https://sputnik.tj/20220721/istisno-putin-gharb-nazhodparast-istemor-1050162048.html
Истиснои истиноӣ: Путин Ғарбро ба нажодпарастӣ ва истеъмор муттаҳам кард
Истиснои истиноӣ: Путин Ғарбро ба нажодпарастӣ ва истеъмор муттаҳам кард
Sputnik Тоҷикистон
Ҳатто бисёре аз мунаққидони Ғарб, чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ, аксаран мегӯянд, ки Русия чизе барои пешниҳод ба ҷаҳон надорад
2022-07-21T20:20+0500
2022-07-21T20:20+0500
2022-07-21T20:20+0500
путин
ғарб
дар ҷаҳон
идеяи ғарб
сиёсати глобалӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/16/1049426602_0:188:3071:1916_1920x0_80_0_0_4fff1d790dfc3e4a81d1d06d6d4e8475.jpg
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik, Петр Акопов. Ин ба маънии идеяҳои нав ва симои оянда аст. Албатта, интиқод кардан хуб аст, аммо худи шумо ба ҷои модели харобшудаи англосаксонии ҷаҳонишавӣ чӣ доред? Чанде пеш Владимир Путин ваъда дода буд, ки дар як мақола ё суханронии вижа ба ин суол посух хоҳад дод, аммо ҳоло бори сеюм аст, ки дар ҳафтаҳои охир ба ҳар навъе болои мавзуи фарорасии даврони нав таъкид менамояд.Ҳамин тавр рӯзи чаҳоршанбе зимни суханронӣ дар форуми Оҷонсии ташаббусҳои стратегии пешбурди лоиҳаҳои нави "Ғояҳои қавӣ барои замони нав" президент бори дигар дар бораи тартиботи нави ҷаҳонӣ сухан гуфт, ки "тағйироти воқеии инқилобӣ ҳарчи бештар суръат гирифта истодааст".Путин муддати тӯлонӣ лоиҳаи ҷаҳонишавии атлантикиро интиқод мекард, аммо вақтҳои охир онро интиқодаш аз он бештару шадидтар шуд:"Модели ҳукмронии куллии ба истилоҳ миллиарди тилоӣ нодилона аст. Хуб, чаро бояд ин "миллиардҳои тилоӣ"-и аз тамоми аҳолии сайёра бар ҳама бартарӣ дошта бошад, қоидаҳои рафтори худро дар асоси иллюзияи истисноӣ ҷорӣ кунад? Он мардумро ба табақаҳои якум ва дуюм тақсим мекунад ва аз ин рӯ моҳиятан нажодпарастӣ ва истеъморӣ буда, идеологияи ҷаҳонгироӣ, ки гӯё либералӣ аст, хусусиятхои тоталитаризмро торафт бештар ба худ гирифта, ҷустуҷӯи халлоқонаву халлоқонаи озоди таърихиро боз медорад.Чунин таассурот пайдо мешавад, ки Ғарб наметавонад ба ҷаҳон модели ояндаи худро пешниҳод кунад. Бале, албатта, "миллиард тилоӣ" тасодуфан "тилоӣ" нашуд, бисёр талош кард, вале на танҳо ба шарофати баъзе идеяҳои амалишуда, балки аз ҳисоби ғорати дигар мардум, ҳам дар Осиё ва ҳам дар Африқо ба ин ҷойгоҳ расид. Аз ин рӯ имрӯз ҳам нухбагони ин “миллиардҳои тилоӣ” сахт метарсанд, ки дигар марказҳои рушди ҷаҳонӣ имконоти рушди худро пешниҳод мекунанд. Аммо новобаста аз он ки элитаи ғарбӣ ва фаромиллӣ барои нигоҳ доштани тартиботи мавҷуда чӣ қадар талош мекунанд, давраи нав, марҳалаи нави таърихи ҷаҳонӣ дар пеш аст".