https://sputnik.tj/20220719/maktab-tojikiston-rusiya-khonandagon-oghoz-1050095083.html
Мактабҳои муштараки Тоҷикистону Русия кай ба қабули хонандагон оғоз мекунанд?
Мактабҳои муштараки Тоҷикистону Русия кай ба қабули хонандагон оғоз мекунанд?
Sputnik Тоҷикистон
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон замони ифтитоҳи мактабҳои бунёдкардаи Русия дар ҷумҳурӣ ва вақти қабули хонандагон ба онҳоро эълон кард
2022-07-19T12:47+0500
2022-07-19T12:47+0500
2022-07-19T17:08+0500
дар тоҷикистон
маориф
таҳсил
мактаб
забони русӣ
қабул
хонанда
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/01/1041998053_0:0:1224:690_1920x0_80_0_0_51b5700b099fc160c7dc6f4808041c10.jpg
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Мактабҳои муштараки Русияву Тоҷикистон аз 1 августи соли равон ба қабули хонандагон оғоз мекунанд. Дар ин бора взири маорифи Тоҷикистон, Раҳим Саидзода, зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. Саидзода изҳор дошт, ки дари ҳамаи панҷ муассисаи таълимие, ки дар асоси созишнома миёни Тоҷикистон ва Русия дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бунёд гардиданд, аз оғози соли нави хониш ба рӯйи хонандагон боз мегардад. Ба таъкиди Раҳим Саидзода, аз якуми август қабули хонандагон дар ин муассисаҳо оғоз мешавад. Мактабҳои навбунёд пурра аз ҳисоби Русия дар шаҳрҳои Бохтар, Турсунзода, Душане, Хуҷанд ва Кӯлоб сохта шуда, имкони фарогирии 1200 хонанда ба таҳсил дар як вақтро доранд.Ин дар ҳолест, ки ахиран матни қарори ҳукумати Русия нашр шуд, ки тибқи он ҳаҷми умумии маблағ, ки барои ташкил ва фаъолияти мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 378 миллион рубл равона мегардад. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, дар як матлабе дар "Российская газета", ки ба муносибати 30-умин солгарди истиқрори равобити дипломатӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ нашр шуд, аз ифтитоҳи 5 мактаби русӣ дар Тоҷикистон аз 1 сентябр хабар дода буд.Ба гуфтаи ӯ, таҳсил дар мактабҳои русзабон имкон медиҳад, ки шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо шартҳои баробар ба донишгоҳҳои Русия дохил шаванд.Вазир афзуд, ҳамасола ҳудуди 160 ҳазор шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Русия таҳсил мекунанд, ки 60 ҳазор нафари онҳо аз ҳисоби буҷаи федералӣ мебошанд.
https://sputnik.tj/20220719/vazir-maorif-tojikiston-norizo-1050093253.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/01/1041998053_0:0:1088:816_1920x0_80_0_0_7b9c91ebd7b8705e89536869efa0dcfe.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қабул, хонанда, мактаб, русӣ, тоҷикистон
қабул, хонанда, мактаб, русӣ, тоҷикистон
Мактабҳои муштараки Тоҷикистону Русия кай ба қабули хонандагон оғоз мекунанд?
12:47 19.07.2022 (Навсозишуда: 17:08 19.07.2022) Вазири маориф ва илми Тоҷикистон замони ифтитоҳи мактабҳои бунёдкардаи Русия дар ҷумҳурӣ ва вақти қабули хонандагон барои тадрис дар онҳоро эълон кард
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Мактабҳои муштараки Русияву Тоҷикистон аз 1 августи соли равон ба қабули хонандагон оғоз мекунанд.
Дар ин бора взири маорифи Тоҷикистон, Раҳим Саидзода, зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Саидзода изҳор дошт, ки дари ҳамаи панҷ муассисаи таълимие, ки дар асоси созишнома миёни Тоҷикистон ва Русия дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бунёд гардиданд, аз оғози соли нави хониш ба рӯйи хонандагон боз мегардад.
Ба таъкиди Раҳим Саидзода, аз якуми август қабули хонандагон дар ин муассисаҳо оғоз мешавад.
Мактабҳои навбунёд пурра аз ҳисоби Русия дар шаҳрҳои Бохтар, Турсунзода, Душане, Хуҷанд ва Кӯлоб сохта шуда, имкони фарогирии 1200 хонанда ба таҳсил дар як вақтро доранд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран матни қарори ҳукумати Русия нашр шуд, ки тибқи он ҳаҷми умумии маблағ, ки барои ташкил ва фаъолияти мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 378 миллион рубл равона мегардад.
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, дар як матлабе дар "Российская газета", ки ба муносибати 30-умин солгарди истиқрори равобити дипломатӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ нашр шуд, аз ифтитоҳи 5 мактаби русӣ дар Тоҷикистон аз 1 сентябр хабар дода буд.
Ба гуфтаи ӯ, таҳсил дар мактабҳои русзабон имкон медиҳад, ки шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо шартҳои баробар ба донишгоҳҳои Русия дохил шаванд.
Вазир афзуд, ҳамасола ҳудуди 160 ҳазор шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Русия таҳсил мекунанд, ки 60 ҳазор нафари онҳо аз ҳисоби буҷаи федералӣ мебошанд.