
"Аҳолии Тоҷикистон солҳои қаблӣ шикоят мекарданд, ки чаро ба мо доллар намефурӯшед ва ҳоло боз шикоят доранд, ки чаро доллари моро намехаред", - гуфт ӯ.
Номбурда сабаби навбатпойӣ назди банкоматҳо, камчинии сомониро ба якбора иваз кардани асъор аз сӯи сокинон рабт дод.
Монеты номиналом 1 рубль и 1 евро на фоне банкнот номиналом 1 доллар США и 5 евро. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2022
Тақвияти сомонӣ ва уфти се асъори маъмулӣ дар Тоҷикистон: бозори арз
Яке аз сабабҳои камчинии пули сомонӣ ва зиёдшавии аҳолӣ назди банкоматҳоро Икромӣ ивази доллар ба сомонӣ аз сӯи сокинон ва дар хонаҳзояшон захира кардани он рабт дод.
"Ҳатто нафароне буданд, ки дар бонк пасандози долларӣ доштанд ва он фоиз дошт, аммо аз баҳри фоиз ҳам гузаштаву асъорро иваз карда пасандози сомонӣ гузоштанд", - гуфт ӯ.
Гуфта мешавад, ин бонк танҳо дар ним сол беш аз 2,5 миллиар сомонӣ зиёд ба муомилот баровардааст, ки боз ҳам кам аст. Ин аз он шазҳодат медиҳад, ки мардум ба сомонӣ бештар таваҷҷуҳ кардаанд.
Номбурда гуфт, аҳолӣ бояд фирефтаи ҳар овоза нашаванд, ки худ зарар мебинанд ва дар чунин ҳолат фоида насиби ҳаннотон мегардад.
Лентаи хабарҳо
0