Яъне, "миллиард тилоӣ" танҳо аз идеяи инҳисори худ сарчашма намегирад, баки идеологияи он нажодпарастӣ, истеъмории нав буда, тадриҷан тоталитарӣ мешавад. Путин на танҳо либерализми ҷаҳонгароӣ, яъне ягона назарияи таълимоти дуруст, ояндаи дурахшони тамоми башариятро маҳкум мекунад, вай иттиҳомотеро, ки дар солҳои шӯравӣ сарварони мо гуфта буданд, қисман такрор мекунад. Он замон истилоҳи "глобализатсия" вуҷуд надошт ва Ғарбро танҳо "империалист" мегуфтанд, аммо маълум мешавад, ки Путин идеология ва таблиғоти коммунистиро дунбол мекунад? Ва онҳо (хусусан дар ИМА) дурустанд, ки барои онҳо байни ИҶШС ва Русияи имрӯза, миёни Сталину Путин фарқият вуҷуд надорад?Албатта, ИҶШС қариб ҳамеша идеология ва прагматизм, талоши инқилоби ҷаҳонӣ ва бозии геополитикиро бо ҳам мепайваст, аммо дар ҷаҳони ғайриғарбӣ симои кишвари мо ҳанӯз ҳам инқилобӣ аст. Чин, Ҳинд, Осиё, Африқо ва Амрикои Лотинӣ дар симои мо онҳоеро мебинанд, “қудратҳои ҷаҳониро ба чолиш” кашида, ба барпо намудани ҷаҳони одилона даъват мекунанд.Ва ҳоло ки давраи нимҳазорсолаи низоми ҷаҳонии ғарб ба поён мерасад, ин хотира дар бораи нақши мо дар таърихи асри 20 ба фоидаи мо хоҳад буд. Зеро мо ҳамеша Ғарбро барои нажодпарастӣ ва мустамликадорӣ танқид мекардем ва мардуми ҷаҳони ғайриғарбӣ медонанд, ки мо ин корро самимона ва софдилона кардем. Таноқуз дар он аст, ки барои ғайриғарбиҳо мо сафедпӯстем, яъне гӯё як қисми Ғарб ҳастем. Дар баробари ин тамоми давраи шӯравии таърихи мо фарқи куллии байни мо ва дигар одамони Ғарбро нишон дод. Далели онро, ки ин тафовут аз тафовути идеологӣ хеле амиқтар аст (ва ҳамеша вуҷуд дошт), ҷаҳони ғайриғарбӣ аслан намедонист ва намефаҳмид - бинобар ин вақте ИҶШС пош хӯрд ва кишвари мо тамоми мавқеъҳои худро дар ҷаҳон таслим кард, ҳалқҳои ҷануб чунин мепиндоштанд, ки русҳо акнун мисли ҳамаи дигар ғарбиҳо мешаванд.Аммо аллакай дар ин аср Русия бори дигар Ғарбро ба чолиш овард - аввал танҳо бо изҳори норозигии худ бо ҷаҳони якқутбӣ (суханронии Мюнхени Путин) ва сипас бо оғози сохтани сохторҳои бисёрҷонибаи алтернативӣ барои Ғарб. Оре, мо назар ба замони ИҶШС камтар нерӯ дорем, вале аз он вақт инҷониб дунёи ғайриғарбӣ хеле мустаҳкам гардид. Ва дар он ҷо онҳо на танҳо моро ҳамчун раҳбар ёд мекунанд, балки мебинанд, ки Владимир Путин чӣ гуна рафтор мекунад ва чӣ мегӯяд.Бале, на ӯ ва на дар маҷмуъ Русия ба ҷаҳони ғайриғарбӣ алтернативаи лоиҳаи сарбастаи ҷаҳонгароии англосаксонҳоро пешниҳод намекунанд, аммо ҳоло муҳим он аст, мо он чизеро, ки онро ғайриқобили қабул ва ғайриқобили амал медонем, намепазирем. Мо дигаронро даъват менамоем, ки дар ин бора бо мо розӣ шаванд — на барои он ки мо даъво мекунем, гегемонияи заиф шудаистодаро иваз кунем, балки мо даъват мекунем, дунёи нави "як инсоният бо як идея" барпо карда шавад. Ин, албатта, инқилоб дар миқёси ҷаҳонӣ нест, балки як пешниҳоди бениҳоят муҳим аст.