Аз рублу доллар то евро: эълони қурби асъор дар Тоҷикистон

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузариш ба медиабонк6244337
6244337 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2022
Обуна шудан
Қурби рубл коҳишёбиро аз поёни ҳафтаи қаблӣ оғоз карда, онро идома медиҳад. Арзиши ин асъор тайи рӯзҳои истироҳатӣ беш аз ду сомонӣ коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши пули русӣ дар бозори арзи кишвар коҳиш ёфта, ҳоло 1000 рубл 163 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки қабл аз рӯзҳои истироҳатӣ барои 1000 рубл 164 сомонӣ медоданд.
Дар мавриди вазъи пули амрикоӣ бошад, он низ чун рӯзҳои қаблӣ коҳиши тадриҷӣ дорад. Ҳоло дар кишвар як доллар 10.2653 сомонӣ арзиш дорад.
Асъори аврупоӣ бошад, баръакс сар аз ҳафтаи қаблӣ нишондоди мусбатро давом медиҳад. Тибқи иттилои Бонки миллӣ дар бозори арз барои як евро 10.5178 сомонӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл 10.4528 сомонӣ муқаррар шуда буд
Дар мавриди қурби қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ, Бонки миллӣ иттилоъ додаст, 1 доллари ИМА аз 10.2653 то 10.2600 сомонӣ, 1 евро аз 10.5178 то 10.5000 сомонӣ, 1 рубли русӣ аз 0.1632 то 0.1665 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
Доллары на блюде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2022
БМТ гуфт, дар ним сол доллар дар баробари сомонӣ чӣ қадар поин рафт
Дар зимн ин ниҳод ҳушдор додааст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст. Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Раванди устуворшавии пули миллӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки ахиран Сироҷиддин Икром, раиси "Амонатбонк" гуфт, таваҷҷуҳ ва эътимоди аҳолӣ ба сомонӣ бештар шудааст.
"Ҳатто нафароне буданд, ки дар бонк пасандози долларӣ доштанд ва он фоиз дошт, аммо аз баҳри фоиз ҳам гузаштаву асъорро иваз карда пасандози сомонӣ гузоштанд", - гуфт ӯ.
Гуфта мешавад, ин бонк танҳо дар ним сол беш аз 2,5 миллиард сомонӣ зиёд ба муомилот баровардааст, ки боз ҳам кам аст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мардум ба сомонӣ бештар таваҷҷуҳ кардаанд, афзуданд масъулини "Амонатбонк".
Лентаи хабарҳо
0