https://sputnik.tj/20220623/diplomat-rus-az-tavajjuh-zabon-rusi-dartojikiston-1049440933.html
Дипломати рус аз афзоиши сатҳи таваҷҷуҳ ба забони русӣ дар Тоҷикистон гуфт
Дипломати рус аз афзоиши сатҳи таваҷҷуҳ ба забони русӣ дар Тоҷикистон гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Сафири Русия гуфт, ки Федератсияи Русия аз таваҷҷуҳи тоҷикон ба омӯзиши забони русӣ дар мактабу донишгоҳҳои кишвар истиқбол ва дастгирӣ мекунад
2022-06-23T13:20+0500
2022-06-23T13:20+0500
2022-08-16T20:18+0500
дар тоҷикистон
дар русия
таваҷҷуҳ
забони русӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/16/1047875762_0:319:3072:2047_1920x0_80_0_0_68356478cc7836e15282c8ce7a42a7fd.jpg
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов мизони ҳамкориҳои башардӯстонаи Маскав ва Душанберо ситоиш кардааст, гузориш медиҳад хабаргузории “Известия”. Вай афзуд, Русия аз ин тамоюл истиқбол мекунад, зеро маҳз забони русӣ имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар як фазои ягонаи бисёрҷанба бо Русия ва ИДМ қарор дошта бошад. Лякин-Фролов ҳамчунин гуфт, ки ба сафорат пайваста дархостҳои зиёд ворид мешавад, ки ба мактабҳои маҳаллӣ интиқоли адабиёти таълимӣ ба забони русӣ сурат бигирад."Мо кӯшиш мекунем, ки то ҳадди имкон ин хоҳишҳоро иҷро кунем", - гуфт дипломат. Дар мавриди таoсилоти олӣ, Русия кумакро барои омода кардани кадрҳои баландихтисос идома медиҳад. Ҳамасола барои довталабони тоҷик 750 ҷойи буҷаи давлатӣ ҷудо мешавад ва барои ба 1000 нафар расондани шумораи онҳо пешбиниҳо карда шудааст. Ҳамзамон ӯ гуфт, ки 23 ҳазор ҷавони дигар аз Тоҷикистон мустақиман дар қаламрави Русия таҳсил мекунанд, ки беш аз нисфи онҳо ройгон фаро гирифта шудаанд. Дипломат афзуд, ки Русия бузургтарин донори ин ҷумҳурӣ дар заминаи кумакҳои байналмилалӣ барои рушд аст. Аз ин рӯ, дар тӯли чанд соли охир Федератсияи Русия ба бахши башардӯстонаи кишвар беш аз 82 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст. Гуфта мешавад, Русия бештар аз ним миллион нафар хонандагони синфҳои ибтидоии деҳоти ҷумҳуриро бо хӯроки солим дастгирӣ мекунад. Илова бар ин, ин маблағ барои таъмири ошхонаҳои мактабҳо ва бунёди гармхонаҳо сарф шудааст.
https://sputnik.tj/20220606/korshinos-muhimiyat-zabon-rusi-tojikistoniyon-1048976538.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/16/1047875762_227:0:2958:2048_1920x0_80_0_0_0e19060816aaef555f8660c44a928cca.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дипломат рус таваҷҷуҳ забон русӣ тоҷикистон
дипломат рус таваҷҷуҳ забон русӣ тоҷикистон
Дипломати рус аз афзоиши сатҳи таваҷҷуҳ ба забони русӣ дар Тоҷикистон гуфт
13:20 23.06.2022 (Навсозишуда: 20:18 16.08.2022) Сафири Русия гуфт, Федератсияи Русия аз таваҷҷуҳи тоҷикон ба омӯзиши забони русӣ дар мактабу донишгоҳҳои кишвар истиқбол ва ин иқдомро дастгирӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов мизони ҳамкориҳои башардӯстонаи Маскав ва Душанберо ситоиш кардааст, гузориш медиҳад хабаргузории “Известия”.
"Таҷрибаи кори ҳаррӯза нишон медиҳад, ки дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба гирифтани таҳсил ба забони русӣ - аз мактаби миёна то мактаби олӣ на коҳиш намеёбад, балки сол то сол меафзояд", - гуфт сафир.
Вай афзуд, Русия аз ин тамоюл истиқбол мекунад, зеро маҳз забони русӣ имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар як фазои ягонаи бисёрҷанба бо Русия ва ИДМ қарор дошта бошад.
Лякин-Фролов ҳамчунин гуфт, ки ба сафорат пайваста дархостҳои зиёд ворид мешавад, ки ба мактабҳои маҳаллӣ интиқоли адабиёти таълимӣ ба забони русӣ сурат бигирад.
"Мо кӯшиш мекунем, ки то ҳадди имкон ин хоҳишҳоро иҷро кунем", - гуфт дипломат.
Дар мавриди таoсилоти олӣ, Русия кумакро барои омода кардани кадрҳои баландихтисос идома медиҳад.
Ҳамасола барои довталабони тоҷик 750 ҷойи буҷаи давлатӣ ҷудо мешавад ва барои ба 1000 нафар расондани шумораи онҳо пешбиниҳо карда шудааст.
Ҳамзамон ӯ гуфт, ки 23 ҳазор ҷавони дигар аз Тоҷикистон мустақиман дар қаламрави Русия таҳсил мекунанд, ки беш аз нисфи онҳо ройгон фаро гирифта шудаанд.
Дипломат афзуд, ки Русия бузургтарин донори ин ҷумҳурӣ дар заминаи кумакҳои байналмилалӣ барои рушд аст. Аз ин рӯ, дар тӯли чанд соли охир Федератсияи Русия ба бахши башардӯстонаи кишвар беш аз 82 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.
Гуфта мешавад, Русия бештар аз ним миллион нафар хонандагони синфҳои ибтидоии деҳоти ҷумҳуриро бо хӯроки солим дастгирӣ мекунад. Илова бар ин, ин маблағ барои таъмири ошхонаҳои мактабҳо ва бунёди гармхонаҳо сарф шудааст.