Русия ҳамаро даъват мекунад, ки сарнавишти худро ба дасти худ бигиранд, яъне давлатҳои масъулиятшиносу соҳибистиқлол шаванд. Зеро "танҳо давлатҳои воқеии соҳибистиқлол метавонанд динамикаи баланди рушдро таъмин намуда, дар робита ба меъёр ва сифати зиндагии мардум, дар ҳифзи арзишҳои анъанавӣ ва идеалҳои баланди инсонпарварӣ, моделҳои рушд, ки дар он инсон ба васила табдил нашавад, барои дигарон намуна гарданд. Истиқлол ин озодии рушди миллист ва тавоноии ҳар як шахс дар алоҳидагӣ аст. Албатта, муҳимтарин ҷузъи соҳибихтиёрӣ ҷомеаи шаҳрвандии масъул, фаъол ва миллию дорои тафаккури миллӣ мебошад".Ин суханони Путин на танҳо ба Русия дахл доранд. Ва инҳо асосан ба аксарияти мутлақ, аз ҷумла қисми зиёди сокинони кишварҳои "миллиардҳои тилоӣ" мебошанд. Охир, мушкилот на дар онҳо, балки дар элитаи онҳост, ки дар ҳақиқат худро ҳуқуқи "чӯпони халқҳо" медиҳанд. Аммо дар бораи он фикр накунед, ки истисно низ ба самти муқобил кор мекунад - вақте ки ҳама шуморо истисно мекунанд.
https://sputnik.tj/20220714/adam-raqib-gharb-mushkil-putin-1049997606.html
https://sputnik.tj/20220719/putin-voridi-tehron-shud-1050105505.html
https://sputnik.tj/20220717/sobiq-sarvazir-britaniya-davra-hukmron-gharb-okhir-rasid-1050049882.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/16/1049426602_457:205:2914:2048_1920x0_80_0_0_e65b9e875fb7705dd606af61ad652ea2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
истисно, путин, ғарб, ҷаҳон, нажодпарастӣ, истеъмор, ҷаҳонгароӣ
истисно, путин, ғарб, ҷаҳон, нажодпарастӣ, истеъмор, ҷаҳонгароӣ
Истиснои истиноӣ: Путин Ғарбро ба нажодпарастӣ ва истеъмор муттаҳам кард
Ҳатто бисёре аз мунаққидони Ғарб, чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ, аксаран мегӯянд, ки Русия чизе барои пешниҳод кардан ба ҷаҳон надорад
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik, Петр Акопов. Ин ба маънии идеяҳои нав ва симои оянда аст. Албатта, интиқод кардан хуб аст, аммо худи шумо ба ҷои модели харобшудаи англосаксонии ҷаҳонишавӣ чӣ доред? Чанде пеш Владимир Путин ваъда дода буд, ки дар як мақола ё суханронии вижа ба ин суол посух хоҳад дод, аммо ҳоло бори сеюм аст, ки дар ҳафтаҳои охир ба ҳар навъе болои мавзуи фарорасии даврони нав таъкид менамояд.
Ҳамин тавр рӯзи чаҳоршанбе зимни суханронӣ дар форуми Оҷонсии ташаббусҳои стратегии пешбурди лоиҳаҳои нави "Ғояҳои қавӣ барои замони нав" президент бори дигар дар бораи тартиботи нави ҷаҳонӣ сухан гуфт, ки "тағйироти воқеии инқилобӣ ҳарчи бештар суръат гирифта истодааст".
"Ин дигаргуниҳои азим, албатта, бебозгаштанд. Ҳам дар сатҳи миллӣ, ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ асосҳо ва принсипҳои тартиботи мутаносиб, одилонатар, иҷтимоӣ ва бехатари ҷаҳон таҳия мешаванд, ки алтернативаи низоми якқутбии мавҷуд ё қаблан вуҷуддошта аст. Ҳол он ки низомӣ қаблӣ монеи ташаккули тамаддун хоҳад шуд”, - афзуд ӯ.
