Як соли ба сари қудрат омадани толибон: Афғонистон ба кадом роҳ равон аст?

© Sputnik Московский формат консультаций по Афганистану
Московский формат консультаций по Афганистану - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.08.2022
Обуна шудан
Як сол аст, ки Афғонистон зери султаи толибон қарор дорад, аммо ин гурӯҳ то кунун натавонистааст, ки машруияи дохиливу хориҷиро ба даст орад
ДУШАНБЕ, 15 авг – Sputnik. Дар остонаи як солгарди ҳукмронии толибон бар Афғонистон Созмони Дидбони ҳуқуқи башар дар гузориши ахири худ онро "фалокатбор" номид ва гуфт, аз замони тасарруфи Афғонистон дар як соли пеш , онҳо чандин тааҳҳудоти эҳтироми ҳуқуқи башарро нақз кардаанд.
Ин гурӯҳ пас аз ба даст овардани қудрат дар Афғонистон, дари мактабҳоро ба рӯи духтарони болотар аз синфи шашум баста ва занони корманд дар идораҳои давлатиро маҷбур кардааст, ки дар хона бимонанд.
Иҷрокунандаи вазифаи вазири маорифи толибон хабарҳо дар бораи боз нашудани мактабҳои духтарона ба далели тағйири барномаи таълимро рад кард ва гуфт: “Мардум на ба таҳсили духтарон, балки ба баромадани духтарони худ аз хона ва фарҳанги Афғонистон хеле ҳассос аст".
Посол Афганистана в Таджикистане Мухаммад Захир Агбар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.08.2022
Ағбар: Афғонистон зери ҳукумати толибон ба паноҳгоҳи террористон табдил ёфтааст
Дар гузоришҳои пажӯҳишие, ки созмонҳои байнулмилалӣ нашр кардаанд, гуфта мешавад, ки толибон бар хилофи ваъдаи афв, куштори густурдаи интиқомӣ алайҳи кормандони собиқи давлатӣ ва нерӯҳои амниятии собиқи Афғонистонро анҷом додаанд.
Бисёре аз сарбозони ҳукумати собиқи Афғонистон аз тарси боздошт ва таъқиб ё шиканҷа шудан кишварро тарк кардаанд ва ё пинҳон шудаанд.
Дар гузориши ахири Намояндагии Созмони Милал дар Афғонистон (UNAMA), рӯзи панҷшанбеи 29-уми саратон гуфташудааст, ки 160 мавриди куштори ғайриқонунӣ, 187 мавриди боздошти худсарона, 23 мавриди боздошти ғайриқонунӣ, 56 мавриди шиканҷа ва бадрафтории маъмурони собиқи амниятӣ аз ҷониби толибон сабт шудааст.
Бо омадани ин гурӯҳ миллионҳо нафар бекор монданд ва муҳоҷират аз Афғонистон ба кишварҳои дигар афзоиш ёфт.
Дар сӯҳбати ахири Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури собиқи Афғонистон, бо Телевизиони Миллии Амрико гуфт, ки пас аз суқути Афғонистон ба дасти толибон, кишвар дар як вазъи фалокати иқтисодӣ қарор дорад.
Устод Ато Муҳаммади Нур, Маршал Дӯстум ва Муҳаммад Муҳаққиқ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.08.2022
Нахустин ҷаласаи Шӯрои муқовимати миллии Афғонистон бо ҳузури раҳбарони сиёсӣ: кӣ чӣ гуфт?
Хабаргузории Sputnik дар иртибот ба як солгарди ҳукмронии толибон дар Афғонистон дар бораи вазифаҳои ин гурӯҳ, сиёсати дохиливу хориҷии он, ҷабаҳоти зиддаш ва ҳаёту амнияти мардуми осоишта назароти коршиносонро гирдоварӣ кард.
Акмал Бақо, коршиноси сиёсӣ ва байналмилалӣ дар бораи ҳукумати яксолаи толибон дар Афғонистон гуфт, бо аз даст додани ҳукумат соли қабли фаси бадбахтии мардуи оғоз шуд, кишвар ба зиндоне табдил шуд, ки шиканҷа мешаванд.

