Аз қонунгузории андоз то буҷет: мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Душанбе

© Foto / Пресс-служба Президента УзбекистанаНациональные флаги Узбекистана и Таджикистана
Национальные флаги Узбекистана и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2022
Обуна шудан
Вазири молияи Тоҷикистон бо муовини вазири молияи Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе татбиқи барномаи ҳамкорӣ дар самтҳои мухталифро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуотии Вазорати молияи Тоҷикистон, ахиран дар шаҳри Душанбе мулоқоти Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон во Дилшод Султанов, муовини Вазири молияи Узбекистон, ки бо сафарӣ корӣ дар Душанбе қарор дошт, мулоқот кард.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин дидор тарафҳо вобаста ба татбиқи барномаи ҳамкорӣ, аз ҷумла баргузории мубодилаи таҷриба миёни кормандони ду ниҳод дар самтҳои қонунгузории андоз, дурнамосозии даромади буҷети давлатӣ, муносибатҳои байнибуҷетӣ, идоракунии молияи давлатӣ ва ғайра мубодилаи афкор намуданд.
Руки с углём - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2022
Зиёд шудани содироти ангишти Тоҷикистон ба Покистон, Афғонистон ва Ӯзбекистон
Ҳамзамон дар доираи сафари корӣ муовини Вазири молияи Ӯзбекистон Дилшод Султанов бо муовинони Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ ва Сарвар Қурбониён мулоқот кардааст, ки зимни он масъалаҳои идоракунии қарзи давлатӣ, рушди бозори қоғазҳои қиматнок, пешбурди сиёсати фискалӣ, банақшагирии буҷети соҳаҳои иҷтимоӣ ва ғайра табодули назар сурат гирифт.
Бояд гуфт, ки дар доираи барномаи ҳамкорӣ барои соли 2022, ки дар заминаи татбиқи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ӯзбекистон таҳия ва тасдиқ гардидааст, аз 13 то 16 июли соли 2022 ҳайати намояндагони Вазорати молияи ӯзбекистон таҳти роҳбарии муовини Вазири молияи ин кишвар Дилшод Султанов бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дошт.
Лентаи хабарҳо
0