Ифтитоҳи биноҳои нави КДАМ ва ВКД дар Истаравшан

© PixabayКлючи от дома
Ключи от дома - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни сафари кориаш ба шаҳри Истаравшан чанд иншооти муҳим, аз ҷумла биноҳои нави шуъбаҳои КДАМ ва ВКД-ро ифтитоҳ кард
ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни сафараш ба шаҳи Истаравшан бинои нави шуъбаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллиро дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд ифтитоҳ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Тибқи иттилои манбаъ, бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Истаравшан дар доираи нақшаи чорабиниҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ сохта шудааст.
Бинои навбунёди шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Истаравшан аз 3 ошёна иборат аст.
Эмомалӣ Раҳмон дар Истаравшан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2022
Раҳмон дар шаҳри Истаравшан корхонаи нави бисёрсоҳавии саноатӣ ифтитоҳ кард
Ҳамчунин тибқи иттилои манбаъ, барои таъмини кормандони ин ниҳод бо манзили зист дар ошёнаи 3-юми бино 4 хонаи истиқоматӣ бо тамоми шароити зисту зиндагонӣ муҳайё карда шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо утоқҳои корӣ ва дигар шароити фароҳамгардида кормандони КДАМ-ро барои хизмати софдилона ба нафъи давлату миллат ҳидоят кард.
Инчунин раисҷумҳури кишвар дар шаҳри Истаравшан бинои нави шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро дар шаҳри Истаравшан ифтитоҳ кард.
Иншооти мазкур аз се ошёна, иборат буда, дар масоҳати умумии зиёда аз 900 метри мураббаъ сохта шудааст.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон прилетел в Согдийскую область - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2022
Эмомалӣ Раҳмон сафари корияш дар шимоли Тоҷикистонро аз шаҳри Бӯстон оғоз кард
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки бо мақсади дастгирии кормандон ва таъмини онҳо бо манзили истиқоматӣ, дар ошёнаи 3-юми бинои тозабунёд 4 хонаи 2 ҳуҷрадори муҷаҳҳаз бо тамоми шароити зисту зиндагонӣ сохта шудааст.
Бинои шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан бо талаботи замон бунёд шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо бинои нав, кормандони милитсияро барои садоқатмандона хизмат кардан ба Ватан, саҳм гузоштан дар коҳиш ёфтани сатҳи ҷинояткорӣ, пешгирии он, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ҳидоят кард.
Лентаи хабарҳо
0