Путин муддати тӯлонӣ лоиҳаи ҷаҳонишавии атлантикиро интиқод мекард, аммо вақтҳои охир онро интиқодаш аз он бештару шадидтар шуд:
"Модели ҳукмронии куллии ба истилоҳ миллиарди тилоӣ нодилона аст. Хуб, чаро бояд ин "миллиардҳои тилоӣ"-и аз тамоми аҳолии сайёра бар ҳама бартарӣ дошта бошад, қоидаҳои рафтори худро дар асоси иллюзияи истисноӣ ҷорӣ кунад? Он мардумро ба табақаҳои якум ва дуюм тақсим мекунад ва аз ин рӯ моҳиятан нажодпарастӣ ва истеъморӣ буда, идеологияи ҷаҳонгироӣ, ки гӯё либералӣ аст, хусусиятхои тоталитаризмро торафт бештар ба худ гирифта, ҷустуҷӯи халлоқонаву халлоқонаи озоди таърихиро боз медорад.
Чунин таассурот пайдо мешавад, ки Ғарб наметавонад ба ҷаҳон модели ояндаи худро пешниҳод кунад. Бале, албатта, "миллиард тилоӣ" тасодуфан "тилоӣ" нашуд, бисёр талош кард, вале на танҳо ба шарофати баъзе идеяҳои амалишуда, балки аз ҳисоби ғорати дигар мардум, ҳам дар Осиё ва ҳам дар Африқо ба ин ҷойгоҳ расид. Аз ин рӯ имрӯз ҳам нухбагони ин “миллиардҳои тилоӣ” сахт метарсанд, ки дигар марказҳои рушди ҷаҳонӣ имконоти рушди худро пешниҳод мекунанд. Аммо новобаста аз он ки элитаи ғарбӣ ва фаромиллӣ барои нигоҳ доштани тартиботи мавҷуда чӣ қадар талош мекунанд, давраи нав, марҳалаи нави таърихи ҷаҳонӣ дар пеш аст".
Яъне, "миллиард тилоӣ" танҳо аз идеяи инҳисори худ сарчашма намегирад, баки идеологияи он нажодпарастӣ, истеъмории нав буда, тадриҷан тоталитарӣ мешавад. Путин на танҳо либерализми ҷаҳонгароӣ, яъне ягона назарияи таълимоти дуруст, ояндаи дурахшони тамоми башариятро маҳкум мекунад, вай иттиҳомотеро, ки дар солҳои шӯравӣ сарварони мо гуфта буданд, қисман такрор мекунад. Он замон истилоҳи "глобализатсия" вуҷуд надошт ва Ғарбро танҳо "империалист" мегуфтанд, аммо маълум мешавад, ки Путин идеология ва таблиғоти коммунистиро дунбол мекунад? Ва онҳо (хусусан дар ИМА) дурустанд, ки барои онҳо байни ИҶШС ва Русияи имрӯза, миёни Сталину Путин фарқият вуҷуд надорад?
Албатта, ИҶШС қариб ҳамеша идеология ва прагматизм, талоши инқилоби ҷаҳонӣ ва бозии геополитикиро бо ҳам мепайваст, аммо дар ҷаҳони ғайриғарбӣ симои кишвари мо ҳанӯз ҳам инқилобӣ аст. Чин, Ҳинд, Осиё, Африқо ва Амрикои Лотинӣ дар симои мо онҳоеро мебинанд, “қудратҳои ҷаҳониро ба чолиш” кашида, ба барпо намудани ҷаҳони одилона даъват мекунанд.
