Нукоти калидии баёнияи муштарак Путину Эрдуғон

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин встретился с президентом Турции Р. Эрдоганом
Президент РФ В. Путин встретился с президентом Турции Р. Эрдоганом   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2022
Обуна шудан
Музокироти чорсоатаии руасои ҷумҳурҳои Русия ва Туркия дар Сочӣ ба поён расид ва пас аз музокирот ду роҳбар баёнияи муштарак эълон карданд
ДУШАНБЕ, 6 авг – Sputnik. Дмитрий Песков, сухангӯи Кохи Кремлин гуфт, ки музокироти руасоиҷумҳури Русия ва Туркия, ки ахиран дар Сочи баргузор шуд, бо гузашт беш аз 4 соат ба поён расид.
Владимир Путин ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, руасоиҷумҳури Русия ва Туркия бар аҳамияти равобити созанда байни Маскав ва Анкара дар инъиқоди тавофуқномаҳои рафъи маҳдудиятҳои содироти ғаллот таъкид карданд.
Дар баёнияи муштарак пас аз дидори руасоиҷумҳури Русия ва Туркия омадааст: "Раҳбарон нақши муҳими равобити созанда байни ду кишварро дар инъиқоди ибтикори амали содироти эмини ғаллот аз бандарҳои Украина мавриди таъкид қарор доданд" .
Встреча президента России Владимира Путина с великим аятоллой Али Хаменеи и с президентом Ирана Эбрахимом Раиси в Тегеране  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2022
Тавсифи Теҳрон аз сиёсати Путин: Хирадмандтар аз Ғарб аст
Дар ин музокирот руасоиҷумҳури Русия ва Туркия низ рӯйи аҳамияти ҳифзи ҳайати сиёсӣ ва тамомияти арзии Сурия низ таъкид карданд.
Баёния меафзояд: "аз ҷумла мавзуоти матраҳшуда ҳаводиси ахири Сурия низ буд. Тарафайн таъкид карданд, ки барои пешбурди раванди сиёсӣ аҳамияти зиёде қоил ҳастанд. Аҳамияти ҳифзи ваҳдати сиёсӣ ва тамомияти арзии Сурия хотирнишон шуд, азми ду кишвар барои иқдоми муштарак ва дар ҳамоҳангии наздик бо якдигар дар мубориза бо ҳамаи созмонҳои террористӣ муҷаддадан мавриди таъкид қарор гирифт".
Таъкиди руасоиҷумҳури Русия ва Туркия рӯйи тавсеаи бештари равобити дуҷониба дар идомаи ин баёния омадааст: "алорақми чолишҳои кунунии минтақа ва ҷаҳонӣ, раҳбарон бар иродаи муштараки худ барои тавсеаи бештари равобити Русия ва Туркия бар асоси эҳтиром ба расмият шинохтани манофеи мутақобил ва мутобиқ бо тааҳудоти байналмилалии худ таъкид карданд".
Лентаи хабарҳо
0