https://sputnik.tj/20220816/putin-ima-munoqisha-ukraina-tamdid-1050747041.html
Путин: ИМА талош дорад, муноқиша дар Украина тамдид шавад
Путин: ИМА талош дорад, муноқиша дар Украина тамдид шавад
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Русия мегӯяд, вазъияти кунунӣ дар Украина аз он шаҳодат медиҳад, ки ИМА талош дорад ин муноқишаро тамдид кунад
2022-08-16T12:50+0500
2022-08-16T12:50+0500
2022-08-16T16:43+0500
владимир путин
има
украина
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/11/1049289402_0:0:3107:1748_1920x0_80_0_0_bf634ff86c1ec07e4093929864084c5a.jpg
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, вазъи Украина аз он шаҳодат медиҳад, ки ИМА талош дорад, ин муноқишаро тамдид кунад."Вазъият дар Украина аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Иёлоти Муттаҳида кӯшиш мекунад, ки ин низоъро тамдид кунад. Ва онҳо маҳз ҳамин тавр амал карда, эҳтимоли муноқишаро дар Осиё, Африқо ва Амрикои Лотинӣ таҳрик медиҳанд", - гуфт Путин.Ӯ ин нуктаро зимни суханронӣ дар ҳузури ширкаткунандагон ва меҳмонони Ҳамоиши X Маскав оид ба амнияти байналхалқӣ изҳор дошт.Маврид ба зикр аст, ки Анатолий Антонов, сафири Руися дар ИМА қаблан гуфт, ки кашонидани аслиҳа ба Украина як роҳи тамдиди муноқиша аст.Ӯ афзуд ИМА барои ба дарозо кашидани муноқиша манфиатдор аст, вагарна Киевро маҷбур месохт то сари мизи музокирот нишинад ва уҳдадориҳояшро иҷро намояд.Ҳамчунин Вячеслав Володин, раҳбари Думаи Давлатии Русия гуфта буд, ки мавқеи раисиҷумҳури ИМА ва сарони кишварҳои аврупоӣ ин аст, ки ҷанг дар Украина то ҳадди имкон идома ёбад.Русия 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард.Кишвардор Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом доданд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
https://sputnik.tj/20220721/istisno-putin-gharb-nazhodparast-istemor-1050162048.html
има
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/11/1049289402_26:0:2757:2048_1920x0_80_0_0_7e7cf00d45ecb512911f6564fdb54b21.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин има муноқиша украина тамдид
путин има муноқиша украина тамдид
Путин: ИМА талош дорад, муноқиша дар Украина тамдид шавад
12:50 16.08.2022 (Навсозишуда: 16:43 16.08.2022) Президенти Русия мегӯяд, вазъияти кунунӣ дар Украина аз он шаҳодат медиҳад, ки ИМА талош дорад, ин муноқишаро тамдид кунад
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, вазъи Украина аз он шаҳодат медиҳад, ки ИМА талош дорад, ин муноқишаро тамдид кунад.
"Вазъият дар Украина аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Иёлоти Муттаҳида кӯшиш мекунад, ки ин низоъро тамдид кунад. Ва онҳо маҳз ҳамин тавр амал карда, эҳтимоли муноқишаро дар Осиё, Африқо ва Амрикои Лотинӣ таҳрик медиҳанд", - гуфт Путин.
Ӯ ин нуктаро зимни суханронӣ дар ҳузури ширкаткунандагон ва меҳмонони Ҳамоиши X Маскав оид ба амнияти байналхалқӣ изҳор дошт.
Маврид ба зикр аст, ки Анатолий Антонов, сафири Руися дар ИМА қаблан гуфт, ки кашонидани аслиҳа ба Украина як роҳи тамдиди муноқиша аст.
Ӯ афзуд ИМА барои ба дарозо кашидани муноқиша манфиатдор аст, вагарна Киевро маҷбур месохт то сари мизи музокирот нишинад ва уҳдадориҳояшро иҷро намояд.
Ҳамчунин Вячеслав Володин, раҳбари Думаи Давлатии Русия гуфта буд, ки мавқеи раисиҷумҳури ИМА ва сарони кишварҳои аврупоӣ ин аст, ки ҷанг дар Украина то ҳадди имкон идома ёбад.
Русия 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард.
Кишвардор Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом доданд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.