https://sputnik.tj/20220808/bozdoshti-se-kormandi-andoz-dar-sughd-baroi-qalobi-va-suistifodai-mansab-1050575006.html
Ифтитоҳи парванда алайҳи се корманди идораи андоз барои қаллобӣ ва суистифода аз мансаб
Ифтитоҳи парванда алайҳи се корманди идораи андоз барои қаллобӣ ва суистифода аз мансаб
Sputnik Тоҷикистон
Сатҳи фасоди молӣ дар бахши андоз дар Суғд рӯ ба афзоиш аст. Масъулини болоии ин соҳа расман боздошти се кормандашонро тасдиқ карданд
2022-08-08T17:00+0500
2022-08-08T17:00+0500
2022-08-08T21:34+0500
дар тоҷикистон
кумитаи андоз
суғд
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
боздошт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101453/75/1014537583_0:0:1600:901_1920x0_80_0_0_bc2a803c5fff9043f2ed83e3f508341b.jpg
ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Мақомот зарфи шаш моҳи соли ҷорӣ се икорманди Раёсати андоз дар вилояти Суғдро дастгир кардаанд.Наимҷон Комилзода, мудири шуъбаи кадрҳои Раёсати нозироти андози вилоят зимни нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, ки боздоштшудаҳо кормандони шуъбаҳои ин ниҳод дар шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷакент ва Истаравшан мебошанд.Ба иттилои манбаъ, онҳо дар қаллобӣ муттаҳам гашта, алайҳашон бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои "б", "в" парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст.Ба иттилои манбаъ, сатҳи фасоди молӣ дар ин идора нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ бештар шудааст.Ин дарҳолест, ки ахиран Ожонси мубориза бо фасод дар Тоҷикистон аз боздошти Б.С. як корманди идораи андоз дар шаҳри Исфара хабар медиҳад, ки ба сӯистифода аз мақоми хизматӣ ва қаллобӣ муттаҳам мешавад.Боздоштшуда, ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи сармутахассиси гурӯҳи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони бо патент фаъолияткунандаи шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Нозироти андоз дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд кор карда даст ба чунин амал задааст."Зимни фаъолияти кориаш бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ бо истифода аз мақоми хизматӣ аз шаҳрванд “А” барои рӯйпӯш намудани қонунвайронкуниаш маблағи 5000 сомонӣ талаб намудааст", - афзудааст манбаъ.Гуфта мешавад, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ–тафтишотӣ Б.С баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 5000 сомонӣ дар ҷои ҳодиса дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати дастгиршуда бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.Маврид ба зикр аст, ки моддаи 247 қаллобӣ буда, бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ солро пешбинӣ мекунад. Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Тоҷикистон ҳоло 64 сомонӣ ҳисоб мешавад.
https://sputnik.tj/20220503/bozdosht-nozir-andoz-poragiri-sohibkor-faoliyat-1048148081.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101453/75/1014537583_218:0:1455:928_1920x0_80_0_0_9fc7031e0f47104133c930eab0e3b775.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
боздошт корманд андоз суғд қалобӣ сӯистифода мансаб
боздошт корманд андоз суғд қалобӣ сӯистифода мансаб
Ифтитоҳи парванда алайҳи се корманди идораи андоз барои қаллобӣ ва суистифода аз мансаб
17:00 08.08.2022 (Навсозишуда: 21:34 08.08.2022) Сатҳи фасоди молӣ дар бахши андоз дар Суғд рӯ ба афзоиш аст. Масъулини болоии ин соҳа боздошти се нафар аз кормандашонро расман тасдиқ карданд
ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Мақомот зарфи шаш моҳи соли ҷорӣ се икорманди Раёсати андоз дар вилояти Суғдро дастгир кардаанд.
Наимҷон Комилзода, мудири шуъбаи кадрҳои Раёсати нозироти андози вилоят зимни нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, ки боздоштшудаҳо кормандони шуъбаҳои ин ниҳод дар шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷакент ва Истаравшан мебошанд.
Ба иттилои манбаъ, онҳо дар қаллобӣ муттаҳам гашта, алайҳашон бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои "б", "в" парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст.
Ба иттилои манбаъ, сатҳи фасоди молӣ дар ин идора нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ бештар шудааст.
Ин дарҳолест, ки ахиран Ожонси мубориза бо фасод дар Тоҷикистон аз боздошти Б.С. як корманди идораи андоз дар шаҳри Исфара хабар медиҳад, ки ба сӯистифода аз мақоми хизматӣ ва қаллобӣ муттаҳам мешавад.
Боздоштшуда, ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи сармутахассиси гурӯҳи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони бо патент фаъолияткунандаи шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Нозироти андоз дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд кор карда даст ба чунин амал задааст.
"Зимни фаъолияти кориаш бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ бо истифода аз мақоми хизматӣ аз шаҳрванд “А” барои рӯйпӯш намудани қонунвайронкуниаш маблағи 5000 сомонӣ талаб намудааст", - афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ–тафтишотӣ Б.С баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 5000 сомонӣ дар ҷои ҳодиса дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати дастгиршуда бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.
Маврид ба зикр аст, ки моддаи 247 қаллобӣ буда, бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ солро пешбинӣ мекунад. Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Тоҷикистон ҳоло 64 сомонӣ ҳисоб мешавад.