Небензия: Киев ҷаҳонро ба фалокати ҳастаӣ мебарад

© Sputnik Запорожская АЭС
Запорожская АЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2022
Обуна шудан
Намояндаи доимии Русия дар СММ гуфт, ҳамлаҳои Киев ба таъсисоти ҳастаии Запороже ҷаҳонро дар остонаи як фалокати ҳастаӣ қарор додаанд
ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Ҳамлаҳои ҷиноии Киев ба мавзеъҳои ҳастаӣ ҷаҳонро ба остонаи як фалокати ҳастаӣ меоранд, ки аз лиҳози миқёс бо Чернобил муқоиса мешавад.
Дар ин бора Василий Небензия, намояндаи доимии Русия дар Созмони Милали Муттаҳид, дар нишасти Шӯрои амнияти ин ниҳод гуфт.
Небензя ҳамчунин таъкид кард, ки Русия дар робита ба Украина дар маърази ҷанги дурӯғ қарор аст.
“Имрӯз ҳеҷ яке аз кишварҳои ғарбӣ ҷуръат накард, иқрор шавад, ки нирӯҳои Украина истгоҳи ҳастаии Запорожеро бомбаборон мекунанд", - таъкид кард ӯ.
Онҳо иддао доранд, ки мо ягона тарафе ҳастем, ки хатарҳоро ба вуҷуд овард, аммо дар бораи бомбборони истгоҳ аз ҷониби нерӯҳои Украина лаб фурӯ бастаанд.
Ин як мантиқи ғайривоқеӣ ва нодуруст алайҳи мост, вале мо ба он одат кардаем, зеро дар тӯли ним сол ҷангҳои иттилоотии дурӯғинро алайҳи худ дидаем.
Вай қайд кард, ки кишварҳои ғарбӣ ҳангоми баррасии масоили мухталифи марбут ба Украина тактикаи хоси худро доранд ва мекӯшанд, ки масъулияти ҳама чизеро, ки дар минтақаи ҷанг рух медиҳад, ба дӯши Русия вогузор кунанд.
Ӯ гуфт, ба шарофати артиши Русия фалокат дар нерӯгоҳи атомии Запороже пешгирӣ мешавад. Агар онҳо ин объектро тарк кунанд, Киев метавонад ин нерӯгоҳро барои иғвоҳои даҳшатбор истифода барад.
Запорожская АЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.08.2022
Дабири кулли СММ ҳамалот ба нерӯгоҳи барқи ҳастаии Запорожеро худкушӣ номид
Ба таъкиди мавсуф, низомиёни Русия дар ҳамоҳангӣ бо кормандони ин нерӯгоҳ рӯз то рӯз аз ҳамлаҳои режими Киев ба ин иншоот ҳимоят мекунанд.
"Мо борҳо ба ҳамкасбони ғарбии худ ҳушдор додаем, ки агар онҳо режими Киевро ба худ наоваранд, он ба аъмоли даҳшатноктарин даст хоҳанд зад, ки паёмадҳои он берун аз марзҳои Украинаро фаро хоҳад гирифт. Мутаассифона, маҳз ҳамин чиз ҳоло рух дода истодааст", - изҳор дошт дипломат.
Ёдовар мешавем, ахиран Владимир Рагов, сухангӯи ҳукумати вилояти Запороже дар саҳифаи телеграммаи худ навишт, ки ҳамлаҳо ба нерӯгоҳҳои атомӣ бо истифода аз силоҳ ва тӯпҳои сангин аз соҳили рости Днепр, аз қаламрави вилояти Днепропетровск, аз маҳалҳои аҳолинишини Никопол , Марганец ва Томаковка, тахти назорати режими Зеленский анчом дода мешавад.
Лентаи хабарҳо
0