Додфар Спинто ҳукмронии толибонро тиратарин сол дар таърихи Афғонистон хонд

© AP / Ebrahim NorooziБоевики движения "Талибан" на месте взрыва в Сикхском храме в Кабуле, Афганиста
Боевики движения Талибан на месте взрыва в Сикхском храме в Кабуле, Афганиста - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.08.2022
Обуна шудан
Мушовири собиқи Шӯрои амнияти Афғонистон навиштааст, толибон дар ин кишвар боиси тағйироти бесобиқаи дарднок дар сарнавишти миллионҳо нафар кишвар шудаанд
ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Рангин Додфар Спинто, мушовири собиқи Шӯрои амнияти Афғонистон, дар Твиттери худ ҳукмронии яксолаи Толибонро "ғасби қудрат, ҳукмронии ғайриқонунӣ ва золимона бар мардум" хондааст.
Ӯ афзуд, ки поксозии қавмӣ ва мазҳабӣ ва душманӣ ба озодӣ ба сиёсати ҳамарӯза ва мунтазами онҳо (толибон) табдил ёфтааст.
Мушовири собиқи Шӯрои Амнияти Афғонистон ҳукмронии яксолаи толибонро, ки бо чолишҳои зиёд ҳамроҳ буд, "талх, ғамангез ва тиратарин сол дар таърихи Афғонистон" номид.
Бывший президент Афганистана Ашраф Гани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2022
Ғанӣ: Бо фирор аз Афғонистон толибонро аз “лаззати таҳқири як раисҷумҳур” маҳрум кардам
Вай афзуд, ҳукмронии ин гуруҳ дар Афғонистон боиси тағйироти бесобиқаи дарднок дар сарнавишти миллионҳо шаҳрванди ин кишвар шудааст.
Доктор Сипанто бо ишора ба тахриби он чи дар ду даҳаи ахир дар Афғонистон сохта шуда буд, аз ҷумла ҳуқуқи башар, озодии баён ва демократия гуфт, тамоми дастовардҳои бист соли гузашта, ки бо қурбониҳои сангин ба даст омадаанд, комилан нобуд карда шуд.
Ин сиёсатмадори собиқадор бидуни зикри номи ин кишвар гуфт, “Дардовартаринаш ин аст, ки Афғонистонро амалан як ҳамсояе ишғол кардааст, ки ним аср боз орзуи ба васоят гирифтани ин кишвар ва хароб кардани ниҳодҳои миллӣ ва ҳукумати онро дорад".
Мушовири собиқи Шӯрои Амнияти Афғонистон изҳори умедворӣ карда ва таъкид кардааст, ки "онҳое, ки ба ватани худ содиқанд, рисолати худро медонанд ва худро барои муборизаи устувор омода мекунанд".
Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи Толибон рӯзи 15-уми август пас аз фирори Ашраф Ғанӣ вориди Кобул шуда, ба ҷуз аз Панҷшер дар ҳама вилоятҳо назорати худ эълон карданд.
Лентаи хабарҳо
0