Эмомалӣ Раҳмон сафари корияш дар шимоли Тоҷикистонро аз шаҳри Бӯстон оғоз кард

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон прилетел в Согдийскую область
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон прилетел в Согдийскую область - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2022
Обуна шудан
Президент тайи ин сафари корияш иншооти навро ифтитоҳ карда, ба сатҳи истеҳсол ва таъминоти бозор бо маводи озуқаворӣ шинос гашта, бо сокинон мулоқот мекунад
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 9 август вориди маркази шимолии кишвар шаҳри Хуҷанд шуд.
Гуфта мешавад, дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар масъулон истиқбол гирифтаанд.
Президент сафари кориро нахуст аз шаҳри Бӯстон оғоз карда, дар ин ҷой Филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вилоятро ифтитоҳ кард, хабар медиҳад, дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.
Гуфта мешавад, ки филиали Агентӣ аз маъмурият, бахши илмӣ-таҳқиқотӣ ва хизматрасониҳои техникӣ, бахши иҷозатномадиҳӣ, санҷиш ва вокуниш ба садамаҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ иборат аст.
Знак Стоп, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2022
Эълони чаҳор рӯзи роҳбандӣ дар Суғд: аз кай ва дар кадом шаҳру ноҳияҳо
Гуфта мешавад, марказ бо талаботҳои муосир бунёд шуда, дар он озмоишгоҳҳои радиохимия ва спектрометрия бо таҷҳизоти муосири ченкунии фони радиатсионӣ, дозаи радиатсионӣ ва гузаронидани таҳлилҳо, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ муҷаҳҳаз карда шудааст.
Раисҷумҳур зимни ифтитоҳи ин марказ гуфтааст, ки таъкид доштанд, ки ин ниҳоди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун мақоми танзимгари давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии ядроӣ, радиатсионӣ ва ҳамоҳангсози амнияти химиявӣ ва биологӣ нақши муҳим дорад.
Гуфта мешавад, ки филиали Агентӣ дар танзими давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии ядроӣ, радиатсионӣ ва ҳамоҳанг сохтани кор дар самти амнияти химиявӣ ва биологӣ дар вилояти Суғд нақши муҳим дорад.
Лентаи хабарҳо
0