Ва ҳоло ки давраи нимҳазорсолаи низоми ҷаҳонии ғарб ба поён мерасад, ин хотира дар бораи нақши мо дар таърихи асри 20 ба фоидаи мо хоҳад буд. Зеро мо ҳамеша Ғарбро барои нажодпарастӣ ва мустамликадорӣ танқид мекардем ва мардуми ҷаҳони ғайриғарбӣ медонанд, ки мо ин корро самимона ва софдилона кардем. Таноқуз дар он аст, ки барои ғайриғарбиҳо мо сафедпӯстем, яъне гӯё як қисми Ғарб ҳастем. Дар баробари ин тамоми давраи шӯравии таърихи мо фарқи куллии байни мо ва дигар одамони Ғарбро нишон дод. Далели онро, ки ин тафовут аз тафовути идеологӣ хеле амиқтар аст (ва ҳамеша вуҷуд дошт), ҷаҳони ғайриғарбӣ аслан намедонист ва намефаҳмид - бинобар ин вақте ИҶШС пош хӯрд ва кишвари мо тамоми мавқеъҳои худро дар ҷаҳон таслим кард, ҳалқҳои ҷануб чунин мепиндоштанд, ки русҳо акнун мисли ҳамаи дигар ғарбиҳо мешаванд.
Аммо аллакай дар ин аср Русия бори дигар Ғарбро ба чолиш овард - аввал танҳо бо изҳори норозигии худ бо ҷаҳони якқутбӣ (суханронии Мюнхени Путин) ва сипас бо оғози сохтани сохторҳои бисёрҷонибаи алтернативӣ барои Ғарб. Оре, мо назар ба замони ИҶШС камтар нерӯ дорем, вале аз он вақт инҷониб дунёи ғайриғарбӣ хеле мустаҳкам гардид. Ва дар он ҷо онҳо на танҳо моро ҳамчун раҳбар ёд мекунанд, балки мебинанд, ки Владимир Путин чӣ гуна рафтор мекунад ва чӣ мегӯяд.
Бале, на ӯ ва на дар маҷмуъ Русия ба ҷаҳони ғайриғарбӣ алтернативаи лоиҳаи сарбастаи ҷаҳонгароии англосаксонҳоро пешниҳод намекунанд, аммо ҳоло муҳим он аст, мо он чизеро, ки онро ғайриқобили қабул ва ғайриқобили амал медонем, намепазирем. Мо дигаронро даъват менамоем, ки дар ин бора бо мо розӣ шаванд — на барои он ки мо даъво мекунем, гегемонияи заиф шудаистодаро иваз кунем, балки мо даъват мекунем, дунёи нави "як инсоният бо як идея" барпо карда шавад. Ин, албатта, инқилоб дар миқёси ҷаҳонӣ нест, балки як пешниҳоди бениҳоят муҳим аст.
Русия ҳамаро даъват мекунад, ки сарнавишти худро ба дасти худ бигиранд, яъне давлатҳои масъулиятшиносу соҳибистиқлол шаванд. Зеро "танҳо давлатҳои воқеии соҳибистиқлол метавонанд динамикаи баланди рушдро таъмин намуда, дар робита ба меъёр ва сифати зиндагии мардум, дар ҳифзи арзишҳои анъанавӣ ва идеалҳои баланди инсонпарварӣ, моделҳои рушд, ки дар он инсон ба васила табдил нашавад, барои дигарон намуна гарданд. Истиқлол ин озодии рушди миллист ва тавоноии ҳар як шахс дар алоҳидагӣ аст. Албатта, муҳимтарин ҷузъи соҳибихтиёрӣ ҷомеаи шаҳрвандии масъул, фаъол ва миллию дорои тафаккури миллӣ мебошад".
Ин суханони Путин на танҳо ба Русия дахл доранд. Ва инҳо асосан ба аксарияти мутлақ, аз ҷумла қисми зиёди сокинони кишварҳои "миллиардҳои тилоӣ" мебошанд. Охир, мушкилот на дар онҳо, балки дар элитаи онҳост, ки дар ҳақиқат худро ҳуқуқи "чӯпони халқҳо" медиҳанд. Аммо дар бораи он фикр накунед, ки истисно низ ба самти муқобил кор мекунад - вақте ки ҳама шуморо истисно мекунанд.