Вазорат профессореро раҳбари мактаби муосири русӣ дар Хуҷанд таъйин кард: ӯ кист?

© Бойгонии шахсии ХоҷаеваМубина Хоҷаева
Мубина Хоҷаева
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2022
Обуна шудан
Ӯ дорандаи унвони доктори илм буда, қаблан муовини ректор оид ба корҳои таълимии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон буд
ДУШАНБЕ, 17 авг – Sputnik. Мубина Хоҷаева, директори мактаби муосири Русия дар Хуҷанд таъйин шуд.
Ин профессори соҳаи педагогика то ин замон муовини ректор оид ба корҳои тарбияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон буд.
Ин таъйиноти кадрӣ бо фармони вазири маорифи Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо вазорати маорифи Русия сурат гирифтааст.
Директори мактаби муосири Русия дар Хуҷанд таъйин шудани Мубина Хоҷаеваро манобеи Sputnik Тоҷикистон аз Раёсати Вазорати маориф дар Суғд ба тасдиқ намуданд.
Рӯзи Дониш дар шаҳри Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2022
Мактабҳои муштараки Тоҷикистону Русия кай ба қабули хонандагон оғоз мекунанд?
Ба иттилои манбаъ, хонум Хоҷоаева дар ҷаласае, ки рӯзи 15 август бо ҳузур намояндагони боломақоми маорифи вилоят дар толори гимназияи № 1-и Хуҷанд баргузор гардид, раҳбари мактаби муосири Русия дар шаҳри Хуҷанд муаррифӣ карда шуд.

Хоҷаева, директори мактаби Русия дар Хуҷанд кист?

Ходҷаева Мубинахон Ҷалоловна санаи 16 феврали соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, хатмкардаи факултаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (собиқ Институти давлатии педагогии Ленинобод ба номи С. М. Киров) мебошад.
Ӯ соли 1990 фаъолияти меҳнатии худро ба ҳайси омӯзгори забон ва адабиёти рус дар гимназияи №13-и шаҳри Хуҷанд оғоз намуда, то соли 2014 дар мактабу омӯзишгоҳ ва донишгоҳи Хуҷанд дар вазифаҳои гуногун кор кардааст.
Дар соли 2014 бо фармоиши Вазири маориф ва илми Тоҷикистон муовини ректор оид ба корҳои тарбияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таъйин гардид.
Жители города Душанбе в парке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2022
Дипломати рус аз афзоиши сатҳи таваҷҷуҳ ба забони русӣ дар Тоҷикистон гуфт
Ӯ соли 2001 унвони номзади илмҳои педагогиро дарёфт карда, соли 2009 рисолаи докторияро ҳимоя намуда, худи ҳамин сол унвони профессориро низ соҳиб шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки сохтмони мактабҳои русӣ дар панҷ шаҳри кишвар - Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар идома дошта, ҳар кадоми онҳо тавони қабули беш аз 1200 хонандаро дорад.
Гуфта мешавад, Русия барои сохтмони ин мактабҳо 150 миллион доллар маблағ ихтисос додааст.
Сохтмони мактабҳои нав аз ҷониби Русия то поёни соли ҷорӣ ба анҷом расида, забони тадриси он русӣ буда шароити қабули худро барои довталабон дорад.
Лентаи хабарҳо
0