Толибон ба зудӣ эътироф нахоҳанд шуд

Оқои Бақо афзуд, толибон барои машрӯъияти дохилӣ талоше накардаанд ва ба ин далел кишварҳои хориҷӣ ин гурӯҳро ба расмият нашинохтаанд.
"То замоне, ки гурӯҳе ҳукмронии худро дар дохили кишвар қонунӣ накунад, наметавонад ба машъулияти байнулмилалӣ даст ёбад", - афзуд коршинос.
Ба гуфтаи ин коршиноси сиёсӣ, толибон дар бархе аз кишварҳо бархе аз намояндагони худро таъйин кардаанд, аммо намояндагони толибон масунияти сиёсӣ надоранд. Вай ҳамчунин гуфт, ки бархе аз кишварҳо намояндагони толибонро пазируфтаанд ва баъзе равобит бо онҳо низ сурат мегирад, аммо масунияти сиёсӣ надоранд.
Боевики движения Талибан на месте взрыва в Сикхском храме в Кабуле, Афганиста - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.08.2022
Додфар Спинто ҳукмронии толибонро тиратарин сол дар таърихи Афғонистон хонд
Ба гуфтаи Акмал Бақо, ин гуруҳ ба зудӣ машруияти хориҷиро ба даст намеоранд. Покистон ба унвони наздиктарин кишвар ба толибони афғон шинохта шудааст. Гуфта мешавад, ки ҷангиёни ин гурӯҳ тайи ду даҳаи ахир дар Покистон паноҳ бурда ва дар мадрасаҳои динии ин кишвар омӯзиш дидаанд.
Муносибатҳои толибон ва Покистон ба ҳадде наздиканд, ки ҳатто бархе аз мунтақидони афғон онҳоро як гурӯҳи боэътимоди Покистон медонанд.Аммо Исломобод ҳамеша пуштибониаш аз толибонро рад мекунад.
“Толибон истиқлоли худро надоранд, онҳо мустақиман аз он тарафи хатти Дюранд фармон мегиранд ва сафири Покистон бо дасти кушода ба умури сиёсӣ ва амниятии Афғонистон дахолат мекунад", - афзуд коршинос.

Фақру бекорӣ домангири миллионҳо нафар

Дар бахши иқтисодӣ Бонки Ҷаҳонӣ ҳамчунин гузориш додааст, ки шаш кишвар, аз ҷумла Афғонистон, бо бӯҳрони ғизоӣ рӯбарӯ ҳастанд.
"Мутаассифона, 26 миллион нафар дар хатари фақр қарор доранд, мардум ҷои кор ва даромад надоранд ва ба далели мушкилоти иқтисодӣ ҳатто васоили рӯзгорашонро фурӯхтаанд", - афзуд коршинос.
Аз нигоҳи ӯ, равобити иқтисодии толибон бо кишварҳои дигар низ натиҷае надодааст: “Афғонистон ба зудӣ арзиши пулии худро аз даст медиҳад ва бозори воридоту содирот бо мушкилот рӯбарӯ мешавад ва фақрро беш аз пеш ба сари мардум таҳмил хоҳанд кард”.

Афғонистон лонаи озоди террористон

Аз сӯйи дигар, дар тавофуқи Доҳа бо Амрико, толибон тааҳҳуд кардаанд, ки равобит бо "Алқоида"*-ро қатъ мекунанд ва иҷоза намедиҳанд, ки гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон фаъолият кунанд, аммо чунин нашуд
Айман ал-Завоҳирӣ, раҳбари "Алқоида", рӯзи якшанбеи 9-уми август бар асари ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ дар минтақаи Ширпури шаҳри Кобул кушта шуд.
Амрулло Солех, заместитель президента Афганистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.08.2022
Солеҳ: Ҷасади Аззавоҳирӣ пинҳонӣ дар Қандаҳор дафн шуд аст
Оқои Бақо дар ин замина гуфт: "Афғонистон амалан ба лонаи террористҳо табдил шудааст, куштори раҳбари "Алқоида" дар Кобул, қатли Хуросонӣ, раҳбари толибони Покистон дар ҷануб, таҳдиди мушакҳо аз шимоли Афғонистон ба Тоҷикистону Узбакистон ва ҳамлаҳои ахири интиҳорӣ алайҳи шиъаҳо шаҳодати ин аст, ки метавонад барои мардуми Афғонистон ва минтақа ва берун аз он хатари бузурге бошад".

