Нахустин ҷаласаи Шӯрои муқовимати миллии Афғонистон бо ҳузури раҳбарони сиёсӣ: кӣ чӣ гуфт?

© facebook/Ata Mohammad NoorУстод Ато Муҳаммади Нур, Маршал Дӯстум ва Муҳаммад Муҳаққиқ
Устод Ато Муҳаммади Нур, Маршал Дӯстум ва Муҳаммад Муҳаққиқ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.08.2022
Обуна шудан
Сиёсатмадорони шинохтаи Афғонистон мегӯянд, агар толибон ба хости мардум кор накунанд ва ба набарду куштани мардум идома диҳанд, муқовиматро сартосарӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 15 авг – Sputnik. Сиёсатмадорони мухолифи толибон дар як нишасти маҷозӣ гуфтанд, ки тамоми нерӯҳоро дар дохил ва хориҷи ин кишвар ҳамоҳанг мекунанд, то фишори ҳаддиаксарӣ болои гурӯҳи толибон ворид кунанд.
Дар ин нишасти маҷозӣ, ки ба таври мустақим тавассути телевизиони байналмилалии "Afganistan International" шаби 14 август пахш шуд, чеҳраҳои саршиноси сиёсии мухолифи толибон, аз ҷумла Абдуррашид Дӯстум, Муҳаммад Муҳаққиқ, Салоҳиддин Раббонӣ, Аҳмад Масъуд, Исмоилхон, Ато Муҳаммади Нур ва Юнус Қонунӣ ширкат карданд.
Юнус Қонунӣ, яке аз аъзои Шӯрои муқовимати миллии Афғонистон дар нишасти маҷозии раҳбарияти ин шӯро ҳушдор дод, ки агар толибон ба ҷанг пофишорӣ кунанд ва ба хости мардум итоат накунанд, муқовимат саросарӣ хоҳад шуд.
Аҳмад Масъуд ҳамчунин гуфт, ки таъсиси Шӯрои раҳбарони муқовимат қадами аввал барои муборизаи густарда алайҳи толибон аст.
Ҷаноби Масъуд гуфт, Ҷабҳаи муқовимати миллӣ талош дорад, тамоми гурӯҳҳоро барои ҳалли мушкили Афғонистон муттаҳид созад.
Дар ин нишаст ӯ афзуд, Шӯрои муқовимати миллӣ як эътилофи бузург аст ва таъсиси онро иқдоми нахустин барои муқовимати густарда алайҳи толибону терроризм хонд.
"Агар мо нахезему қиём накунем, ҳеҷ кишваре ба кумаки мо нахоҳад омад", - гуфт Масъуд.
Оқои Қонунӣ, ки раёсати ин нишастро бар уҳда дошт, дар посух ба суоли хабарнигори "Afganistan International" гуфт, ин шӯро саъй дорад, бо фишори сиёсӣ дар қадами аввал толибонро маҷбур кунад, то ба хости мардум тамкин кунад.
Омодагии Шӯрои олии муқовимати Афғонистон барои гуфтугӯ бо толибҳо
Вай таъкид кард, ки агар толибон ба хости мардум итоат накунанд ва ба набарду куштани мардум идома диҳанд, чораи дигаре ҷуз муқовимат ва паҳн кардани он дар саросари Афғонистон боқӣ нахоҳад монд.
Ӯ афзуд, Шӯрои олии муқовимати миллии Афғонистон як чатр барои ҳама нерӯҳои мухолифи толибон дар Афғонистон хоҳад буд.

"Пирони сиёсӣ, ки ин чатрро офаридаанд, бо тамоми нерӯҳо ҳастанд ва бидуни тафовут як хатти ягона ташкил кардаанд", - таъкид кард Қонунӣ.

Ин сиёсатмадори зидди толибон ҳамчунин гуфт, ин шӯро тасмим гирифтааст, ки тамоми нерӯҳоро дар дохил ва хориҷи кишвар ҳамоҳанг созад, то ҳадди аксари фишорро болои гурӯҳи толибон таҳмил намояд.
"Агар Ашраф Ғанӣ ба маслиҳати ин раҳбарон гӯш медод, Афғонистон бо фоҷиаи 15 август рӯ ба рӯ намешуд", - афзуд ӯ дар нишасти маҷозии ин шӯро.
Гуфтугӯи роҳбарони сиёсӣ барои эҷоди эътилофи зидди толибон
Муовини собиқи раисҷумҳури Афғонистон низ толибонро ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ як гурӯҳи ғайриқонунӣ номид ва гуфт, Афғонистон бар асари тавтеа суқут кардааст.
Лентаи хабарҳо
0