Путин Эрдуғонро ба нишасти СҲШ ба Ӯзбекистон даъват кард

© Sputnik / Sergei Savostyanov/Pool / Гузариш ба медиабонкПрезидент Турции Реджеп Тайип Эрдоган на совместном с президентом Ирана Эбрахимом Раиси и президентом РФ Владимиром Путиным заявлении для прессы
Президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган на совместном с президентом Ирана Эбрахимом Раиси и президентом РФ Владимиром Путиным заявлении для прессы  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.08.2022
Обуна шудан
Роҳбари Туркия эълон кард, раисҷумҳури Русия ӯро ба ҷаласаи Созмони Ҳамркории Шанхай, ки моҳи сентябр дар Ӯзбекистон баргузор мешвад, даъват кардааст
ДУШАНБЕ, 7 авг – Sputnik. Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия баъд аз бозгашташ аз Сочӣ гуфт, ҳамтои русаш Владимир Путин ӯро моҳи сентябр ба нишасти СҲШ, ки қарор аст дар Ӯзбакистон баргузор шавад, даъват кардааст.
Ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ 15-16 сентябр дар Самарқанд баргузор мешавад.
"Моҳи сентябр дар Ӯзбекистон мулоқоти панҷгонаи Шанхай баргузор мешавад. Зимни мулоқоти мо (дар Сочи) ҷаноби Путин низ пурсид: агар имкон бошад, дар ин нишаст умедворам ширкат кунед. Вай гуфт, намояндагони Чин, Арабистони Саудӣ ва Қатар меоянд. Мо талош хоҳем кард, ки бо онҳо бошем”, - гуфт Эрдуғон.
Президент РФ В. Путин встретился с президентом Турции Р. Эрдоганом   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2022
Нукоти калидии баёнияи муштарак Путину Эрдуғон
Роҳбари Туркия изҳори умедворӣ кард, ки дар ин ҷаласа хоҳад буд, агар ягон рӯйдоди фавқулоддае набошад.
СҲШ як созмони байнулмилалӣ аст, ки соли 2001 аз ҷониби раҳбарони Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон таъсис ёфтааст.
Кишварҳои нозир дар СҲШ Афғонистон, Беларус ва Муғулистон, ҳамзамон кишварҳои шарики Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка мебошанд.
Ҳоло ба СҲШ ҳашт кишвар – Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Покистон ва Ӯзбекистон шомиланд.
Лентаи хабарҳо
0