Ҷабҳаи муқовимат ва сарнавишти он

Баъди суқути ҷумҳурӣ ягона нерӯе, ки зидди толибон истод шуд, Ҷабҳаи муқовимати миллӣ таҳти фармони Аҳмад Масъуд дар Панҷшер буд. Ҳарчанд Ҷабҳаи муқовимат ва толибон дар аввал ба музокирот ворид шуданд, аммо пас аз нокомии музокира ин гуруҳ ҳамла ба Панҷшерро оғоз карданд ва пас аз чанд рӯзи дигар эълом карданд, ки ин вилоятро комилан тасарруф кардаанд.
Нерӯҳои муқовимати миллӣ мегӯянд, ки Панҷшер комилан суқут нарафтааст ва муқовимат идома дорад.
Дар ҳамин ҳол, Акмал Бақо мегӯяд, ки Ҷабҳаи муқовимати миллӣ то ҳол интизориҳои мардумро иҷро накардааст, вале аз таъсиси ин ҷабҳа чанде аст, бояд ба оянда умед ба ӯ дошта бошем.
Ахмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2022
Аҳмад Масъуд: Ба ҷуз аз мубориза ҳеҷ гузинаи дигаре барои толибон надорем
Ӯ гуфт, ки ҶММ рӯз то рӯз қавӣ мешавад ва одамон низ кушиш мекунанд, ки ба ин муқовимат ёрӣ расонанд.
"Агар ҷабҳа дар як меҳвари бузурги сиёсӣ ва як ҳалқаи дурусти сиёсӣ, дар майдони набард, дар арсаи дипломатия ва сиёсат як қадам ба пеш гузорад, ман итминон дорам, ки ба зудӣ ба комёбиҳои бузург ноил хоҳанд шуд. Аммо агар одамони нокомро дар атрофи худ нигоҳ доранд, маҳбубияти худро аз даст медиҳанд", - гуфт таҳлилгар.

Толибон афғонистонро ба куҷо мебаранд?

Аз сӯйи дигар, Салмон Алӣ Дӯстзода, коршиноси масоили сиёсӣ, дар бораи фаъолиятҳои толибон дар як соли ахир гуфт, бо вуруди ин гуруҳ мардум сахт дар ҳайрат афтоданд.
Мардум интизор буданд, ки музокироти сулҳе ки дар сатхи байналалқӣ барои Афғонистон риоя карда мешуд, боиси сулху осоиш мешавад, аммо бо ризоияти яктарафаи истихбороти ИМА ва дастнишондодаш Қатар сарнавишти мардум ба дасти ин гуруҳ супурда шуд.
Оқои Дӯстзода афзуд, аз замони ҳукмронии толибон дар Афғонистон як сол сипарӣ мешавад, аммо дар ин муддат онҳо натавонистаанд машруияи дохилиро ба даст оранд. Вай ҳамчунин гуфт, толибон ҳуқуқи шаҳрвандони Афғонистонро ба назар намегиранд ва аз ҷумла ҳуқуқи занонро поймол карда, ва ин ки иқтисоди онҳо чӣ гуна маблағгузорӣ мешавад норушан аст.
Мушкилоти дигар ин аст, ки яке аз тааҳҳудоти онҳо ба Амрико ин буд, ки ҳеҷ гоҳ ба иҷоза намедиҳанд Афғонистон ба лонаи терроризм табдил ёбад, аммо куштори Аззавоҳири ва лаб фурӯ бастани ин гуруҳ чизи дигарро рушан кард. Ин кор бори дигар машруиятбахшӣ ба ин гуруҳро зери суол бурд
Маршал Абдул-Рашид Дустум - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2022
Дӯстум: Моро гурӯҳи толибон шикаст надод, Ғанӣ паймоншиканӣ кард
Ҷаноби Дӯстзода гуфт, вазъи Афғонистон ҳеҷ дурнамое надорад, ки Афғонистонро ба суи шукуфоӣ ва роҳат мебарад, мо то ояндаи наздик ин дурнамоҳоро нахоҳем дид.
Маврид ба зикр аст, ки шаби 14 август ниҳоят нишасти чеҳраҳои зиддитолибон зери унвони Шӯрои муқовимат доир шуд.
Дар ин ҷаласа аз ҷумла Абдулрашид Дӯстум, Муҳаммад Муҳаққиқ, Салоҳиддин Раббонӣ, Аҳмад Масъуд, Исмоилхон, Ато Муҳаммади Нур ва Юнус Қонунӣ ширкат карданд.
Юнус Қонунӣ, яке аз аъзои Шӯрои муқовимати миллии Афғонистон, дар нишасти маҷозии раҳбарияти ин шӯро ҳушдор дод, ки агар толибон ба ҷанг пофишорӣ кунанд ва ба хости мардум итоат накунанд, муқовимат саросарӣ хоҳад шуд.
Аммо коршиносон мегӯянд, толибон ягон гуфтушуниро намепазиранд ва барои сари мизи музокира шинонидани онон нерӯе баробар лозим аст.
Қаблан низ Аҳмад Масъуд раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон гуфт, чорае ҷуз мубориза надоранд, чунин толибон ҳозир ба гуфтушунид нестанд.
*-Созмони террористӣ, ки фаҳолияташ дар Тоҷикистон ва Русия мамнуъ аст.
Лентаи хабарҳо
0