БМТ гуфт, дар ним сол доллар дар баробари сомонӣ чӣ қадар поин рафт

© Sputnik / Стас ЭтвешДоллары на блюде
Доллары на блюде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2022
Обуна шудан
Бонки миллии ҷумҳурӣ гуфт, ки қурби пули амрикоӣ дар шаш моҳи охир дар муқоиса бо шаш моҳи аввали соли 2021 чӣ гуна тағйир ёфтааст
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Аз моҳи январ то июни соли 2022 қурби доллар дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 поин рафт.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ намояндагони Бонки миллии кишвар хабар доданд.
Ҳамин тариқ, аули амрикоӣ дар шаш моҳ 6,57% (аз 11,30 сомонӣ ба 10,55) поин рафт.
Ин дар ҳолест, ки дар моҳҳои январ-июни соли 2021 қурби доллар дар Тоҷикистон 0,18% нисбат ба сомонӣ боло рафта буд.
Тибқи нишондоди ахири Бонки миллии ҷумҳурӣ рӯзи 18 июл як доллар 10,40 сомонӣ арзёбӣ мешавад. Ин асъор тайи ду ҳафта аст, ки коҳишёбиро идома медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, рубл оромии ҳафтаи гузаштаро паси сар карда, 50 дирам боло рафт. Ҳамин тавр, ҳазор рубл 171,5 сомонӣ арзиш дорад.
Евро бошад, 18-уми июл каме гарон шуда, ба 10,48 сомонӣ расид.
Доллар и евро - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2022
"Ин ҳанӯз поёни кор нест". Тақдири евро ва доллар дар оянда чӣ мешавад?
Ёдовар мешавем, ки моҳи майи соли 2022 қурби доллар дар Тоҷикистон якбора 14,9% боло рафт. Ин асъор аз 11,3 сомонӣ ба 13 расида буд.
БМТ он замон тавзеҳ дода буд, ки қурби пули миллӣ бар асоси таносуби талабот ва пешниҳод ба арзи хориҷӣ дар бозори дохилӣ муқаррар мешавад. Танзимкунанда дар ҳолатҳои аз ҳад зиёд тағйирёбии қурби асъор дахолат мекунад.
Сабабҳои асосии болоравии қурби долларро ин ниҳод афзоиши тақозо, коҳиши пешниҳод дар бозори байнибонкӣ, афзоиши талабот ба асъори хориҷӣ аз ҷониби воридкунандагони маҳсулоти ниёзи аввалия, инчунин коҳиши воридоти пули муҳоҷирон ва тавозуни манфии савдои кишвар унвон карда буд.
Лентаи хабарҳо
0