https://sputnik.tj/20220813/bor-tojikiston-peshsaf-rushd-iqtisod-1050685309.html
БРАО: Тоҷикистон яке аз пешсафон дар рушди иқтисод аст
БРАО: Тоҷикистон яке аз пешсафон дар рушди иқтисод аст
Sputnik Тоҷикистон
Дар байни шаш кишвари узви Бонки рушди Авруосиё ҷумҳурӣ нишондиҳандаҳои пешқадами пешрафти иқтисодии устуворро нишон медиҳад
2022-08-13T10:00+0500
2022-08-13T10:00+0500
2022-08-16T18:51+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
бор
рушд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102794/81/1027948123_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_21f027dae1004c367b52b5318c39c8d5.jpg
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Рушди устувори ММД дар Тоҷикистон - 7,4% дар як сол идома дорад, омадааст дар Шарҳи макроиқтисодии БРАО барои моҳи августи соли 2022.Тамоюли мушобеҳ дар минтақаи бонкӣ дар Арманистон - 11,8%, Қазоқистон - 3,4% ва Қирғизистон - 6,3% мушоҳида шудааст. Дар ҳамин ҳол, Русия ва Беларус коҳишро сабт кардаанд - мутаносибан 0,5% ва 4,2% солона. Ба гуфтаи Евгений Винокуров, сариқтисодчии Бонки рушди Авруосиё аксари кишварҳо ба шарофати сиёсати ҳавасмандгардонии мақомот, гаронии нархи захираҳои энергетикӣ, металлҳо ва маҳсулоти кишоварзӣ натиҷаҳои қавӣ ба даст оварда шудаанд.Винокуров қайд мекунад, ки аз рӯи натиҷаҳои соли ҷорӣ пешгӯиҳои тараққиёти иқтисодии мамлакатҳои иштироккунандаи ин бонк беҳтар хоҳанд шуд. Баррасии алоҳида ба Тоҷикистон ишора карда, нишон медиҳад, ки бахшҳои асосии иқтисодиёти кишвар аз нигоҳи рушд саноат – 17,3% ва кишоварзӣ – 7,2% дар як сол мебошад. "Рушди ММД-и Тоҷикистон дар соли 2022 метавонад аз пешбинии моҳи май 4,2% болотар бошад", — гуфта мешавад дар гузориш.Дар ҳамин ҳол, тибқи натоиҷи моҳҳои январ-майи соли 2022 буҷети давлатӣ 800 миллион сомонӣ фоида ба даст овардааст. Як сол пеш аз ин дар ҳамин давра 100 миллионро ташкил дода буд. Афзоиш аз ҳисоби рушди даромад 13,6% дар як сол то 12,1 миллиард сомонӣ дар заминаи афзоиши ММД имконпазир гардид. Дар баробари ин, таваррум аз 7,5 фоиз дар моҳи май то ба 8,3 фоиз дар моҳи июн хеле суръат гирифта, аз доираи пешбининамудаи Бонки миллӣ берун баромад. Сабаби онро коршиносон ба 38,3% боло рафтани нархи орд рабт медиҳанд. Ёдовар мешавем, ки мақомоти Тоҷикистон то соли 2025 афзоиши мушаххаси ММД-ро то 26% ва то соли 2030 то 30% дар назар доранд.
https://sputnik.tj/20220622/iqtisod-tojikiston-sol-2024-chi-intizor-ast-1049432735.html
https://sputnik.tj/20220408/mmd-tojikiston-afzoish-1047468354.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102794/81/1027948123_254:0:1694:1080_1920x0_80_0_0_187a948c8f7841e3405f9c366d2073ff.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
брао тоҷикистон пешсаф рушд иқтисод
брао тоҷикистон пешсаф рушд иқтисод
БРАО: Тоҷикистон яке аз пешсафон дар рушди иқтисод аст
10:00 13.08.2022 (Навсозишуда: 18:51 16.08.2022) Дар байни шаш кишвари узви Бонки Рушди Авруосиё ҷумҳурӣ нишондиҳандаҳои пешқадами пешрафти иқтисодии устуворро нишон медиҳад
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Рушди устувори ММД дар Тоҷикистон - 7,4% дар як сол идома дорад, омадааст дар Шарҳи макроиқтисодии БРАО барои моҳи августи соли 2022.
Тамоюли мушобеҳ дар минтақаи бонкӣ дар Арманистон - 11,8%, Қазоқистон - 3,4% ва Қирғизистон - 6,3% мушоҳида шудааст. Дар ҳамин ҳол, Русия ва Беларус коҳишро сабт кардаанд - мутаносибан 0,5% ва 4,2% солона.
Ба гуфтаи Евгений Винокуров, сариқтисодчии Бонки рушди Авруосиё аксари кишварҳо ба шарофати сиёсати ҳавасмандгардонии мақомот, гаронии нархи захираҳои энергетикӣ, металлҳо ва маҳсулоти кишоварзӣ натиҷаҳои қавӣ ба даст оварда шудаанд.
"Дар маҷмӯъ, ММД дар минтақаи БРАО дар нимсолаи аввали соли 2022 дар сатҳи ҳамин давраи соли гузашта боқӣ монд", - омадааст дар гузориш.
Винокуров қайд мекунад, ки аз рӯи натиҷаҳои соли ҷорӣ пешгӯиҳои тараққиёти иқтисодии мамлакатҳои иштироккунандаи ин бонк беҳтар хоҳанд шуд.
Баррасии алоҳида ба Тоҷикистон ишора карда, нишон медиҳад, ки бахшҳои асосии иқтисодиёти кишвар аз нигоҳи рушд саноат – 17,3% ва кишоварзӣ – 7,2% дар як сол мебошад.
"Рушди ММД-и Тоҷикистон дар соли 2022 метавонад аз пешбинии моҳи май 4,2% болотар бошад", — гуфта мешавад дар гузориш.
Дар ҳамин ҳол, тибқи натоиҷи моҳҳои январ-майи соли 2022 буҷети давлатӣ 800 миллион сомонӣ фоида ба даст овардааст. Як сол пеш аз ин дар ҳамин давра 100 миллионро ташкил дода буд.
Афзоиш аз ҳисоби рушди даромад 13,6% дар як сол то 12,1 миллиард сомонӣ дар заминаи афзоиши ММД имконпазир гардид.
Дар баробари ин, таваррум аз 7,5 фоиз дар моҳи май то ба 8,3 фоиз дар моҳи июн хеле суръат гирифта, аз доираи пешбининамудаи Бонки миллӣ берун баромад. Сабаби онро коршиносон ба 38,3% боло рафтани нархи орд рабт медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки мақомоти Тоҷикистон то соли 2025 афзоиши мушаххаси ММД-ро то 26% ва то соли 2030 то 30% дар назар доранд.